Ҳар кӣ онро се аломат бошадаш,
Дар ҷаҳон аҳли саодат бошадаш.
Аввалан, боайб набвад дар ҷаҳон,
Дар маломат ҳеч накшояд забон,
Заҳмати худро зи мардум дур дор,
Бори худ бар кас маяфган, зинҳор.
ДАР БАЁНИ ОН, КИ ЧАҲОР ЧИЗ АСТ, КИ БАЪД АЗ РАФТАН ОВАРДАНИ ОН МУҲОЛ АСТ
Чор чиз аст, он ки баъд аз рафтанаш
Аз муҳолот1 аст боз оварданаш.
Боз чун орӣ ҳадиси2 гуфтаро?
Кас нагардонад қазои рафтаро!
Боз кай гардад, чу тир андохтӣ?
Ҳамчунин умре, ки зоеъ3 сохтӣ.
Ҳар кӣ беандеша гуфтораш бувад,
Пас надоматҳои бисёраш бувад.
То нагуфтӣ, метавонӣ гуфтанаш,
Чун бигуфтӣ, кай тавон бинҳуфтанаш?
Умрро медон ғанимат ҳар нафас,
Чун равад, дигар наёяд бозпас.
Ҳар кӣ мехоҳад, ки бошад дар амон,
Муҳр мебояд ниҳодан дар забон.
ДАР БАЁНИ ОДОБИ СУХАН КАРДАН БО МАРДУМОН
Эй писар, кам гӯй бо мардум дурушт,
В-ар бигӯйӣ, бар ту гардонанд пушт.
Чун ҳадиси хуб гӯйӣ бо фақир,
Беҳ бувад з-онаш, ки пӯшонӣ ҳарир4.
Ҳар кӣ бо мардум насозад дар ҷаҳон,
Зиндагонӣ талх дорад ҷовидон.
Аз маломат то бимонӣ дар амон,
Бош доим ҳамнишини олимон.
Луғат
1. Муҳол – душвор, амри муҳол.
2. Ҳадис – сухан, он чизе, ки гуфта мешавад.
3. Зоеъ – бекор, бемақсад, бенатиҷа.
4. Ҳарир – абрешим, шоҳӣ: дар ин ҷо ба маънои курта, ҷома.
ДАР БАЁНИ ЭҲТИЁТ АЗ ДУШМАНОН
Аз ду кас парҳез кун, эй ҳушёр!
То набинӣ накбате1 аз рӯзгор:
Аввал аз душман, ки ӯ истезарӯст,
В-он гаҳе аз суҳбати нодони дӯст.
Хешро аз назди душман дур дор,
Ёри нодонро зи худ маҳҷур2 дор.
Беҳтарин хислат, агар донӣ, кирост?
Он ки дод инсофу инсофаш нахост.
Хашм хӯрдан пешаи ҳар сарвар аст,
Талх бошад в-аз шакар ширинтар аст.
ДАР БАЁНИ ФАЗИЛАТИ МАҚБУЛОН
Дӯст бад бошад зиёнкор, эй писар!
Рав тамаъ з-он дӯст бардор, эй писар!
Дур шав з-он кас, ки хоҳад аз ту суд!
Гар сари худ бар қадамҳои ту суд.
ДАР БАЁНИ ҒАМХОРИИ МАРДУМ
Бар сари болини беморон гузар,
З-он ки ҳаст ин суннати Хайрулбашар.
То тавонӣ, ташнаро сероб кун,
Дар маҷолис хидмати асҳоб3 кун.
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!
То азизи дигарон бошӣ ту низ!
Иллати мардум зи пурхорӣ бувад,
Хӯрдани пур тухми беморӣ бувад.
Роҳате набвад ҳасуди шумро,
Козиби4 бадбахтро набвад вафо.
Тавбаи бадхӯ куҷо муҳкам бувад,
Мар бахилонро мурувват кам бувад.
Он ки бошад дар пайи қути5 ҳаром,
Дар тани ӯ дил ҳамемирад тамом.
Луғат
1. Накбат – сахтӣ, бадбахтӣ, хорӣ.
2. Маҳҷур – дур, ҷудо аз худ.
3. Асҳоб – ҳамсуҳбатон, дӯстон.
4. Козиб – дурӯғгӯй
5. Қут – хӯрданӣ, хӯрок.
Савол ва супориш
1. Чаро Аттор дӯсти нодонро мазаммат намуда, душмани доноро аз ӯ авлотар мешуморад?
2. Кадом корҳое ҳастанд, ки ба инсон хорӣ меоваранд? Онҳоро аз матн ёфта, номбар кунед.
3. Судхӯрон киҳоянд ва чаро шоир ба онҳо нафрат дорад? 4. Чаро адиб мегӯяд, ки дар ҷавонӣ пиронро эҳтиром кун, азиз дор.