Темурмалик муддати дароз дар Шом ва Арабистон бо либоси дарвешӣ гардиш кард. Дар ин миён Чингизи хунрез мурд, ба ҷойи ӯ писараш Уқтой бар тахти хонӣ нишаст. Дар замони ӯ шиддати ваҳшонияти чингизиён дар Мовароуннаҳр ва Хуросон камтар шуд ва мардум кам-кам ғун шуда, ба зироат ва иморат рӯ оварданд, мамлакат як дараҷа оромӣ гирифт.
Темурмалик хеле пир шуда, мӯяш сафед ва рӯяш пурчин гардида буд. Бо вуҷуди ин, ӯ мехост, ки ба ватан равад, охири умрашро дар он ҷо гузаронад ва ҷисми беобу ҳавои ватан парваришёфтаи худро дар вақти мурдан ба хоки ватан супорад. Вақте ки вай ором ёфтани мамлакати худро аз оянда ва равандагон шунид, бо ҳамон либоси дарвешӣ табарзин ва асоро ба даст гирифта, пиёда ба роҳ даромад.
Темурмалик рост ба Хуҷанд омад, ки дар он ҷо таваллуд шуда буд. Аммо ӯ дар он ҷо фаҳмид, ки ҳанӯз ӯ ва қаҳрамонии ӯ аз ёди дӯсту душман набаромадааст: чунонки аҳолии Хуҷанд номи ӯро ба некӣ ёд карда, ба ӯ офарин ва раҳмат мефиристанд, инчунин, чингизиён ҳам ҳар гоҳ, ки номи ӯ ва қаҳрамонии ӯро шунаванд, ба ғазаб омада, дили пуркинаашон нисбат ба ӯ бо оташи кинаву адоват аланга мезанад. Бинобар ин, ӯ дар Хуҷанд доимӣ монданро мувофиқ наёфта, ба Фарғона рафт ва бошишгоҳи доимии худро дар қаландархонаи он ҷо кард, аммо ӯ гоҳ-гоҳ ба Хуҷанд меомад. Аз ҳар кас аҳволи мамлакатро мепурсид, воқеаҳои замони истилои чингизиён ва аҳволи замони ҳукмронии ононро мукаммал ёд мегирифт.
Дар вақти истилои чингизиён, ҷудо шудани Темурмалик аз Хуҷанд фарзанди ӯ тифли навзод буд, ки бо занаш дар шаҳр монда буданд. Темурмаликро ақида он буд, ки зану фарзандаш дар қатори чандин ҳазор зану фарзандони ҳамватанонаш дар қатли оми чингизиён талаф шуда рафтаанд, чунки онҳо то ба шаҳр даромадани душман ба ҳеҷ тараф гурехта ҳам наметавонистанд. Бо вуҷуди ин, ӯ дар зимни ҳикояҳои гузашта, вақте ки сухан дар бораи Темурмалик меомад, аз аҳволи зану фарзанди ӯ мепурсид. Аммо дар ҳар бор дар ҷавоб хабари талаф шуда рафтани онҳоро мешунид ва бо афсӯсу надомати дарунӣ гумони худро боз як бори дигар тасдиқ мекард. Бо ҳамаи ин ӯ аз пурсуков бознамеистод.
Як рӯз яке аз пирамардони деҳаи Қистакӯз, ки бо Темурмалик ҳамсуҳбат буд, дар вақти аз аҳволи зану фарзанди Темурмалик пурсидани ӯ (албатта, Темурмалик – Темурмалик будани худро аз ҳама кас пинҳон медошт) дар ҷавоб «Онҳо дар ҳамон қатли ом талаф шуда рафтанд» гуфта бошад ҳам, баъд аз андаке хомӯш мондан илова кард:
– Ҳарчанд аз он воқеа зиёдтар аз бист сол вақт гузашта бошад ҳам, муғулон ҳанӯз душмании Темурмалик ва авлоди ӯро аз ёд набаровардаанд. Агар ту сирро нигоҳ дошта тавонӣ, ман ҳақиқати ҳолро ба ту маълум мекунам.
