Мувофиқи қисми 1 моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Аз рӯйи таълимоте, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ, махсусан назарияи давлат ва ҳуқуқ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ намояндаи олии давлат ба шумор меравад. Дар амалияи сиёсати ҷаҳонӣ ду навъи сарвари давлат вуҷуд дорад – яке президент (раиси ҷумҳурӣ) ва дигаре монарх (шоҳ, султон, амир ва ғайра). Мансаби президент танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ (республикавӣ) арзи вуҷуд дошта метавонад. Дар давлатҳои сохти ҷумҳуриявӣ президентро кулли шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ, инчунин аъзои парламент ва дар баъзе давлатҳо (масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) коллегияи интихобкунандагон бо роҳи овоздиҳӣ интихоб менамоянд. Монарх дар давлатҳое, ки сохти мутлақият доранд, бо роҳи махсус, яъне бо роҳи ба мерос гирифтан таъин мегардад ва муҳлати роҳбарии ӯ маҳдуд нест.
Бояд гуфт, ки ягон ҳодисаву падидаи сиёсӣ бе асоси қонунӣ инкишоф ёфта наметавонад. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерини ҳуқуқӣ буданд:
Эъломияи истиқлоли ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990.
Қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон».
Изҳороти Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991».
Мазмуни асосии санадҳои зикршуда аз он иборат буд, ки ҳокимияти давлатӣ аз ин пас мебоист ба воситаи се шохаи ҳокимият – қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешуд. Аммо ин гуна тақсими ҳокимият бе мансаби президент имкон надошт. Ҳамин тавр, 29-уми ноябри соли 1990 Қонуни ҶТ «Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ» қабул шуд. Дар ин қонун сабабҳои таъсиси ин мансаб шарҳ дода шудаанд. Инҳо, пеш аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиату амнияти шаҳрвандон, устувор сохтани сохти конститутсионӣ ва вусъат додани ҷараёни дигаргуниҳои сиёсиву иқтисодӣ буданд.
Ғайр аз ин, дар қонуни мазкур мушаххас шуд, ки ба ин мансаб шахси синнаш аз 35 боло интихоб шуда метавонад. Президент бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои Олӣ ва аз ҳисоби вакилони халқ ба муҳлати салоҳияти ин Шуро интихоб карда мешавад. Дар сурати тарафдории аз се ду ҳиссаи вакилони халқ, Президент аз вазифа сабукдӯш карда мешавад. Ҳамин тариқ, бори аввал 30-юми ноябри соли 1990 Қаҳҳор Маҳкамов дар интихоботи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.
Мувофиқи Қонуни дигар аз 1 декабри соли 1990 «Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар ҶШС Тоҷикистон ва дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосии) ҶШС Тоҷикистон» вазифаи ноиби Президент таъсис дода шуд. Инчунин бо мақсади сари вақт ва бо сифати хуб иҷро кардани ваколатҳои сарвари давлат Шурои Олии Тоҷикистон Қарор «Дар бораи таъминоти хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶШС Тоҷикистон»-ро қабул кард, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳимми фаъолияти Сарвари давлат – музди кор, таъминот бо манзил ва нақлиёт, муҳофизати шахсӣ, нафақа ва ғайра равона шуда буд.
Ҳар инсон, новобаста аз вазифа, баромади иҷтимоӣ ва мавқеи дар кору зиндагӣ ишғолкардааш мувофиқи қонунҳои мамлакат ҳуқуқи ҳимояро аз ҳар гуна дахолат, туҳмат ва таҳқиру таъқиб дорад. Паст задани шаъну эътибори Президент мисли ҳар шахси дигар мумкин нест. Аз ин хотир, 29 июни соли 1991 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти ҶШС Тоҷикистон» қабул гардид, ки мувофиқи он таҳқири оммавии Президент, туҳмат кардани ӯ чи аз ҷониби шахсони алоҳида ва чи аз ҷониби воситаҳои ахбори умум, кирдори ҷиноятӣ эътироф карда шуд.
Санади дигаре, ки ба таърихи таъсис додани мансаби Президент дахл дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 сентябри соли 1991 мебошад.
Мувофиқи ин қонун муқаррар карда шуд, ки ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 боло буда, 10 соли охир дар кишвар зиндагӣ карда аст, метавонад барои интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии худро пешбарӣ намояд. Як шахс пайиҳам бештар аз ду муҳлат Президент шуда наметавонад.
Тибқи ҳамин Қонун 24-уми ноябри соли 1991 якумин интихоботи умумӣ барои интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар ин интихобот Раҳмон Набиев дувумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардид. Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 1992 қонуни дигар қабул намуд, ки мувофиқи он ҳамаи меъёрҳои конститутсионӣ роҷеъ ба ҳокимияти Президент бекор карда шуд. Ваколату салоҳияти Президент ба Шурои Олӣ ва Шурои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шуданд. Баъди асосан ба анҷом расидани кашмакашиҳои дохилӣ 20-уми июли соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид ва масъалаи аз нав таъсис додани мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуни асосии қонуни навро ташкил намуд.
Ҳамин тавр, 21-уми июли соли 1994 Қонуни дигар «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд ва дар асоси он 6-уми ноябри ҳамон сол дар ҳаёти кишвари мо ҳодисаи воқеан таърихӣ ба амал омад. Ҳамзамон бо интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сеюмин Сарвари давлат аст, ки бо роҳи интихоботи умумӣ ба боварии халқи Тоҷикистон сазовор шуд.
