§ 7.2. ТАҲИЯ, МУҲОКИМА ВА ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон барои рушди заминаҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он пурра аз нав такмил додани қонунгузории кишвар ба миён омад.

Зарурат ва аҳаммияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди давлатдории миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи худ ба халқи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид намуда, иброз доштанд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав – давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст».

Бояд гуфт, ки таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асл баъди Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардида, ҳамчун натиҷаи татбиқи қарорҳои таърихии он сурат гирифта буд.

Тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар маҷлиси ботантана бахшида ба 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2012 иброз доштанд: «Иҷлосия дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод ва барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт. Зеро акнун роҳ ба сӯйи сохтмони давлати демократӣ, ягона, ҳуқуқбунёду дунявӣ муайян гардида, барои таъмини пурраи кафолатҳо ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон шароити мусоид муҳайё гардида буд».

Дар Иҷлосияи XVII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.

Ҳайати комиссия, бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар, барои ҳарчи зудтар таҳия намудани Конститутсия ва дар он ба инобат гирифтани арзишҳои пазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили муҳимтарин принсипҳои демократӣ ва кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар муддати начандон тулонӣ корҳои назаррасро анҷом дод.

Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия, пеш ҳама, меъёрҳое мадди назар гирифта шуданд, ки тавонанд дар вазъи мураккаби ҷумҳурӣ манфиатҳои миллии ҷомеаи навини Тоҷикистонро инъикос намуда, Истиқлоли давлатиро ҳукми конститутсионӣ бахшанд, якпорчагӣ ва тамомияти арзии кишварро таъмин намоянд ва дар қатори дигар масъалаҳои муҳим, барои ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мус- тақил ва субъекти комилҳуқуқ ворид гардидани Тоҷикистон мусоидат намоянд.

Аз ҷониби гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҳар як пешниҳод аз лиҳози назария ва амалияи татбиқ ҷавобгӯ будан ба манфиатҳои миллӣ, таъмини иҷрои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини соҳибихтиёрии воқеӣ ва пешрафти ҷомеа мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода мешуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор хусусиятҳои аввалиндараҷаи Конститутсияи нави Тоҷикистонро муайян намуда, пешниҳодҳои муфид карданд, ки онҳо аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи корӣ ба асос гирифта шуданд, аз ҷумла се ақидаи аввалиндараҷа, ки асоси фаъолияти Комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кории он гардиданд: якум, «Қонуни асосӣ моҳиятан ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад. Дар айни замон Қонуни асосӣ умдатарин санади сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангию ахлоқӣ буда, бурду бохти кишварро дар заминаи рушди миллӣ ва идеалҳои ҷомеа инъикос мекунад»; дуюм, «Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқиест, ки иштироки бевоситаи мардумро дар интихоби шакли ҳокимияти сиёсӣ, таъсис додану рӯйи кор овардани мақомоти олии давлатӣ ва ҳам масъулияти онро дар назди халқ ба чаҳорчӯбаи қонун медарорад»; сеюм, «Қонуни асосӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвадро низ муайян намуда, доираи татбиқи онро танзим мекунад».

Андешаи қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии кишвари мо аҳаммияти муҳимми фарҳангӣ дошт. Ин андеша собит менамояд, ки конститутсияи ҳар як давлат хусусияти миллӣ дошта,

  • якум, бо дарназардошти шароити миллӣ қабул меша-вад;
  • дуюм, барои ифода ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ му-соидат мекунад;
  • сеюм, барои амалӣ гардидани меъёрҳои конститутси-онӣ дар шароити мушаххаси таърихӣ ёрӣ мекунад.

Дар арафаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун консепсияи нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ин консепсияи давлати тозабунёди Тоҷикистон бо дарназардошти шароити мушаххаси иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷомеаи мо пешниҳод шуда, ҳамзамон бунёди давлати миллии демократии ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар шароити Тоҷикистон дар назар дорад. Консепсияи давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ, ки то ба имрӯз амалӣ мешавад, аз як тараф арзишҳои умумипазируфтаи ҷомеаи ҷаҳонро пурра инъикос мекунад ва аз тарафи дигар, шакли ифодаи манфиатҳои миллиамон мебошад.