Темурмалик, ки бо шунидани ин суханҳо ба будани ягон хабари дигар умедвор шуда дилаш ба тапидан даромада буд, бо қасам ва аҳду паймон ваъда дод, ки ҳар чизе, ки дар ин ҷо шунавад, дар ҳамин ҷо мемонад.
Пирамард ба сухан даромад:
– Оре, дар он дарёи хуну оташ зани Темурмалик ҳам монанди ҳазорон занон, бачагон, пирон ва беморон ғарқ шуда рафт, аммо тифли навзоди ӯ саломат монд.
Темурмалик қариб буд, ки аз ин хабари шодиовари ногаҳонӣ қолабтиҳӣ шавад ва рӯйи фарзанди ба ҷон пайвандашро баъд аз наздик омадан ба ӯ надида шодикафак шавад. Аммо дили қаҳрамони ӯ, ки ба он ҳама ҷангу ҷидолҳои нобаробари пурошӯб ва ба он қадар мусибатҳо ва дарду аламҳои тоқатшикан тоб оварда буд, тавонист, ки ба ин шодмонии ногаҳонии аз ҳад зиёд ҳам тоқат кунад ва бо вуҷуди ин худро аз ҳаяҷон боз дошта натавониста сухани пирамардро бурида:
– Чӣ гуна халос шуд ва ҳоло дар куҷост? – гӯён суол дод.
Пирамард аз ҳаяҷон ва изтироби фавқулодаи ҳамсуҳбати худ пай бурд, ки ин қаландар худи ҳамон Темурмалик аст. Аммо худро ба нофаҳмӣ зада, сухани худро давом дод:
– Аз деҳаи мо дар ҳарами Темурмалик хидматгоре буд. Вақте ки муғулон ҳамаи аҳолии Хуҷандро аз шаҳр баровардаанд, он хидматгор ҳам тифли навзоди Темурмаликро бардошта, ҳамроҳи зани ӯ аз шаҳр баромадааст. Муғулон бо тирборон ва ханҷару шамшер ҳамаро қатли ом кардаанд. Зани Темурмалик ҳам дар он миён кушта шудааст. Аммо он хидматгор, бо вуҷуди аз чанд ҷояш захмдор шуданаш, тифлро аз бағали худ напартофтааст ва тани худро ба ҷони он кӯдак сипар карда ва худро мурда сохта, дар қатори кушташудагон хобидааст ва баъд аз торик шудани шаб ӯ тифлро бардошта, ба тарафи кӯҳистон рафтааст, ки аҳолии деҳаи мо ҳам гурехта ба он ҷо рафта буданд.
Ҳаяҷони Темурмалик ҳеч паст намешуд, балки дақиқа ба дақиқа зиёдтар шуда, мехост, ки ҳамаи саргузашти писарашро ва ҳоло дар куҷо будани ӯро дар як сония фаҳмида гирад, бинобар ин, боз сухани пирамардро бурида пурсид:
– Охир чӣ шуд ва он тифли навзоди бемодар чӣ гуна зинда монд?
– Сабр кун, ҳамаашро мегӯям, – гуфта пирамард ҳикояи худро давом кунонид, – падару модари он хидматгор ҳам дар он гурезгоҳ буданд, ки модараш тифлро ба тарбияи худ гирифт ва дар миёнаи гурезагон занони ширдор ҳам буданд, ки ҳар кадом аз шири фарзанди худ қадре нигоҳ дошта, ба он тифл мемаконданд.
Муҳаббат ва шафқати Темурмалик ба он хидматгор, ки сабаби зинда мондани фарзандаш шудааст, ҷӯш зада:
– Ҳоло он хидматгор зинда аст? – гуфта пурсид.
