Эраҷ Мирзо

Эраҷ Мирзо адиби бузурги Эрон аст. Ӯ дар Табрез соли 1874 таваллуд шудааст. Бобоёни ӯ аз хонадони сулолаи Қоҷориён (1796 – 1925) буданд, вале ҳаргиз аз гузаштагони худ намеболид ва зиндагии фақирона дошт. Эраҷ Мирзо чунон марди фурӯтан ва хоксоре буд, ки ҳатто шоир будани хешро инкор ҳам мекард. Адиб дар ин бора чунин гуфтааст: «Ман ҳамеша шоир нестам ва ба навиштани шеър ҳеҷ гоҳ худро маҷбур намекунам. Баръакс, ҳангоме ки илҳомам меояд, ман ба он итоат мекунам».

Эраҷ Мирзо соли 1926 дар Теҳрон вафот кард. Адиб дар сурудани асарҳои хурди лирикӣ дасти тавоно дошт.

Силсилаи шеърҳои «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард ва сазовори мукофоти аввали озмуни байналмилалӣ гардид. «Модарнома»-и адиб ба аксари забонҳои дунё тарҷума шудааст.

Инак, ба қироати шумо аз силсилаи «Модарнома», «Қадри модар»-ро бо ду шеъри дигар пешкаш менамоем.

Қадри модар

Писар, рав қадри модар дон, ки доим

Кашад ранҷи писар бечора модар.

Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад

Туро беш аз падар бечора модар.

Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад

Зи ҷон маҳбубтар бечора модар.

Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз

Туро чун ҷон ба бар бечора модар.

Аз ин паҳлу ба он паҳлу нағалтад

Шаб аз бими хатар бечора модар.

Ба вақти зодани ту марги худро

Бигирад дар назар бечора модар.

Бишӯяд куҳна, орояд наватро

Чу камтар коргар бечора модар.

Тамузу дай1 туро соат ба соат

Намояд хушку тар бечора модар.

Агар як атса ояд аз димоғат,

Парад ҳушаш зи сар бечора модар.

Агар як сурфае беҷо намоӣ,

Хурад хуни ҷигар бечора модар.

Барои он ки шаб роҳат бихобӣ,

Нахобад то саҳар бечора модар.

Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту

Надорад хобу х(в)ар бечора модар.

Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,

Кашад ранҷи дигар бечора модар.

Сипас чун по гирифтӣ, то наяфтӣ,

Хурад ғам бештар бечора модар.

Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ,2

Кунад ҷон мухтасар бечора модар.

Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ,

Бувад чашмаш ба дар бечора модар.

Агар як рубъи соат3 дер ойӣ,

Шавад аз худ бадар бечора модар.

Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё

Зи модар бештар бечора модар.

Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,

Ки дорад як писар бечора модар.

Луғат

1. Тамузу дай – тобистону зимистон.

2. Маънои байт: то он, ки туро оҳиста-оҳиста заҳмати беш кашида калон мекунад, аз ин заҳмат дилу ҷонаш оҳиста-оҳиста адо мегардад.

3. Як рубъи соат – чоряк соат ё 15 дақиқа.

Савол ва супориш

1. Боз кадом шеъри Эраҷ Мирзоро медонед, ки ба модар бахшида шудааст?

2. Дар шеър чанд бор калимаи "модар" такрор шудааст?

3. Радифу қофияи чаҳор байти аввали шеърро нишон диҳед.

4. Аз харита пойтахти Эрон – Теҳрон ва зодгоҳи Эраҷ Мирзо – Табрезро ёбед.