Ҷомаи ошхӯрӣ

Маҷмае доштанд оме чанд,

Даъвие чанд пухта хоме чанд.

Рафт Баҳлул ҷониби эшон,

Бесарупой мисли дарвешон.

Раҳ надодандаш андар он маҳфил1,

Рафт берун равон аз он манзил.

Шуд шитобон ба ҷониби бозор,

Орият2 кард ҷомаву дастор.

Дар бару сар фиканд суфу катон

Рост Хоҷа Носири бозаргон.

Боз баргашту шуд дар он маҳфил, Сӯйи он мардумони нодондил. Зинату зеби ҷомааш диданд,

Уқдаҳои амомааш диданд.

Баҳри таъзими ӯ зи ҷо ҷастанд, Пеши ӯ даст бар камар бастанд. Бинишонданд дар сафи болош, Аввалан пеши ӯ ниҳоданд ош. Чун кашиданд сӯйи халқ таом, Чашм бар хоҷа доштанд тамом. Хоҷа чун сӯйи он азизон шуд,

Остинро зи дасти хеш кушуд.

Даҳани остин дар ош ниҳод,

Гуфт: «Инро бихӯр, ки нӯшат бод!» Ҳама з-он дар тааҷҷуб афтоданд. Ҳозирон лаб ба ханда бикшоданд. Гуфт Баҳлул, к-«Эй ғалатбинон, Сар ба сар сурату нуқатбинон. Ман ҳамон ринди бесарупоям, Ки надодед раҳ ба ин ҷоям.

Ман ҳамон жандапӯшу дарвешам, Ки бирондед аз дари хешам.

Ҷома то дар бадан набуд маро, Ҳеч кас дар намекушуд маро.

То ки дар бар фигандаам ҷома, Ҷой дорам ба садри ҳангома3.

Чунки аз баҳри ҷома буд таом, Ҷома беҳ, гар шавад таомошом. Ин мақомам ба иззати ҷома-ст, В-ин таомам ба давлати ҷома-ст». Мардумон дар хиҷолат афтоданд, Ҳама инсофи таври ӯ доданд.

Луғат

1. Маҳфил – ҷамъомад, базми дӯстон, маҳфил.

2. Орият – чизеро барои истифода ба муҳлате амонат гирифтан. 3. Садри ҳангома – пешгоҳи нишаст, болонишин шудам.

Савол ва супориш

1. Аз мазмуни ҳикоя шумо чӣ хулоса баровардед?

2. Чаро мардум дар охир пушаймон шуданд?

3. Аз ҳикоя ҷонишинҳоро ёбед, навъҳои онҳоро муайян намоед.

4. Аз рӯйи ҳикоя саҳнача созед.