Дар баробари консепсияи давлати демократии ҳуқуқ- бунёд ва дунявӣ, ҳамчунин консепсияи давлати иҷтимоӣ пешниҳод гардид. Таҷрибаи конститутсионии ҷаҳонӣ собит менамояд, ки давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар айни замон моҳияти иҷтимоӣ дорад ва дар ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ талош меварзад. Аз ин хотир, дар конститутсияи давлатҳои демократӣ ғояи давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ, одатан, дар бахши аввали конститутсия сабт мешавад. Бо дарназардошти ҳамин таҷрибаи ҷаҳонӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVIII Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: «Мақомоти давлатӣ умедвор аст, ки консепсияи чунин давлат, ки онро мо идеали иҷтимоиямон медонем, дар бахшҳои аввали Конститутсияи нави Тоҷикис- тон ҷой хоҳад гирифт».

Бо дарки аҳаммияти масъалае, ки принсипҳои конститутсионӣ бояд дар зеҳну шуури инсон маърифати баланди ҳуқуқиро оид ба эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ба миён оранд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсия ҳамеша ба масъалаҳои дар матни он ба таври дақиқ инъикос ёфтани функсияҳои худи Конститутсия, аз қабили функсияҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва инсондӯстӣ аҳаммияти хосса зоҳир мекарданд. Зеро назария ва амалияи татбиқи Конститутсия собит сохтааст, ки танҳо бо амалишавии функсияҳои номбаршудаи Қонуни асосӣ ҳадафҳои аслии он ба воқеият мубаддал мегарданд.

Дигар масъалаи муҳим, ки зимни таҳияи Конститутсия аз ҷониби гурӯҳи корӣ пайгирӣ мешуд, тарғибу ташвиқи васеи меъёрҳо, фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Қонуни асосӣ ба аҳолии кишвар ва дарки афзалияти он дар фазои ҳуқуқии кишвар аз ҷониби ҳамагон мебошад.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи меъёрҳои лоиҳаи Конститутсия дар як муддати кӯтоҳ корҳои зиёде ба сомон расонида шуда, аз ҷумла бо ҷалби ҳуқуқшиносон, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ барномаҳои телевизионӣ доир гардида, барои фаҳмондадиҳии меъёрҳои Конститутсия бо аҳолии кишвар мулоқоту вохӯриҳои зиёд анҷом дода шуданд.

Ҳамчунин лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умум пешниҳод шуда, аз ҷониби аҳолии кишвар ба он зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу дархост пешниҳод гардида, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XIX Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми июли соли 1994 зикр гардидааст: «Дар тули зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шурои Олӣ ворид шуд». Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро халқӣ номида, аз ҷумла иброз доштанд, ки «онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд».

Ҳамин тавр, баъд аз муҳокимаҳои тулонӣ, Комиссияи конститутсионӣ бо дарки масъулияти таърихии хеш ва таҳлили воқеият лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раъйпурсии умумихалқӣ тавсия намуд.

20-уми июли соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Аз ҷумла, дар моддаи 1 ин Қонун, ки мақоми қонуни конститутсиониро дошт, пешбинӣ гардида буд, ки лоиҳаи нави Конститутсия бо дарназардошти натиҷаи муҳокимаи мардумӣ маъқул дониста шуда, ба раъйпурсии умумихалқӣ (референдум) пешниҳод карда шавад.

Ҳамин тавр, 6-уми ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Натиҷаи раъйпурсии умумихалқӣ чунин буд, ки 87 дарсади иштироккунандагон лоиҳаро дастгирӣ намуданд.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи нав дар таърихи давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим ва сарнавиштсози таърихи навини тоҷикон буда, ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ гузошт. Аз ин хотир, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун санади тақдирсоз ва шиносномаи миллат аҳаммияти таърихии худро дар тули садсолаҳо нигоҳ хоҳад дошт.

