Мувофиқи банди 10 моддаи 69 Конститутсия Президент Дастгоҳи иҷроияи худро таъсис медиҳад. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Дастгоҳи иҷроияи Президентро Низомномаи махсус ташкил додааст.
Дастгоҳи иҷроияи Президент ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дахл дорад, зеро Президент дар як вақт Раи- си Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мебошад.
Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президент дархосту пешниҳодҳоро доир ба нақшаи корӣ ҷамъбаст ва мувофиқа намуда, онро ба тасдиқи Ҳукумат пешниҳод мекунад. Мувофиқи Низомнома Дастгоҳи иҷроияи Президент масъалаҳоро ба воситаи Раёсати Ҳукумат ба баррасии маҷлиси Ҳукумат пешниҳод мекунад.
Раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат, ки ба муҳокимаи Ҳукумат пешниҳод мешаванд, маълумотнома тайёр мекунад, ки дар он сабабҳои таҳия шудани лоиҳа, доираи масъалаҳо, бо кадом вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқа шудани он зикр карда мешаванд. Лоиҳаи қарорҳои Ҳукумат бо ҳама раёсату шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президент мувофиқа карда мешаванд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва муовинони ӯ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои он иштирок менамоянд. Қарорҳои Ҳукумат дар «Маҷмуи қарорҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашр карда мешаванд.
Реклама