Вазни ҳиҷо ва арӯз. Вазни ҳиҷо асосан ба назми халқӣ хос аст. Дар баробари ин назми ҳазорсолаи адабиёти тоҷику форс ва имрӯза ҳам бо вазни арӯз эҷод шудаанд.
«Арӯз» калимаи арабӣ буда, маънои арз кардан, баён намуданро дорад, вале имрӯз ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ ҳисоб меёбад ва ченаки дуюм ё мизони шеър ба шумор меравад. Вазни арӯз аз адабиёти араб дар асрҳои IХ-Х ба адабиёти мо ворид гардидааст. То имрӯз рушду камол ёфта, хусусиятҳо, қонунҳои он аз тарафи арӯзиёни форс-тоҷик: Ахфаши Балхӣ, Юсуфи Арӯзӣ, Баҳромӣ, Бузургмеҳри Қойинӣ, Шамс Қайси Розӣ, Рашиди Ватвот, Насируддини Тӯсӣ, Ваҳиди Табрезӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Баҳром Сирус ва дигарон кашф ва равшан гардидаанд. Мувофиқи андешаи муҳаққиқони дар боло ёдшуда, шеъри форсӣ - тоҷикӣ дар 14 баҳр суруда шудааст. Баҳрҳо ба ду қисм солим ва фаръӣ тақсим мешаванд.
Баҳрҳои солим: ҳазаҷ, рамал, раҷаз, мутақориб ва мутадорик ба шумор мераванд. Ба гурӯҳи баҳрҳои фаръӣ қариб, музореъ, ҷадид, хафиф, муҷтас, сареъ, мунсареҳ, мушокил ва муқтазаб дохил мешаванд.
Арӯзи тоҷикӣ хусусиятҳои ба худ хос дорад ва аз рӯйи он вазни шеър равшан мегардад.
Бояд хотиррасон кард, ки дар шеър ҳар як сатр ё хатро «мисраъ» мегӯянд. Агар ду мисраъ омада бошад, онро «байт» меноманд. Масалан, ин рубоии устод Рӯдакиро гирем:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ.
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
Рубоӣ аз чор мисраъ ё ду байт иборат аст.
Ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ дар муқаррар намудани мизони арӯзи тоҷикӣ мақоми ҳалкунанда доранд.
Ғайр аз ин ҳиҷоҳо ба ҳиҷоҳои баста ва кушода тақсим мешаванд:
Бӯ-йи Ҷӯ-йи Мӯ-ли-ё-но-яд ҳа-ме,
Ё-ди ё-ри меҳ-ру-бо-но-яд ҳа-ме.
Як мисоли дигар аз Мирзо Турсунзода:
Дӯ-с-ти-ро ҷус-ту-ҷӯ до-ре-м мо,
Аз а-мо-нӣ гуф-ту-гӯ до-ре-м мо.
Ҳангоми хондани шеър ё сурудани он ҳис мекунед, ки шеър ба пораҳо тақсим мешавад, яъне ровӣ ё мутриб ҳангоми иҷрои амал дар ҷойҳои махсус андак таваққуф мекунад. Ҳамин қисматҳои ист «рукн» ном доранд. Ба ифодаи дигар, қисматҳои тараннумии шеърро дар арӯз «рукн» мегӯянд. Инчунин, ба рукнҳо тақсим кардани шеърро «тақтеъ» мегӯянд. Ба хотири дуруст дарк намудани ин масъала аз Низомии Ганҷавӣ як байт меорем:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Дар арӯз ҳиҷоҳои кӯтоҳ бо аломати (v), ҳиҷоҳои дароз бо (–) ва якунимҳиҷоӣ бо аломати – v (дар охири мисраъ ~) ишорат карда мешавад.
Байти боло ба 6 рукн тақтеъ шудааст ва ин тақтеъу рукнҳо мизони вазни арӯзро муайян намудаанд. Баҳрҳои солим: ҳазаҷ, рамал, раҷаз, мутақориб ва мутадорик рукнҳои хоси худро доранд.
1. Ҳазаҷ = ма-фо-ӣ-лун ; v - - -
2. Рамал = фо-и-ло-тун; - v - -
3. Раҷаз = мус-таф-ъи-лун; - - v -
4. Мутақориб = фа-ъӯ-лун; v - -
5. Мутадорик = фо-и-лун. - v -
Супориш: Байти зерро ба рукнҳо тақсим кунед. Ҳиҷоҳои дароз ва кӯтоҳи онро муайян кунед. Пас муайян намоед, ки байт дар кадом баҳр суруда шудааст:
Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,
Қаламкашро ба мақсад мерасонам.