Сайёҳи Ҳинд

Кӯдаке мегашт бо қутии худ

Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.

Метавонистӣ, ки дар чашмони ӯ

Пай барӣ аз мақсади пинҳони ӯ.

Медавид он ҳар тараф бо ҷустуҷӯ,

Сӯйи ҳар як раҳгузар оварда рӯ.

Огаҳӣ медод симои писар,

К-омадаст ин ҷо вай аз мулки дигар.

Ӯ нарезондаст хуни нофи худ

Дар ҳамин шаҳри лаби баҳри кабуд.

Гашт маълумам, ки афғонбачаест,

Содаву гумроҳу нодонбачаест.

Гашт маълумам, ки меҳмон омадаст,

Меҳмон аз мулки афғон омадаст.

Гуфтам: Эй сайёҳи ҳинди кобулӣ,

Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.

Ҷисми хурдатро ба пушти Ҳиндукуш

Кӣ ҳаво дод, аз чӣ мегардӣ хамуш?

Ё туро бахти сиёҳат рондааст?

Боди афғонӣ магар паррондааст?

Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон

Ризқи инсон аст чун оби равон?

Ҳар чӣ мехоҳӣ, ту пайдо мекунӣ,

Нозу неъматҳо муҳайё мекунӣ.

Меравад дар ҷӯйҳояш ҷойи об

Дар тамоми фаслҳо ширу шароб.

Балки овардӣ ту ҳангоми сафар

Ҷаннати афсонавиро дар назар.

Ин замин кардаст аз даври куҳан

Фикри оламро асири хештан.

Хуб медонам, ки сӯйи ин диёр

Н-омадӣ монанди қавми судхор.

Н-омадӣ, то ки ҷаҳонгирӣ кунӣ,

Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!

Н-омадӣ, то хуни ҳиндуро хӯрӣ,

Бахти бад орию нафъи сад барӣ.

Омадӣ, ёбӣ ту нони хешро,

Зинда дорӣ хурд ҷони хешро.

Гушнагӣ партофтат бехайрухуш

Дар паси кӯҳи баланди Ҳиндукуш.

Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,

Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.

Ҳам падар, ҳам модари бекори ту

Чашм баста дар раҳи бозори ту.

Мисли ту сайёҳи хурди номурод,

Дар ҷавонӣ ман надидам рӯзи шод.

Мешунидам аз падар шабҳои тор

Мисли ту афсонаҳои бешумор.

Ӯ ба ман мегуфт: «Дар самти Ҷануб,

Кишваре бисёр зебоясту хуб.

Сурати он мамлакат дигар бувад,

Обҳояш нуқра, хокаш зар бувад.

Пасттар ҳар сол гардад Офтоб

Як қади найза ба рӯйи хоку об».

Ман кунун аз мулки хуррам омадам,

Чун вакили халқи аъзам омадам.

Омадам, дидам туро бо чашми худ

Дар хиёбони лаби баҳри кабуд.

Медавӣ, бо чашми пурнам медавӣ,

Пеши пойи нокасон хам мешавӣ.

Мекунӣ бо рангубори хеш пок

Мӯзаҳои бахтдуздонро зи хок.

Эй ҷаҳонгарди ҷавони кобулӣ,

Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ.

Ҳайфам ояд, ки ту дар ин синну сол

Мондаӣ бебаҳра аз фазлу камол.

Дузди бахти халқҳо минбаъд боз

Пойи худро сӯйи ту созад дароз.

Хоки пояшро набояд пок кард,

Пок аз ин бояд, ки акнун хок кард.

Савол ва супориш

1. Шоир зери мафҳуми «қавми судхор» киҳоро дар назар дорад?

2. Муносибати адиб ба афғонбача чӣ гуна аст?

3. Шумо дар бораи Афғонистон чӣ медонед?

4. Аз харита Афғонистон ва пойтахти он – шаҳри Кобулро нишон диҳед.

5. Байти охирро маънидод намоед.