Эраҷи тилисмшикан

Дар яке аз мамлакатҳои Шарқ марди ҳунарманде буд, ки Хирадманд1 ном дошт. Вай дар Хатлон2 зиндагӣ мекард. Дере нагузашта ӯ дар ҷанги девон асир гардид ва аз вай дигар дараке нашуд. Ӯ як писар ва чор духтар дошт. Писараш дусола буд ва Эраҷ ном дошт. Аз хурдсолӣ дар вай осори шуҷоатмандӣ ва зиракӣ дида мешуд. Вақте ки ба синни ҳафтсолагӣ расид, ӯро модараш ба мактаб дод. Дар муддати як сол дар таҳсил аз ҳамдарсони худ пеш гузашт. Ҳамаи кӯдакон ӯро дӯст дошта, дар вақти истироҳат ва танаффус ба гирдаш ҷамъ шуда, дар ҳар коре аз вай ёрӣ ва мадад мехостанд. Ин бача чашмони сиёҳи ҷозибанок, сурати гандумгун ва қомати зебо дошт.

Чун ба ёздаҳсолагӣ расид, дар байни бачагони мактаб дар далерӣ, ҳушёрӣ ва зиракӣ хеле пеш гузашт.

Рӯзи иди Наврӯз3 табиат тамоми зебоиҳои худро намоиш медод, бачагон бо либосҳои шинаму зебо худро ороста, мисли гулҳои баҳорӣ шукуфта буданд. Тамоми бачагон дар боғ ба гирди Эраҷ ҷамъ омаданд. Онҳо дар як боғи зебое, ки пур аз гул буд, сайругашт ва ҳар гуна бозиҳо мекарданд.

Аввалин бозие, ки дар ин майдон сар шуд, гӯй ва ҷавгонбозӣ4 буд. Падарони бачагон барои дидани бозии онҳо омада буданд. Дар ин бозӣ Эраҷ чанд бор гӯйро аз шарикони худ бурд.

Барои тирандозӣ чандин тиру камон ҳозир карданд. Дар ин бозӣ як ангуштаринро нишона монданд ва шарт гузоштанд: ҳар кас, ки тирро аз ангуштарин гузаронад, ғолиб дониста мешавад.

Ҳар яке аз бачагон тиру камонро гирифта, ба нишон нигоҳ карда тир андохтанд. Танҳо Эраҷ ва ду нафари дигар тирро аз халқаи ангуштарин гузаронда тавонистанд.

Эраҷ гуфт:

– Ин чандон кори душвор нест, ман метавонам се тирро ба ҳам дӯзам.

Ҳама ба тарафи вай нигоҳ карданд. Эраҷ тиру камонро гирифта, пойи чапашро сутун кард ва ҷуссаашро каме ақиб гирифта, тири аввалинро ба дарахт зад, тири дуюмро ба тани тири якум ва тири сеюмро ба тани тири дуюм зад.

– Офарин, қандата зан! – гуфтанд тамошобинон.

Ҳар яке аз падарони бачагон ба писарони худ ҳадяҳо дода, пешонии писари худро бӯсиданд ва аз дасти фарзандҳояшон гирифта, ба тарафи хонаи худ рафтанд.

Эраҷ дар миёни боғ танҳо монд, касе ба вай ҳадя ҳам надоду аз пешонияш низ набӯсид ва ҳамроҳаш набурд. Ӯ бо тааҷҷуб ба атрофи худ нигоҳ мекард. Аз ин аҳвол рангаш дигаргун ва пажмурда гашт. Чашмони калонаш сурх шуданд, дар онҳо об чарх зад. Як оҳи сарде кашиду ба тарафи хонаи худ равон шуд ва дар дилаш мегуфт: «Агар ман ҳам падар медоштам, бо ин ҳунари худ аз ҳама зиёдтар навозиш медидам».

