Муболиға

Муболиға яке аз санъатҳои маъмули адабиёти хаттӣ ва шифоҳист. Дар забони гуфтугӯйӣ бештар истифода мешавад. Масалан, омӯзгор шогирдеро таъриф карда мегӯяд: «Қодир бисёр бачаи доно, ҳамаи асарҳои бадеиро хондааст».

Албатта, шумо сари андеша меоед, ки омӯзгор аз ҳад гузаронд, муҳобот кард, муболиға намуд. Қодир ҳамаи асарҳои бадеиро хонда наметавонад. Ин ба ақли одам рост намеояд.

Дар асарҳои бадеӣ адибон барои пурҷозиба, шавқовар баромадани асарашон аз санъати муболиға васеъ истифода мебаранд. Ба ифодаи дигар, муболиға санъатест, ки тасвири шахс, ашё, ҳодисаю воқеа аз ҳадди табиӣ мебарояд ё муаллиф чунон муҳобот мекунад, ки ба ақли солим рост намеояд.

Масалан, ҳангоми мутолиаи афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» ба ҷумлаҳое вомехӯред, ки воқеаҳо хеле ҳам муҳоботноку ҳайратовар тасвир шудаанд. Чанд ҷумларо мисол меорем: «Ногоҳ аз тарафи девон як нафар филсавор ба болои сари худ як санги осиёб гузошта, бо гурзи ҳафтсадманӣ... ба майдон даромад ва чунон наърае зад, ки ҳамаи аспон рамида аз ҷой ҷастанд ва замин ба ларза даромад», «Ҷавони далер худро ба зери сипар пинҳон кард ва дев ба сари ӯ бо ғазаб чунон гурзе зад, ки миёни аспаш шикаст» ва аз зарбааш замину кӯҳ ларзида рафт, «Эраҷ аспро чунон барангехт, ки дар як тохт аз болои сари дев парида гузашт», «Ӯ аспро пеш ронда, ба рикоб чунон зад, ки ду пойи аспи Эраҷ ба китфи фили дев баробар шуд, пас бо «шамшери ҷонситон» ба даҳони Ҳингил зад, ки сараш ҳазор газ парида рафт».

Тасвири қиёфаи зоҳирии девҳо маҳз ба воситаи тасвири муболиғанок ба назари хонанда хеле баднамою бадҳайбат менамояд. Аз тасвири портрети девҳо маълум мегардад, ки қиёфаи зоҳирии онҳо ба сифатҳои инсонӣ муқобил гузошта шудааст. Аммо дар тавсифи портрети персонажҳои мусбат муболиғаҳои дабдабаноки ваҳмангез қариб дида намешаванд, дар амалиёти онҳо мо тахайюлоти баландпарвози гӯяндаи афсонаро мушоҳида менамоем, ки хонандаро ба ҳайрат меоварад. Маҳз ба туфайли чунин муболиғаҳо матонат ва қаҳрамониҳои персонажҳои мусбат ба назари хонанда равшан мегардад.

Савол ва супориш

Муболиға чист?

Аз ҷумлаҳои поин муболиғаро ёбед ва шарҳ диҳед:

а) Бо ришаш заминро ҷорӯб мекард.

б) Сараш ба осмон мерасид.

в) Дар майдон ҷойи сӯзан задан намонд.

Се ҷумла нависед, ки дар онҳо санъати муболиға омада бошад.

Пас аз мутолиаи афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» ба суолу супоришҳои зер ҷавоби хаттӣ нависед:

а) Қиёфаи зоҳирии девҳо дар афсона чӣ гуна тасвир шудааст?

б) Аз зарбаи гурзи дев чӣ ҳолат рӯй дод?

в) Зарбаи шамшери ҷавони тӯронӣ ба сари дев чӣ фалокат овард?

г) Аз рафтори аспи Эраҷ дар майдони ҷанг нақл кунед.