Бозаргонеро1 шунидам, ки саду панҷоҳ шутур бор дошт ва чиҳил бандаи хидматгор. Шабе дар ҷазираи Кеш маро ба ҳуҷраи хеш даровард. Ҳама шаб наёрамид аз суханҳои парешон гуфтан, ки – «Фалон анбозам ба Туркистон ва фалон бизоат (дороӣ) ба Ҳиндустон аст ва ин қаболаи2 фалон замин асту фалон чизро фалон замин».
Гоҳ гуфтӣ: «Хотири Искандария дорам, ки ҳавое хуш аст».
Боз гуфтӣ: «На, ки дарёи Мағриб (баҳри Миёназамин) мушавваш аст!»
Саъдиё, сафари дигар дар пеш аст, агар он карда шавад, бақияи умри худ ба гӯшае бинишинам.
Гуфтам:
– Он кадом сафар аст?
Гуфт:
– Гӯгирди порсӣ хоҳам бурдан ба Чин, ки шунидам қимате азим дорад ва аз он ҷо косаи чинӣ ба Рум орам ва дебои румӣ ба Ҳинд ва фӯлоди ҳиндӣ ба Ҳалаб ва обгинаи ҳалабӣ ба Яман ва бурди ямонӣ3 ба Порс ва з-он пас тарки тиҷорат кунам ва ба дуконе бинишинам.
Инсоф4, аз ин молхулиё (хаёлҳои хом) чандон фурӯ гуфт, ки беш тоқати гуфтанаш намонд. Гуфт:
– Эй Саъдӣ, ту ҳам сухане бигӯй аз онҳо, ки дидаию шунида!
Гуфтам:
Он шунидастӣ, ки дар саҳрои Ғӯр
Борсолоре5 бияфтод аз сутур5.
Гуфт: «Чашми танги дунёдорро
Ё қаноат пур кунад, ё хоки гӯр!»
Луғат
1. Бозаргон – савдогар, аҳли тиҷорат.
2. Қабола – васиқа, санаде, ки ба соҳиби замин дода мешавад.
3. Бурди ямонӣ – навъи беҳтарини матои катонӣ
4. Инсоф – ин ҷо ба маънои баростӣ, рости гап омадааст.
5. Борсолор – соҳиби борҳои корвон.
6. Сутур – хар, асп ва дигар чорпои саворӣ.
Савол ва супориш
1. Ба андешаи шумо рафтори бозаргон дуруст аст?
2. Шумо ба ақидаи Саъдӣ, ки бозаргонро мазаммат кардааст, розӣ ҳастед?
3. Оё бисёр сафар кардан, тиҷорат намудан аз ҳунари бозаргонии ӯ шаҳодат медиҳад?
4. Ҳикоятро хонда, калимаву ибораҳои бароятон ношинос ё ҷумлаҳоеро, ки маънии онҳоро дарк накардед, ишорат кунед. Баъд аз омӯзгор пурсед.