§ 10.5. CАНАДҲОИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МАСЪАЛАҲОИ ТАЪМИНОТУ ҲИМОЯИ Ӯ

Мувофиқи моддаи 70 Конститутсия Президент дар доираи салоҳияти худ фармон ва амр медиҳад. Ин санадҳои Президент дар тамоми қаламрави Тоҷикистон эътибори ҳатмӣ доранд. Дар асоси бандҳои 3 ва 5 моддаи 55 ва банди 10 моддаи 57 Конститутсия як қисми фармонҳои Президент ба тасдиқи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда мешаванд.

Фармони Президент санади зерқонунӣ буда, бояд бо Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат дошта бошад. Дар асоси банди якуми кисми чоруми моддаи 89 Конститутсия мувофиқат доштани санадҳои ҳуқуқии Президентро ба Конститутсия Суди конститутсионӣ муайян менамояд. Қарор ва хулосаи Суди конститутсионӣ дар хусуси бо Қонуни асосӣ мувофиқ набудани санади Президент амали онро бозмедорад ё бекор мекунад.

Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои хусусияти меъёрии ҳуқуқӣ доштаи Президент қувваи хеле баланди ҳуқуқӣ доранд. Фармону амрҳои Президент барои Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳатмӣ буда, таъмини иҷрои қатъии онҳо вазифаи ҳокимияти иҷроия мебошад. Дар ин хусус ҳам дар Конститутсия, ҳам дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва баъзе санадҳои дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ мавҷуданд.

Президент шахси олии мансабдори давлатӣ буда, барои иҷрои ваколатҳояш ба таъминоти махсус ва чораҳои махсуси ҳимоя эҳтиёҷ дорад. Ҳамаи ин масъалаҳо, яъне масъалаҳои дахлнопазирӣ, вақт ва музди кор, таъминот бо манзил, нақлиёт, муолиҷаи тиббӣ ва санаторӣ, нафақа, амнияти шахсӣ ва аҳли оила дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд.

Ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи Президент таҳти ҳимояи қонун қарор дорад. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президент суиқасд мекунанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ, шаҳрвандӣ ва ҷиноӣ кашида мешаванд.

Дар ин қонун давомнокии умумии вақти кор, муддати рухсатии кории ҳарсола ва музди кори Президент муайян шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати иҷрои ваколаташ бо қароргоҳи давлатӣ, бӯстонсарои давлатӣ ва бинои истиқоматии хизматӣ таъмин карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ба охир расидани ваколаташ ройгон бо манзили истиқоматии шахсӣ таъмин карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколатҳояш бо нақлиёти автомобилӣ, тайёра, чархбол ва дигар навъҳои нақлиёт таъмин карда мешавад ва аъзои оилаи ӯ низ ҳуқуқи бепул истифода бурданро аз тамоми навъҳои нақлиёт доранд.

Президент ба таъминоти бепули тиббӣ ва муолиҷаи ҳарсолаи санаторию курортӣ низ ҳуқуқ дорад. Ӯ дар давраи ваколати худ ва баъди як соли анҷоми он бо суғуртаи махсуси ҳатмии давлатӣ фаро гирифта мешавад.

Президент сарфи назар аз синну сол ҳангоми ба охир расидани муҳлати ваколаташ ба таъмини нафақа, ки онро Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷоя таъин менамоянд, ҳуқуқ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи ӯ таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Шахсоне, ки ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ ва шаъну шарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суиқасд мекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои ваколаташ дар ҷойи зисти доимӣ ва будубоши муваққатӣ аз ҷониби мақомоти давлатии амнияти миллӣ таъмин карда мешавад. Дар давраи иҷрои ваколати президентӣ амнияти аъзои оилаи Президент таъмин карда мешавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи иҷрои ваколаташ ҳуқуқ надорад, ки аз таъмини амнияти давлатӣ даст кашад. Пас аз қатъи ваколати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти вай якумра таъмин карда мешавад.

Маблағгузории тадбирҳо вобаста ба таъминот, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президент ва дигар хароҷот барои мақсадҳои намояндагӣ дар дохили кишвар ва сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ мутобиқи меъёрҳои қабулгардидаи байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Савол ва супориш:

  1. Сабабҳои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
  2. Бори аввал дар кадом санади ҳуқуқӣ оид ба таъсиси мансаби Президент ақида баён шудааст?
  3. Аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва бо кадом роҳ таъин ё интихоб шудааст?
  4. Давраи аввал ва дуюми ислоҳоти конститутсиониро дар кишвар ҷудо намоед.
  5. Раъйпурсии охирин оид ба даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия кай сурат гирифт ва мақсади гузаронидани он аз чӣ иборат буд?
  6. Матни савганди Президентро ба фаҳмиши худатон шарҳ диҳед.
  7. Салоҳияти Президент дар кадом моддаи Конститутсия зикр шудааст?
  8. Ваколатҳои Президент дар муносибатҳои байналмилалӣ аз иҷрои кадом кору амалҳо иборат аст?
  9. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент чӣ маънӣ дорад?
  10. Дастгоҳи иҷроияи Президент чӣ гуна фаъолиятро анҷом медиҳад?
  11. Санадҳои Президент кадомҳоянд?
  12. Масъалаҳои таъминоту ҳимояи Президент дар кадом қонун пешбинӣ шудаанд?
  13. Ба фикри шумо, чаро ба Президент дар масъалаи ҳимоя ва таъминоти гуногун имтиёзҳои зиёд дода шудааст? 14. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?

Реклама