– Не, – гуфт пирамард дар ҷавоб, – яке аз он захмҳо, ки дар қатли ом аз ханҷари муғулон расида буд, ба бадӣ гашта, реши равон шуд ва он ҷавон бо он реши равон дар ҳамон рӯзҳои гурезагӣ фавтид. Аммо падару модари ӯ он тифлро парвариш карда ба воя расонданд.
– Падару модараш ҳанӯз зиндаанд? – гуфта боз Темурмалик пурсид.
– Онҳо ҳам баъд аз ба воя расидани он кӯдак яке аз паси дигаре вафот карданд, – гуфт пирамард дар ҷавоб.
– Хуб, ҳоло он кӯдаки бавоярасида дар куҷост? – гуфта пурсид Темурмалик бо ҳаяҷони аввалӣ.
– Аз кӣ ва чӣ будани он бача танҳо ман, ки бо падари он хидматгор дӯст будам ва як нафари дигар, ки аз қадрдонони Темурмалик аст, хабардор ҳастему бас. Мо барои нигаҳдории он шербача аз шарри душманони гургтабиати рӯбоҳхислат ин сирро махфӣ нигоҳ доштем. Баъд аз он ки кӯдак ҷавони калон шуд, барои ин ки ӯ фарзанди кадом кас будани худро донад, ҳақиқати ҳолро ба худи ӯ фаҳмонидем ва ӯро ҳам таъкид кардем, ки барои нигаҳдории ҷони худ ва ҷони парваришкунандагони худ ин сирро ба касе нагӯяд.
– Хуб, ҳоло он ҷавон дар куҷост? – гӯён Темурмалик боз ҳам сухани пирамардро бурида пурсид.
– Баъд аз он ки – гуфт пирамард, – падархонду модархондаш мурданд, ба ҷазирае, ки қалъаи Темурмалик дар он ҷо буд ва ҳоло муғулон он ҷазираро «Арал» мегӯянд, рафта, дар он ҷо кулбае бино карда, ба худ бошишгоҳ сохт ва аз он ҷо бо каланд қадре замин кушода киштукор кард, то ки ҷойи қаҳрамонии падарашро обод ва чароғашро равшан нигоҳ дорад ва ҳоло ҳам дар ҳамон ҷост.
– Дар он ҷазира ғайр аз писари Темурмалик боз каси дигаре ҳаст? – Темурмалик пурсид.
– Баъд аз он ки бо таҷрибаи писари Темурмалик мардум ҳосилхезии он ҷазираро донистанд ва дарё ҳам ҳар сол ба атрофи ҷазира хоку регҳои нав оварда партофта, он ҷоро васеъ кардан гирифт, баъзе безамин ва камзаминҳо тобистон он ҷо рафта, киштукор мекардагӣ шуданд. Аммо ғайр аз писари Темурмалик зимистон дигарон ба қишлоқи худ баргашта меоянд ва ӯ бошад, тобистону зимистон дар он ҷо зиндагӣ мекунад.
Темурмалик бо дили пур аз шодӣ аз пеши пирамард баромад ва шабона ба лаби дарё рафт, ки ба ҷазира гузарад. Хушбахтона, дар канори об якчанд қаиқҳо буданд, ки деҳқонон тобистон дар рафтуои ҷазира аз онҳо фоида мебурданд. Темурмалик ба яке аз он қаиқҳо савор шуда, ба ҷазирае, ки чандин сол пеш аз ин он ҷоро бо як олам андӯҳу алам тарк карда буд, гузашт.
Дар ҷазира аз қалъа асар намонда буд, аммо дар ҷойи вай як кулбаи пастак менамуд, ки аз тобдонаш рӯшноии чароғе ба назар намоён мегардид. Азбаски ҳанӯз киштукор сар нашуда буд, дар он ҷо ғайр аз нури чароғи он кулба дигар асари ҳаёт ва зиндагонӣ наменамуд.
Темурмалик рост ба пеши он кулба рафт ва дар торикӣ истода аз тобдон даруни кулбаро аз назар гузаронид. Дар он ҷо як ҷавони баландқомати тахминан бистудусола, ки нав мӯйлаб сабз карда буд, таом мехӯрд. Ӯ ба пеши дари даромади кулба омада истода сурфа кард.