Модараш ӯро дар хона интизор буд. Эраҷ ба хона расида, ба модари худ салом дод ва дигар ҳеч чиз нагуфта, маъюсона дар гӯшае нишасту ба фикр фурӯ рафт. Модараш, ки ин ҳолро дид, аз парешонии фарзандаш ба андеша афтод ва якбора писари худро ба оғӯш кашида, пешонии ӯро бӯсид ва гуфт:

– Эраҷи азизам, ниҳоли бахтам! Чӣ шуд, ки дар ин рӯзи хуши Наврӯз, ки тамоми бачагон хурсанданд, ту ғамгину маъюс ҳастӣ ва ҳеч бо модари худат суҳбат намекунӣ? Гӯй, чӣ шуд?

– Зиёда аз ин чӣ мешуд? Модари меҳрубон, шумо ҳам агар имрӯз дар боғ мебудед ва аҳволи маро медидед, аз ман бисёртар ғамгин мешудед...

Ин гапи Эраҷ аз ҳама зиёдтар хотири модарашро парешон сохт. Модараш ӯро ба оғӯшаш кашида зорӣ кард, ки сабаби ғамгинии худро гӯяд. Эраҷ он воқеаро, ки дар боғ гузашта буд, гуфт ва ин ба модари вай ҳам сахт таъсир кард, лекин ӯ фарзандашро дилдорӣ намуда гуфт:

– Писараки азизам! Ғам нахӯр, падари ту ҳам ба наздикӣ аз сафар гашта меояд.

Эраҷ чун калимаи «падар»-ро шунид, оҳи сарде кашид ва малолангезона гуфт:

– Сафар ҳам ҳамин қадар дароз мешавад? Аз рӯзе, ки ман худро шинохтам, падарамро надидам ва шумо ҳам ҳар вақт маро бо ваъдаи «аз сафар меояд» тасалло медиҳед...

Вақти хӯроки шом шуд, ба пеши Эраҷ хӯрок монданд.

– Ман хӯрок намехӯрам – гуфт вай.

– Чаро? – пурсид модараш.

– То нагӯед, ки падарам куҷо рафтааст, чӣ гуна сафар кардаву кай меояд ва чӣ нишона дорад, ман хӯрок намехӯрам. Бояд ҳақиқати ҳолро гӯед, ки падарам зинда аст ё мурда?

Ин суоли ҷиддӣ ва мутаассиркунандаи5 Эраҷ хоҳаронашро ҳам аз хӯрок хӯрдан боздошт.

– Писари азизам! Падари ту марди ҳунарманд буд. Қомати баланд, тану бозувони тавоно, чашму абрувони сиёҳ, чеҳраи кушод дошт. Вай доимо барои озодии ҳамватанони худ бо девҳо, ки душманони мо ҳастанд, ҷанг мекард. Ҳоло чанд сол аст, ки дар қалъаи Хазар асири тилисми девҳост.

Эраҷ бо шунидани калимаи «дев» ва «тилисм» мутаҳаййир шуд ва аз модараш пурсид:

– Модарҷон! Дев ва тилисм чист?

Модараш ҷавоб дод:

– Тавре ки шунидаам, девҳо махлуқҳои бисёр бадҳайбат, хунхор, золим ва бераҳм ҳастанд. Чашмҳои калони бадҳайбат, дандонҳои дарози тез ва шох доштаанд, гӯшҳояшон монанди гӯши гов будааст. Сӯрохи бинияшон монанди қубур ва даҳонашон монанди ғор аст. Дар ҳар ҷо касеро, ки диданд, ӯро асир карда, аз заҳмати ӯ ишкамҳои калони худро сер мекунанд. Душмани осоиши халқи кишвари мо ҳастанд. Одамони осударо, чи дар хушкӣ ва чи дар об, ноосуда мекунанд. Ҷойи онҳо дар ҷазирае будааст, ки атрофи онро об печондааст. Ҳар вақт, ки аз ин ҷазира берун омаданӣ шаванд, парида ба ҳаво мебароянд ва худро монанди балоҳои осмонӣ ба хушкӣ мерасонанд.

