§ 11.4. МУНОСИБАТИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МАҚОМОТИ СУДӢ ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми олии ҳокимияти иҷроия бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла Парламент ва мақомоти судӣ робитаи зичи ҳамкорӣ дорад. Алоқаи Ҳукумат бо Маҷлиси Олӣ дар он ифода меёбад, ки Ҳукумат мувофиқи Конститутсия дар фаъолияти қонунгузорӣ иштирок мекунад, яъне аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бархӯрдор аст. Ин ҳуқуқ дар чунин шаклҳо амалӣ мешавад: якум, пешниҳоди лоиҳаи қонунҳои нав; дуюм, лоиҳаи қонунҳо дар бораи тағйир додан ё бекор кардани қонунҳои ҷорӣ; сеюм, пешниҳоди хаттӣ дар бораи қабул кардани қонунҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дохил намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро таклифи қонунгузорӣ низ меноманд.

Инчунин аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷаласаҳои алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, кумитаҳо ва комиссияҳои онҳо иштирок кунанд ва суханронӣ намоянд.

Муносибати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Миёни ин ду шохаи ҳокимият аз нигоҳи талаботи давлати демократӣ набояд ҳеҷ гуна дахолат ва таъсиррасонӣ вуҷуд дошта бошад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ низ танҳо дар асоси қонунҳо бо Ҳукумат ҳамкорӣ мекунанд. Бояд гуфт, ки дар тули 34 соли Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пояҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шудаанд ва чунонки воқеияти имрӯзаи иҷтимоию сиёсии кишварамон гувоҳӣ медиҳад, инкишофи озодонаи ҳар гуна иттиҳодияҳои шаҳрвандон, муассисаҳои ғайриҳукуматӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои касбӣ ва ассотсиатсияҳо танҳо ба манфиати пешрафти мамлакат хизмат мекунад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи комил доранд, ки дар асоси қонун ба фаъолияти Ҳукумат таъсир расонида, ба ислоҳи камбудиву норасоиҳои фаъолияти он мусоидат кунанд. Ин гуна ҳамкорӣ дар шакли пешниҳодоти гуногун ба мақомоти ҳокимияти иҷроия сурат мегирад.

Савол ва супориш:

  1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом шохаи ҳоки-мияти давлатӣ дохил мешавад?
  2. Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро кадом мақомот ҳуқуқи таъин кардан доранд?
  3. Ваколатҳои Ҳукуматро тибқи Конститутсия номбар намоед.
  4. Мувофиқи қонун аъзои Ҳукумат кадом амалҳоро иҷро карда наметавонанд?
  5. Сохтори Ҳукумат чӣ гуна аст?
  6. Нақши Раёсати Ҳукумат дар сохтори Ҳукумат чӣ тавр аст?
  7. Ваколатҳои Сарвазирро номбар намоед.
  8. Фаъолияти Хукуматро ғайр аз Конститутсия боз кадом қонун ба танзим медарорад?
  9. Салоҳияти Ҳукумат кадом соҳаҳои ҳаёти кишварро фаро мегирад?
  10. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумат чӣ гуна сурат мегирад?
  11. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат кадом аст?
  12. Санадҳои Ҳукуматро номбар кунед.
  13. Муносибати Ҳукуматро бо дигар шохаҳои ҳокимият шарҳ диҳед.

БОБИ 12. ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Реклама