Паҳлавони тарсу

Соле аз Балхи Бомиёнам сафар буд ва роҳ аз ҳаромиён (роҳзанон) пурхатар. Ҷавоне ба бадрақа (барои роҳнамоӣ) ҳамроҳи ман шуд; сипарбоз, чархандоз (тирандоз) ва бешзӯр, ки ба даҳ марди тавоно камони ӯ зеҳ кардандиву зӯроварони рӯйи замин пушти ӯ бар замин наёвардандӣ, Валекин чунон ки донӣ, мутанаим (молдор) буду нозпарварда, на ҷаҳондидаву сафаркарда. Раъди кӯси (овози нақораи) диловарон ба гӯшаш нарасида ва барқи шамшери саворон надида (буд).

БАЙТ

Наафтода бар дасти душман асир,

Ба гирдаш наборида борони тир.

Иттифоқан ману ин ҷавон ҳар ду дар пайи ҳам давон. Ҳар он девори қадимаш, ки пеша омадӣ, ба қуввати бозу бияфкандӣ ва ҳар дарахти азим, ки дидӣ, ба зӯри сарпанҷа баркандӣ ва фахркунон гуфтӣ:

БАЙТ

Пил ку, то китифу бозуи гурдон бинад?

Шер ку, то кафу сарпанҷаи мардон бинад?

Мо дар ин ҳолат (будем), ки ду ҳинду аз паси санге сар бароварданд ва қасди қитоли (қасди куштани) мо карданд. Бар дасти яке чӯбе ва дар бағали он дигар кулӯхкӯбе. Ҷавонро гуфтам:

– Чӣ пойӣ (чиро мунтазирӣ?)

Биёр, ончи дорӣ зи мардию зӯр,

Ки душман ба пойи худ омад ба гӯр.

Тиру камонро дидам аз дасти ҷавон афтодаву ларза бар устухон.

На ҳар кӣ мӯй шикофад ба тири ҷавшанхой,

Ба рӯзи ҳамлаи ҷанговарон бидорад пой.

Чорае ҷуз он надидем, ки либосу силоҳу ҷомаҳо раҳо кардем (кашида додем) ва ҷон ба саломат биёвардем.

Ба корҳои гарон марди кордида фирист,

Ки шери шарза дарорад ба зери хамми каманд!

Ҷавон агарчи қавиёлу пилтан бошад,

Ба ҷанги душманаш аз ҳавл бигсилад пайванд!

Набард пеши масофозмуда маълум аст,

Чунонки масъалаи шаръ пеши донишманд.

Савол ва супориш

1. Дар бораи амали ҷавон чӣ андеша доред?

2. Оё ӯро далер гуфтан мумкин аст?

3. Чаро бо ҳамин қувваву тавоноӣ аз ду ҳинду тарсид?

4. Аз рӯйи мазмуни ҳикоя нақша тартиб диҳед ва дар хона нақли хаттӣ нависед.

5. Луғатҳои дохили қавсайнро аз худ намоед.