Ин ҳикоят диққати Эраҷро боз ҳам бештар ҷалб кард ва гуфт:

– Чӣ будани девро як қадар фаҳмидам, аммо гӯед, ки тилисм чист?

– Тилисм банди нонамоёнест, ки девон бо ҷоду ва фиреб барои муҳофизати худ ва асиронашон сохтаанд. Онҳо аз санг ва оҳан қалъаҳо бино кардаанд. Ба он ҷо рафтан ва аз он ҷо баромадан, ба осонӣ муяссар намешавад.

Эраҷ дузону нишаста, дар тааҷҷуб монд ва боз аз модараш пурсид:

– Модарҷон! Оё девҳоро куштан ва он тилисмҳоро шикастан мумкин аст?

– Албатта! Падарат мегуфт, ки агар халқ иттифоқ шавад, девҳоро куштан, тилисмҳоро шикастан ва аз зулми онҳо ҳамаро абадӣ халос кардан мумкин аст. Ҳар гоҳ, ки девҳо нест карда шаванд, халқ хотирҷамъ ва осуда зиндагӣ хоҳад кард.

Ин ҷавоби охирини модар ба Эраҷ рӯҳ бахшида, дар дили ӯ умеди шикастани тилисм ва куштани девҳоро пайдо кард.

Иди Наврӯз ба охир расид, боз дарс сар шуд. Эраҷ ба дарсҳо зиёдтар аҳаммият медод. Илова бар ин, фикраш ҳамеша ба ҷанги девон банд буд. Аз он рӯз сар карда, бозиҳои вай иборат аз тирандозӣ, гуштигирӣ шуд. Кам-кам ин ҳол ба дараҷае расид, ки ҳамаи бачагонро ба камону каманд сохтан маҷбур кард. Бачагонро лашка ва худро сарлашкар тасаввур мекард. Бачагон ҳам ба раъйи ӯ мувофиқат мекарданд. Бачаҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо карда, як гурӯҳро лашкари дев ҳисоб намуда, бо онҳо ҷанг мекард. Баъзе бачаҳои бадрафторро, ки бачагони камқувватро азоб медоданд, «дев» гуфта хитоб мекард. Ҳар шаб дар хона нақшаи наве кашида, рӯз дар байни бачагон онро ба амал мебаровард.

Иди Наврӯз буд, халқ дар майдон ҷамъ омад. Эраҷ ҳам бо рафиқони худ бо як тартиби муназзами сипоҳӣ ба майдони гуштигирӣ ҳозир шуд. Гуштигирӣ сар шуд ва аз ҳар тараф карнаю нақора навохтан гирифтанд. Паҳлавонони деҳа тараф ба тараф шуда, гуштӣ мегирифтанд. Ногаҳон паҳлавони деҳаи Эраҷ ба замин афтод. Эраҷ инро дида он паҳлавони деҳаи ҳамсояро ба дев монанд кард ва «Ҳа, дев»! – гӯён беихтиёр ба майдон даромад.

Паҳлавони деҳаи ҳамсоя дид, ки як бачаи 15-16-сола ба майдон даромад, аз гуштигирӣ худдорӣ карда гуфт:

– Ту бача ҳастӣ, бо бачагон гуштӣ гир!

Ин гапи вай ба Эраҷ сахт расид ва ӯ гуфт:

– Ба хурдсолиям нигоҳ накунеду ҳунаратонро нишон диҳед!

Инро гуфту бо дасти рости худ дасти паҳлавонро гирифта чунон ба тарафи худ кашид, ки вай аз Эраҷ ду-се қадам гузашта рафт. Паҳлавон ҷиддӣ будани гуштиро фаҳмида ба Эраҷ даровехт. Эраҷ аз гиребони паҳлавон гирифта, ӯро ба тарафи худ сахт кашида, ба замин зад. Аз ҳар тараф садои кафкӯбӣ ва сурнаю карнай баланд шуд. Сардори деҳа ва чандин одамони дигар ба вай инъомҳо (ҳадяҳо) доданд. Эраҷ он инъомҳоро ба сурнайчиён бахшид.

