Ғаффор Мирзо

Аз ёддоштҳои шоир

«Ман аз падару модар хеле хурд сағир монда будам. Ҳокимияти Советӣ маро дар қатори ҳазорон ятимони дигар аз марг раҳонид ва бинобар ин, нахустин ҳиссиёте, ки дар дили кӯдаконаи ман пайдо шуд, нашъунамо кард, ҳиссиёти беканори ташаккур ва миннатдорӣ ба наҷотбахши ман аст. Ин ҳиссиёт баъд аз қаламдаст шуданам мавзуи асосии эҷодиётам гардид.

Меҳнати асосии мо, аҳли «ятимхонаҳо» таҳсил бошад ҳам, мо танҳо бо он маҳдуд намешудем. Дар фермаи хонаи бачагон подабонӣ мекардем, боғу полизи онро парвариш менамудем, дар таъмири ҳарсолаи хобгоҳ иштирок доштем, аловии зимистонаи худро худамон пешакӣ тайёр карда мемондем. Дар баробари ин, дастаи ҳаваскорони хонаи бачагон, ки як вақтҳо ба он шоири халқӣ Саидалӣ Вализода ва як вақти дигар Артисти халқии* мамлакат Маҳмадалӣ Қобилов роҳбарӣ карда буданд, ба қишлоқҳо баромада, бо шаклҳои гуногуни санъати таҳҷоӣ нишондодҳои партия** ва ҳукуматро тарғибу ташвиқ менамудем. Воқеан, азбаски ҳеҷ

* Артисти халқӣ – ҳунарпешаи халқӣ.

** Партия – ҳизб. Ин ҷо Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шуравӣ дар назар аст. ** Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ.

кас аввалин музди меҳнати худро фаромӯш намекунад, ман ҳам онро ҳамчун як марҳалаи муборак равшан дар ёд дорам. Тобистони соли 1938 рӯзе ҳаваскоронро ҷамъ карданд ва ба онҳо мукофоти пулӣ доданд. Ба ман ҳам як даҳсӯмаи дастархон барин калон расида буд.

Шодии ман на танҳо аз таъсири тангдастӣ, ки дар солҳои ҷанг насиби ҳамаи мо гардида буд, балки аз таъсири ҳамон ҳиссиёти миннатдорӣ, аз таъсири моҳияти тарбияи хонаи бачагон буд. Ман баъдтар дар баробари таҳсил ба меҳнати иловагӣ низ машғул мешудам.

Таҳсили ман дар Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб ва Институти педагогии Душанбе ҷараён ёфтааст.

Вале тақдири эҷодии ман ба маҷрои ҳақиқӣ ва асосии худ он вақт ҷорӣ гардид, ки маро дар соли 1950 дар муассисаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон журнали «Шарқи сурх» ба хизмат қабул карданд ва ман дар муҳити мубораки шоирону нависандагони номвар, дар мактаби М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, М. Миршакар, А. Деҳотӣ, Б. Раҳимзода ва дигарон ҳамчун шоир ва адиб сабақ омӯхта, нашъунамо кардам».

* * *

Ҳамин тавр, Ғаффор Мирзо умри пурбаракат дид. Ӯ моҳи августи соли 2006 дар шаҳри Душанбе вафот кард, вале умри хешро ройгон нагузаронид. Барои наслҳои оянда асарҳои пурарзише мерос гузошт. Махсусан барои бачаҳо асарҳои хубу шавқовар офарид. Достонҳои «Тоҷи давлат», «Асрор», маҷмуаи шеърҳои «Рӯйи сурх», «Марди майдон», «366 паҳлу», «Нору нур» ва ғайраҳоро хонандагон хеле хуш пазируфтанд.

Дар сари гаҳвора

Бар сари гаҳвора дидам модаре,

Модари фарзанди монанди парӣ.

Тифл дар гаҳвора андар хоб буд,

Ё ки дар гаҳвора ширмаҳтоб буд.

– Тавба кардам, – гуфт модар ногаҳон,

Тавба кардам, эй Худои меҳрубон.

Ин қадар хурду заифу сода аст,

Ин қадар бахту мадорам додааст.

Эй Баҳори азиз, эй дилбар,

Ту ба ин тифли нозанин бингар.

Чӯҷаи он кабӯтари ваҳшӣ,

Дар ту мирам, аҷаб сафобахшӣ.

Хурдию аз ту гоҳвора пур аст.

Хона пур, кунҷ пур, канора пур аст.

Дашту саҳрои бекарон пури туст,

То фалак, то малак ҷаҳон пури туст.

Ту калон шав, бафазлу доно шав!

Ҳам ба дил, ҳам ба чеҳра зебо шав!

Савол ва супориш

1. Аз шеъри «Дар сари гаҳвора» кадом мисраъҳо ба тавсифи кӯдаки навзод бахшида шудаанд?

2. Чаро модар тавба мекунад? Аз Худо чӣ умед дорад?

3. Шеърро азёд кунед.