§ 2.2.ҶОМЕАИ МАДАНӢ ВА ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД

Ҷомеаи маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёд бо ҳамдигар алоқамандии зич доранд. Давлати ҳуқуқбунёдро дар он ҷое барпо намудан мумкин аст, ки дар он ҷой ҷомеаи шаҳрвандии инкишофёфта ва пурқувват мавҷуд бошад. Ҷомеаи маданӣ соҳаи нисбатан мустақили новобаста аз давлат ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун, иттиҳодияҳои фарҳангӣ, миллӣ, динӣ, ҳудудӣ ва хислати дигар доштаи ифодакунандаи манфиатҳои мухталифи одамон амал менамоянд. Ҷомеаи маданӣ чунин ҷамъиятест, ки дар он қонуни ҳуқуқӣ ҳукмрон буда, устувории озодии шахс, ҳуқуқ, шаъну шараф, қадру қимати он, инчунин ҷавобгарии тарафайни шахс ва давлат амал менамояд. Мафҳуми «ҷомеаи маданӣ» имкон медиҳад, ки соҳаи сиёсӣ ва ғайрисиёсии ҳаёти ҷамъиятӣ фарқ карда шуда, мафҳумҳои давлат ва ҷамъият аз ҳамдигар ҷудо карда шаванд.

Ҷомеа аз организми мураккабе иборат аст, ки дар он одамони дорои манфиатҳои гуногун, талабот, хислатҳои гуногун ҳамкорӣ менамоянд. Ҳамзамон бо ин, одамон бо ҳамдигар дар робитаҳои фарҳангӣ, тиҷоратӣ, манзилӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғайра қарор доранд. Ба низоми ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба ғайр аз муносибатҳои сиёсӣ, муносибатҳои иқтисодӣ, нажодӣ, маънавӣ, иттилоотӣ, оилавӣ ва ғайраҳо дохил мешаванд, ки новобаста ба давлат вуҷуд доранд ва инкишоф меёбанд. Албатта, ҷамъият ва давлатро пурра аз ҳамдигар ҷудо кардан номумкин аст, зеро давлат маҳсули инкишофи ҷомеа ва шакли мавҷудияти он мебошад. Ҷудо намудани ҷомеаи маданӣ аз давлат маънои онро дорад, ки соҳаи ҳаёти ҷамъиятие вуҷуд дорад, ки дар тобеият ва назорати давлат намебошад. Яъне, давлат набояд ба ҳаёти хусусии одамон дахолат намояд.

Дар баробари ин, инсон дар ҷомеаи маданӣ унсури асосӣ аст, вале вай наметавонад талаботи худро дар алоҳидагӣ ё ҷудо аз одамони дигар қонеъ гардонад. Он чӣ ки ба муносибати байни шахс ва давлат тааллуқ дорад, ин пеш аз ҳама дар иҷрои уҳдадориҳои шахс дар назди давлат, хусусан уҳдадории шахс оид ба итоат намудан ба қонун ва супоридани андоз ифода меёбад. Агар шахс уҳдадориҳои худро дар назди давлат софдилона иҷро намояд, он гоҳ дар дигар мавридҳо ҳаёти шахсии инсон бояд барои давлат фарқ надошта бошад ва давлат ҳақ надорад, ки ба он дахолат намояд.

Давлат бояд ба ҷомеаи маданӣ ва манфиати он хизмат карда, бо ҳамин манфиати умумии ҷамъиятро ифода намояд. Рушди нопурраи ҷомеаи маданӣ мумкин аст шароитеро муҳайё созад, ки боиси фурӯ бурдани ҷомеаи маданӣ аз тарафи давлат ё муқобил гузоштани он ба ҷамъият ва манфиати худро бо зӯрӣ ба ҷамъият бор кардан гардад. Барои ҳамин, на ҳама гуна ҷомеа ҷомеаи маданӣ мебошад. Нишонаи асосии ҷомеаи маданӣ ҷамъияти дорои муносибатҳои иқтисодии инкишофёфта будани он мебошад. Дар чунин ҷамъият шахс аз моликият ҷудо набуда, баръакс, имкон дорад, ки ҳама гуна шакли моликиятро интихоб намояд, ҳақ дорад натиҷаи меҳнат ва қобилияти худро ба меҳнат озодона ихтиёрдорӣ кунад. Салоҳияти давлат дар чунин ҷомеа барпо намудани шароити муътадил барои ташаббуснокӣ ва инкишофи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи моликият, таъмини рақобати озод, мубориза бар зиддӣ ҷинояткорӣ ва муҳофизати тартибот мебошад.

Нишонаи дигари ҷомеаи маданӣ эътирофи ҳукуқ ва озодиҳои табиии инсон ва ҳифзи самараноки он мебошад.

Нишонаи сеюми ҷомеаи маданӣ набудани монополизми идеологӣ дар ҷамъият мебошад. Дар чунин ҷамъият фикр, нуқтаи назар, ақида, мулоҳиза ва мафкураи гуногун раво мебошад. Ҷомеаи шаҳрвандӣ доираи гузаронидани фаъолияти гуногуни сиёсии ташкилотҳо, институтҳо ва иттиҳодияҳоро муайян менамояд. Он ғояҳои пешқадам ва инсондӯстонаро пеш бурда, тарзҳои демократии идоракунии корҳои ҷамъия- тиро истифода мебарад.

Хусусияти фарқкунандаи ҷомеаи маданӣ ошкоро ва худидора будани корҳои шахсӣ мебошад. Ошкоро будан, аз ҷумла озодона ворид шудан ба ҳамаи манбаъҳои иттилоот (ба ғайр аз сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ), ошкоро гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳое, ки ба ҳаёти ҷамъиятӣ вобастаанд, озодии сухан, матбуот, танқид, озодии робитаҳо бо созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷиро дар назар дорад.

Ҳамин тавр, ҷомеаи маданӣ ҷамъияти ҳуқуқӣ, демок- ратӣ, инсондӯст ва сулҳдӯстона буда, дар он барои ҳеҷ гуна зӯрӣ нисбат ба шахсият ҷой нест, баръакс, дар он адолат, баробарӣ ва озодии пурра ҳукмрон аст.

Савол ва супориш:

  1. Моҳияти давлати ҳуқуқбунёд аз чӣ иборат аст?
  2. Нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёдро номбар кунед. 3. Бартарии ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд чӣ маънӣ дорад?
  3. Волоияти қонун чист?
  4. Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар чӣ ифода меёбад?
  5. Масъулияти тарафайни давлат ва шахсро фаҳмонда диҳед.
  6. Моҳияти таҷзияи ҳокимиятро ба мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ баён намоед.
  7. Ҷомеаи маданӣ чист?
  8. Фарқи давлат аз ҷомеаи маданӣ дар чист?
  9. Нишонаҳои ҷомеаи маданиро номбар намоед.

Реклама