Порае аз достони «Чароғи абадӣ», Интизорӣ

Шабе, ки то саҳар бедор будам,

Мушавваш, тангдил, ночор будам.

Нахуфтам, доштам уммедворӣ,

Диламро мефишорид интизорӣ.

Гирифта дуди таммоку гулӯям,

Хамида мӯйи сар то чашму рӯям.

Задам гӯгирд, кардам боз хомӯш,

Папирос даргирондан рафт аз ҳуш,

Қаду бар хонаро гаштам, нишастам,

Гирифтам хома бо ларзанда дастам.

Дилам мехост, ки шеъре бинависам,

Намоям шарҳи достонам, ҳадисам.

Агарчи хона ором аст дар шаб,

Ба шоир ҷойи илҳом аст дар шаб.

Нишастам, лек чизе ҳам нагуфтам,

Ҳама хуфтанд, танҳо ман нахуфтам,

Чаро ки доштам уммедворӣ,

Ба сӯйи роҳ чашми интизорӣ.

Чӣ хомӯш аст манзил дар дили шаб,

Шуда гӯё ки гунгу кар дили шаб.

Намеомад на овози хурӯсе,

На ширин хандаи ошиқ арӯсе.

На болу пар кушоданҳои мурғон,

На бо ҳам хӯрдани шохи дарахтон.

Фақат аз боғ меомад насиме,

Насими атрбӯ, дилкаш, ҳалиме.

Шунидам ман фақат дарро кушода,

Нафасгирии аҳли хонавода.

Ба саҳни боғ ҷастам чун шарора,

Нигаҳ кардам ба нурафшон ситора.

Ҳавои шаб ҳузури рӯҳу ҷон буд,

Замин сабзу мусаффо осмон буд.

Бунафша дар лаби ҷӯ ноз мекард,

Гули садбарг чашмаш боз мекард.

Дарахтон бар умеди бор буданд,

Ҳама дар ними шаб пуркор буданд.

Ҳама монанди ман бо интизорӣ

Ғанӣ буданд аз боди баҳорӣ.

Шуморо, – бороранда дарахтон,

Шудам чун гавҳари чашмам нигаҳбон.

Шинондам, об додам, парваридам,

Нахустин меваҳотонро чашидам.

Шумо аз нав ҳавои бор доред,

Ба оянда самарбахш интизоред.

Дар ин ҳангом монанди шумоям,

Чунин асту чунин дардам, давоям.

Ба чашмонам шуданд ин дам намоён

Таваллудхонаву дунёи тифлон.

Савол ва супориш

1. Рӯзгори шоирро нақл кунед.

2. Чаро Турсунзода ба ин бахши достон «Интизорӣ» ном гузоштааст?

3. «Дарахтон дар умеди бор буданд» чӣ маъно дорад? 4. Байтҳоеро, ки ба тасвири баҳор бахшида шудаанд, аз матн ёфта, азёд кунед.