Ҳамаи воқеаҳое, ки дар боло номбар кардем, давраи аввали ислоҳоти сиёсиву ҳуқуқиро ташкил медиҳанд. Давраи дуюми ин ислоҳот ба оғози марҳалаи сулҳу суботи умумӣ ва ризояти миллӣ рост меояд. Сухан дар бораи он меравад, ки ҳарчанд соли 1997 миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис- тон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида буд, вале то соли 1999 ҳанӯз масъалаҳои ҳалношуда боқӣ монда буданд. Бо роҳи қонунӣ ҳал нашудани ин масъалаҳо боиси сар задани муноқишаҳои нав ва халалдор гардидани комёбиҳои сулҳи тоҷикон мегардид. Маҳз бо ташаббуси Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои омодагӣ ба раъйпурсии умумихалқӣ оид ба дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд. Баробари дохил намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия, шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботии Тоҷикистон дафъаи дуюм Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.
Ислоҳоти конститутсионӣ баъди ин боз ҳам идома ёфт, зеро худи ҳаёт тақозо мекард, ки ҷараёни демократикунонӣ тезонида шавад ва ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ пеш равад. Аз ин сабаб, 22-юми июни соли 2003 оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуд. Мувофиқи натиҷаҳои ин раъйпурсӣ акнун шаҳрвандони кишвар Сарвари худро ба муҳлати 7 сол интихоб мекунанд ва як шахс пайиҳам беш аз ду муҳлат ба мансаби Президент интихоб шуда наметавонад.
Тағйиротҳои солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия воридгардида меъёрҳои Конститутсияро боз ҳам мукаммал намуда, тибқи онҳо ҷомеа ба марҳалаи навбатии инкишофи худ ворид гардид.
Зарурат пеш омад, ки ин меъёрҳои Конститутсия бо дарназардошти инкишофи минбаъдаи ҷомеа боз ҳам такмил дода шаванд, то ки мо ба марҳалаи навбатии рушди демок- ратия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон комёб шавем. Бо ин мақсад 22-уми майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ гузаронида шуда, ба якчанд меъёрҳои Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки фарогири чунин масъалаҳои муҳим буданд: рушди устувору босуботи ҷомеа; рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояи ҳифзи онҳо; таҳкиму такмили асос- ҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкориҳои байниҳамдигарии онҳо; бо дарназардошти рушди забони давлатӣ, ба инобат гирифтани қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ; ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ.
Тибқи натиҷаҳои раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли 2016 баргузор гардид, шахсе ба номзадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад ва синни ӯ аз 30 кам набошад. Ин талабот аз муҳим будани мансаби Президент барои ҷомеа ва давлат, инчунин ба амнияти давлат вобаста аст. Синну соли шаҳрвандоне, ки ба вазифаҳои муҳим ва масъули давлатӣ пешниҳод мешаванд, дар Конститутсия якхела, яъне синни 30 пешбинӣ мешавад (узви Маҷлиси миллӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоятҳо, шаҳри Душанбе). Аз ин рӯ синну соли номзад ба Президент низ аз 35 ба 30 поён фуроварда шудааст.
Ҳамчунин, ба моддаи 65 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми панҷум илова шудааст, ки тибқи он маҳдудияти ба вазифаи Президент бештар аз ду муҳлат пайдарпай интихоб шудан наметавонад нисбат ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат татбиқ гардад. Ин тағйирот ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин ҳуқуқро медиҳад. Истифода бурдан ё набурдан аз он танҳо ҳуқуқи ин шахсият мебошад. Чунин таҷриба дар баъзе давлатҳои дигар, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Қазоқистон низ мавҷуд аст. Дар ин қисми модда ҳамчунин илова шудааст, ки вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат- ро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» 14-уми ноябри соли 2016 дар таҳрири нав қабул шудааст, ки аз 19 модда иборат буда, он вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, ӯро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофарини тоҷик, кафили пойдориву бардавомии давлати мустақили Тоҷикистон эътироф кардааст. Чунин эътирофу эҳтиром ва қадрдонӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба маънои он аст, ки ӯ шахсияти умумиэътирофшудаи таърихии миллат, ифодагари ормону орзуҳои насли гузашта, имрӯза ва ояндаи миллати тоҷик буда, барои Ватан ва Миллат хизматҳои беназир ва таърихӣ кардааст. Бинобар ин, шахсияти таърихӣ бояд имкони идомаи корҳои оғознамудаи тақдирсози худро дар оянда низ дошта бошад ва миллату ватанро ба қуллаҳои мурод расонад.
Бояд қайд намуд, ки ҷумҳуриҳо президентӣ, парламентӣ ва омехта (президентӣ – парламентӣ ё парламентӣ — президентӣ) мешаванд. Ин хусусияти ҷумҳуриҳо, маъмулан, дар конститутсияи онҳо дарҷ карда мешавад. Масалан, чунин меъёр дар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Конститутсияҳои Қазоқистон ва Туркманистон дарҷ гардидааст. Меъёри номбурда ифодакунандаи воқеии идоракунии давлатӣ буда, мазмуни конститутсияро комил мегардонад. Тоҷикистон низ ҷумҳурии президентӣ буда, Президент дар низоми мақомоти олии давлатӣ нақши асосӣ ва ҳалкунанда дорад ва ин меъёри конститутсионӣ, яъне шакли идоракунии президентӣ аввалин маротиба пас аз тағйиру иловаҳои охирин дар Конститутсия дарҷи худро ёфтааст.
Тавре ки мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон тулонӣ набошад ҳам, аммо мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дорад. Воқеияти 34 соли Истиқлоли давлатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар хусуси мансаби Президент барои расидан ба натиҷаҳои хеле назаррас имкон фароҳам овард.
Аввалан, маҳз тавассути ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу субот ва ризояти миллӣ дар саросари мамлакат барқарор гашт. Дувум, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъият – иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва умуман ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, дигаргуниҳои азиме рух доданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ мебинем ва эҳсос мекунем.
Реклама