Бо қабули Конститутсияи давлати навини Тоҷикистон танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки бояд дар шароити нави бунёди давлати ҳуқуқбунёд мушаххас ва муайян карда мешуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Дар Конститутсия ғояҳои пешқадами миллӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва усулҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, таъмини пурраи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсиву идеологӣ таҷассуми худро пайдо намуданд.

Конститутсия барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни рушди ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошта, дар заминаи он рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

Қабули Конститутсия дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ба шумор рафта, дар пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши пурарзиш дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид.

Хусусияти муҳимми Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он аз як тараф Қонуни асосии давлат ба ҳисоб меравад ва аз тарафи дигар Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд.

Аҳаммияти таърихии Конститутсия аз он иборат аст, ки ин ҳуҷҷати сатҳи олӣ давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, пули миллӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.

Дар он асосҳои пешрафти давлати муосир, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, фаъолияти озоди иқтисодӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардидаанд.

Бо қабули Конститутсия дар як муддати кӯтоҳ тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, дар он вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеа дар шароити муосир инъикос гардид.

Дар заминаи Конститутсия дар Тоҷикистон ислоҳоти ҳуқуқӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми талаботи объективии рушди ҷомеа идома ёфта, нахустин санадҳои танзимкунандаи муносибатҳои вобаста ба ташаккулёбии рукнҳои давлатдорӣ, фаъол намудан ва таҳкими сохтори ҳокимияти давлатӣ қабул гардидаанд, мақоми нави ҳокимияти давлатии ҷавобгӯ ба талаботи замон ва ҷомеа таъсис дода шуд.

Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.

Солҳои 1999, 2003 ва 2016 бинобар зарурати таърихӣ, ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рушди низоми ҳуқуқи миллӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои ин ҳуҷҷати ҳуқуқиро такмил дода, барои рушди минбаъдаи Тоҷикистони озоду демократӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, таъмини амнияти давлат, тақвияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегӣ, пешрафти муносибатҳои ҷамъиятӣ ва амалишавии дигар тадбирҳои созанда барои таҳкими ҷомеаи навини кишвар имконоти мусоид фароҳам овардаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дорои нишона ва хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои эъмори давлати муосири демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, дар илми муосири ҳуқуқ ҷузъи таркибии қонунҳои сатҳи олӣ эътироф гардидаанд, аз ҷумла:

  • якум, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҳуқуқҳои табиии инсон маншаъ гирифта, бо кафолати давлатӣ таъмин карда мешаванд. Давлати Тоҷикистон мустаҳкам ва дахлнопазир будани ин ҳуқуқу озодиҳо ва масъулияти давлатро барои риоя ва ҳифзи онҳо эътироф менамояд;
  • дуюм, мустақилияти судҳо ҳамчун механизми асо-сии кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд. Танҳо суди мустақил метавонад ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз дахолати дигарон самаранок ҳифз намояд;
  • сеюм, волоияти Конститутсия нисбат ба ҳамаи са-надҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Ягон қонун ё дигар санад, аз ҷумла санади байналмилалӣ наметавонад Конститутсияро ислоҳ ё пурра намояд, ё ин ки ба он мухолифат дошта бошад. Конститутсия якҷо бо ҳуқуқи табиӣ асоси низоми ҳуқуқиро ташкил дода, барои ба миён овардани тартиботе, ки дар он қонун ва ҳуқуқ ба ҳам мувофиқ мебошанд, равона мегардад;
  • чорум, афзалияти санадҳои байналмилалӣ. Ин хусу-сияти давлати ҳуқуқбунёд барои ба ҷаҳони муосир ворид шудани Тоҷикистон нигаронида шуда, қонунгузории миллӣ дар заминаи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ ва тавассути рушди демокративу иҷтимоии давлат, ки аз сандаҳои байналмилалӣ сарчашма мегирад, таъмин карда мешавад.

Ҳамин тавр, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон дар таърихи давраи истиқлоли Тоҷикистон ҳамчун дас- товарди бузурги халқ дар роҳи давлатсозиву давлатдории навин ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ сабт гардидааст.

Реклама