Он рӯз Эраҷ дар аспдавонӣ ва тирандозӣ ҳам ҷойи якумро гирифт. Дар охири маърака аз тарафи сардори деҳа ба Эраҷ аспи гулибодом инъом шуд. Ҳама ба хонаҳои худ баргаштанд. Аз ҳамон рӯз номи Эраҷ машҳур шуд.

Иттифоқо, пас аз чанд рӯз корвони деҳаи Эраҷро роҳзанон ғорат карданд ва раиси деҳа Эраҷро бо чанд кас барои дастгир кардани роҳзанон фиристод. Эраҷ гуфт:

– Ба назарам, ин муқаддимаи ҷанги девон аст.

Вай бо панҷ кас ба муқобили понздаҳ роҳзан рафт. Вақте ки ба наздикии роҳзанҳо расиданд, роҳзанҳо дар истироҳат буданд. Чун шаб торик буд, то дами субҳ сабр карда, чор касро барои гирифтани пеши роҳи роҳзанҳо монд ва худаш бо як кас ба онҳо ҳамла овард. Ҷанги сахте ба вуқӯъ пайваст. Роҳзанҳо хеле саросема шуданд. Чор нафари роҳзанҳо кушта шуданд, боқимондагон хостанд гурезанд, лекин ба дасти Эраҷ асир афтоданд. Онҳоро бо ҳамаи чизе, ки доштанд, ба деҳа оварданд. Аҳли деҳа ба роҳзанҳо ҷазо доданӣ шуданд. Вале Эраҷ ба роҳзанҳо гуфт:

– Шуморо ба ҳамин шарт озод мекунем, ки дигар аз талаву тороҷи молу мулки халқ даст кашед, зеро ин кори девони хунхор аст.

Эраҷ дар ин ғалабаи худ як шамшер инъом гирифт ва ба аспаш савор шуда, ба хонааш рафт.

Адоват нисбат ба девҳо дар дили Эраҷ рӯз то рӯз зиёд мешуд ва ӯ худро ба ҷанги девон тайёр мекард. Акнун вай 17-18-сола шуда, ҳамаи ҳунарҳои ҷангиро омӯхта буд.

Як рӯз субҳи барвақт Эраҷ ба модараш гуфт:

– Хуб, ман рафтам!

Модараш ва дигарон гумон карданд, ки Эраҷ ба шикор меравад. «Хайр, саломат бозгард! Мунтазирем, ки аз шикор зуд баргардӣ», – гуфтанд.

Эраҷ хандид ва дасти модарашро бӯсиду ба аспи худ савор шуд ва ба тарафи саҳро равон гашт.

Луғат

1. Хирадманд – шахси боақлу соҳибмаърифат. Дар ин ҷо ҳамчун номи шахс омадааст.

2. Хатлон (Хутталон) – номи қадимии шаҳри Кӯлоби имрӯза. Боз водиҳои Вахшу Кӯлобро ҳам Хатлон мегуфтанд.

3. Наврӯз – ҷашни қадимии халқи тоҷик, оғози соли нав.

4. Гӯй ва чавгон – як навъ бозии қадимии мардуми тоҷик. Гӯй – чизи лӯнда мисли тухм, тӯб. Чавгон – чӯбдасти каҷ.

5. Мутаассир – ба шӯру ҳаяҷоноваранда, таъсирбахш. Ин ҷо ба маънои ғамгин, хафа шудан.

Савол ва супориш

1. Шумо боз кадом афсонаи дигари халқиро медонед?

2. «Эраҷи тилисмшикан», ки номи афсона аст, чӣ маънӣ дорад?

3. Ҳиҷоҳои ибораи «вилояти Хатлон»-ро ҷудо намоед ва кушодаву баста будани онҳоро муайян кунед.