Буд марде ба рӯзгори қадим
Бо дили мустақиму табъи салим1.
Одате доштӣ, ки ҳаррӯза
Гирди дарҳо шудӣ ба дарюза2.
Ин насиҳат ба ҳар саро гуфтӣ,
Чанд навбат мукарраро гуфтӣ,
К-ончи бар нафси хеш напсандӣ,
Ба дигар халқу хеш напсандӣ.
Бар дигар мардумон ҳамон андеш,
Ки нанолӣ, гар оядат дар пеш».
Рӯзе аз рӯзҳо ба ҷое шуд,
Наъразан бар дари сарое шуд,
Панди худ боз гуфт сар то сар,
Баъд аз он хост чизе аз паси дар.
Соҳиби хона меҳтари деҳ буд,
Милку молаш зи дигарон беҳ буд.
Гуфт меҳтар ба мардуми хона,
К-«ин мард кист – девона?
Пушт бар ному нанг оварда,
Мардумонро ба танг оварда.
Комилулақли пешбин шудааст,
Халқро носеҳу3 амин шудааст.
Беҳ, ки фикри фано кунем ӯро,
В-аз сари халқ во кунем ӯро.
Қадаре заҳр дар хамир кунем,
Баҳри ӯ чанд нон фатир кунем.
То хурад з-он фатиру мирад зор,
Накунад халқро дигар озор».
Ҳафт нон баҳри ӯ чунон карданд,
Монда нон бар кафаш равон карданд.
Нон гирифту бурун шуд он дарвеш,
То барад нон ба сӯйи хонаи хеш.
Хонааш дур буд з-он манзил,
Бешае буд дар миён ҳоил4.
Мард дар беша такзанон мерафт,
Баста бар пушти хеш нон мерафт.
Буд бечора такзанон дар роҳ,
Ки гирифтанд раҳ бад-ӯ ногоҳ.
Ҳафт фарзанди хосаи меҳтар,
Ҳар яке буд аз он дигар беҳтар.
Аз шикор омада ҳама бетоб,
На дар он роҳ хӯрда нон, не об.
Ҳафтто нон зи пушти он дарвеш
Даррабуданд сохта туъмаи хеш.
Ҳафт барно чу ҳафт нон хӯрданд,
Боз гаштанду дарзамон мурданд.
Меҳтар аз фавти ҳафт сар фарзанд,
То ба як ҳафта риш бармеканд.
Баъди як ҳафта омад он дарвеш,
Кард бар дар ҳамон насиҳати хеш.
Гӯш бар қавли ӯ чу бинҳоданд,
Сар ба сар дар тааҷҷуб афтоданд,
К-«ин гадопеша заҳр дар нон хӯрд,
Сахтҷон заҳр хӯрда чун ҷон бурд?»
Гуфт шахсе: «Нахӯрда он нонро,
В-арна, медод дарзамон ҷонро».
Меҳтар аз хона сар бурун овард,
Гуфт дарвешро, ки «эй сарамард!
Нон, ки он рӯз з-ин саро бурдӣ,
Ба куҷо бурдию куҷо хӯрдӣ?»
Гуфт: «Будам ба роҳи хонаи хеш,
Писарони ту омаданд ба пеш.
Ҳафт тан ҳафт нони ман бурданд,
Ғасб карданду5 нони ман хӯрданд».
Меҳтар аз вай чу ин сухан бишнид,
Дили тангаш зи ғусса хун гардид.
Сӯхт ҷонаш зи ҳаҷри фарзандон,
Гашт гирён чу орзумандон.
«Чаҳ, ки аз баҳри дигаре кандам,
Ҳам дар он чаҳ фитод фарзандам».
Зинҳор, ончи нописанд бувад,
Ки аз ӯ халқро газанд бувад,
То тавонӣ, ба ҳеч кас маписанд!
Гар нахоҳӣ, ки уфтӣ ба газанд.
Луғат
1. Бо дили мустақиму табъи салим – бо дили росту табъи солим.
2. Дарюза – гадоӣ.
3. Носеҳ – насиҳаткунанда.
4. Ҳоил – бешаи хавфнок, ҳавлнок.
5. Ғасб карданд – ба зӯр гирифтанд.
Савол ва супориш
1. Аз кадом ҷиҳат амали меҳтари деҳ ношоиста аст?
2. Чаро фарзандони сардори деҳа мурданд?
3. Ба ҳикоя боз ягон номи дигар гузоштан мумкин аст?
4. Мақсади адиб аз иншои ҳикояи мазкур дар чист?
5. Ҳикояро хонда мазмунашро нақл кунед.