Ҷон Тоҷикистон,
Фарзандат ҳастем.
Дар хизмати ту
Камар бубастем.
Гулшани бахтат,
Ки бехазон аст,
Чун умри моён
Доим ҷавон аст.
Гулҳо шукуфта
Дар бӯстонат,
Мо булбулонем
Дар гулситонат.
Дар ҳавои ту
Дили мо шод аст.
Туро ба моён
Бахти мо додаст.
Дар васфат имрӯз
Суруд мехонем.
Аз ту миннатдор
Хурду калонем.