– Ҷавон дартоз аз кулба баромада:
– Кист? – гӯён ояндаро пурсид.
– Ман, яке аз ҷӯраҳои падарат! – гӯён Темурмалик ба ҷавон наздик шуд ва ӯро ба оғӯши пиронаи худ, ки аз ғояти шавқу ҳаяҷон чун оғӯши ҷавонон гарм шуда буд, бо иштиёқ ва шодмонӣ кашида, падарона бӯсид ва ҳар ду ба кулба даромаданд.
Ҷавон дар пешгоҳи кулба пӯстакеро паҳн карда, қаландарро бар рӯйи вай шинонд ва аз нону таоми тайёри худ ба пеши ӯ кашида, ӯро зиёфат кард.
Ҷавонро гармбӯсиҳо ва бо ҳаяҷон вохӯрдӣ карданҳои ин қаландари пир, ки аз ҳар ҳаракаташ иштиёқи падарона зоҳир буд, ба тарафи худ кашид. Бо вуҷуди ин, аз он ҷо, ки кинаи чингизиён ва маъмурони онҳоро нисбат ба падари худ медонист, бо ин меҳмон бо эҳтиёт муносибат карданро лозим донист ва дар муомилаи ин шахси ношинос мазмуни ин байтро, ки Саъдӣ гуфтааст:
Манеҳ дар миён роз бо ҳар касе,
Ки ҷосус ҳамкоса дидам басе,
ба худ дастуруламал қарор дода пурсид:
– Шумо бо падари ман дар куҷо ва чӣ гуна ҷӯра шуда будед?
Темурмалик дар ҷавоби ин пурсиши ҷавон як қисми тарҷумаи ҳол ва саргузаштҳои худро ҳикоя карда, нишон медод, ки гӯё ӯ дар ҳамаи он корҳо ба Темурмалик ҳамроҳ будааст ва дар охири сухан аз ҷавон пурсид:
– Агар падаратро бинӣ, мешиносӣ?
– Ҷавон ҳамон эҳтиёткории аввалаашро аз даст надода ҷавоб дод:
– Ман падари худро надидаам, кӣ будани ӯро ҳам намедонам. Худам ба дари хонаҳои мардум гашта, ба ин синну сол расидаам.
– Ман падари ту мебошам! – гуфт қаландар дар ҳолате, ки ашки шодӣ аз чашмонаш мечакид.
Ҷавон бо шунидани ин сухан, ки гувоҳии дилашро тасдиқ мекард, дар ҳаяҷони тӯфонмонанде афтод. Лекин аз эҳтиёткорӣ ба қувваи ҷавонӣ худдорӣ карда гуфт:
– Як пирамард ҳаст, ки «падаратро мешиносам» мегӯяд, агар ӯро оварда, бо шумо рӯ ба рӯ кунам, ҳақиқати ҳол равшан мешавад.
– Зудтар он пирамардро ҷеғ зан! – гуфт Темурмалик ба писараш.
Ҷавон ҳамон замон аз об бо қаиқ гузашта, ба тарафи шаҳр рафт ва саҳарии барвақт ду пирамардро ҳамроҳи худ гирифта омад, ки яке аз онҳо ҳамсуҳбати дирӯзаи Темурмалик буд ва дигаре касе буд, ки дар аввалҳои ҳокимии Темурмалик дар Хуҷанд ба ӯ пешхидматӣ мекард.
Пирамардон ба кулба даромаданд. Чун чашми ҳамсуҳбати дирӯзаи Темурмалик ба ӯ афтод, фарёди шодиёнае бароварда, ӯро ба бағал кашид ва сару рӯяшро бӯсида гуфт:
– Худи дирӯз ман пай бурда будам, ки ту Темурмалик мебошӣ, азбаски ту сирри худро накушодӣ, ман ҳам изҳори дарёфти дили худро муносиб надониста будам; Худоро шукр, ки он дарёфти ман рост баромад.
