Асарҳои Cаъдӣ хазинаи суханҳои пурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист.
С. Айнӣ
Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар шаҳри Шерози Эрон ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи Низомияи Бағдод таҳсил намудааст.
Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт. Ӯ бисёр шаҳрҳои Шарқро саёҳат карда, ҳангоми сафар бо одамони гуногун ошно шуда, бо онҳо суҳбат мекард ва аз тарзи зисти онҳо огоҳӣ меёфт.
Зиндагии мардумони гуногунро омӯхта, пас аз он ду асари машҳури худ – «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро навиштааст.
«Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ саршори панду ахлоқ аст. Ин худ як мактаби тарбия буда, дар ҳама давру замонҳо ба мардумони олам панди рӯзгор додааст.
Шайх Саъдӣ боз ғазалҳои дилнишини бешумор ҳам навиштааст.
Саъдии Шерозӣ умри дароз дидааст ва соли 1292 аз олам даргузаштааст.
Шайх Саъдӣ бо осори ҷовидонаи худ дар дилу дидаи мардуми ҷаҳон маъво гирифтааст.