– Дили ман ҳам гувоҳӣ медиҳад, ки шумо Темурмалик мебошед, – гуфт пирамарди пешхидмат, - бо вуҷуди ин, агар рухсат диҳед, нишонаеро, ки худам медонам, бибинам, то ки дар дили касе шубҳа намонад.
Темурмалик рухсат дод. Пешхидмати пештарааш рони чапи ӯро кушода, чашм андохт ва фарёд кашида гуфт:
– Валлоҳ, ки шумо Темурмалик мебошед! – ва ба дигарон нигоҳ карда, илова намуд, – ин кас дар ҷанги Қарахитоиён аз рони чапи худ тир хӯрда захмдор шуда буд, ки ман он захмро намад сӯхта пахш карда, то беҳ шуданаш нигоҳубин карда будам ва ҷойи он захм сиёҳча шуда монда буд. Он доғ ҳоло ҳам дар ҳамон ҷо ва ба ҳамон ҳол намоён аст.
Бо шунидани ин суханҳо ҷавон худро ба пойи падар андохт, бо лабҳои аз ҳаяҷон хушкида кафи пойи пуробилаи ӯро мебӯсид ва чашмони пур аз ашки шодии худро бар рӯйи пойи аз пирӣ хушкидаи вай мемолид. Падар ҳам сару гардани писарро аз бӯсаҳои гарми муштоқона саршор мекард. Ду пирамард бошанд, якдигарро оғӯш карда, лабу рӯйи ҳамдигарро мебӯсиданд ва бо ин шодии ногаҳонӣ худашонро табрик мекарданд. Ин манзара чунон шодибахш буд, ки нависандаи ин сатрҳо ҳам дар вақти таҳрир худро аз ҳаяҷон боздошта натавонист.
Баъд аз он ки падару писар аз бӯсаву канор дилосо шуданд, мӯйсафедон ҳам ба навбат Темурмаликро ба оғӯш кашида, аз канору бӯс табли шодмониро баландовоз карданд.
Баъд аз рӯз сафед шудан пирамардон падару писарро бо як ҷаҳон шодӣ танҳо гузошта, худашон рафтанд, то ки ин ду аламрасидаи ғамиҳиҷроншикан бо якдигар дарди дилҳои ғамдидаи худро гуфта ва шунида, доди худро аз айёми дурӣ ва маҳҷурии гузашта ситонанд.
Пирамардон аз об гузаштанд. Баъд аз он ки дар бораи ба ҷое ва ба касе нагуфтани хабари омадани Темурмалик дар байни худ аҳду паймон карданд, аз ҳам ҷудо шуда, ба хонаҳои худ рафтанд.
Лекин хабари омадани Темурмалик як сирри шодиангези калоне буд, ки дар дили ҳеҷ кас намегунҷид: ҳар кадоми ин пирамардон ҳамин ки дӯстони боэътимодашонро диданд, «як гап мегӯям, ба ҳеҷ кас нагӯй!» гӯён сирри омадани Темурмаликро кушоданд ва ҳамин қадар худдорӣ карда тавонистанд, ки дар бораи бошишгоҳи ӯ ва писари ӯ ба касе лаб накушоданд. Он дӯстони «боэътимод» ҳам ба дӯстони «боэътимод»-и худ ин сирро, ба тарзе ки дар боло нишон дода шуд, гуфта додан гирифтанд. Дар натиҷа хабари омадани Темурмалик дар шаҳр овоза шуд ва ӯ маҷбур шуд, ки аз ҷазира сафар кунад.
Савол ва супориш
1. Чаро Темурмалик дар пирӣ ба ватан баргашт?
2. Аз кирдору рафтори писари Темурмалик кадом хислатҳои ӯро ҳис кардед? «Пирамардон аз об гузаштанд». Ҷумла хуллас аст ё тафсилӣ? Онро таҳлил кунед