Қонуни асосии диёрам
Маҳбубтарин достонест,
Халқи ватанам муаллифи он,
Мазмуни вай ишқу қаҳрамонист,
Илҳомдиҳанда ҳар ҳиҷояш
Чун ҳастии хеш дорамаш дӯст.
Бо орзу пур дили ҷавонам,
Шодам, ки калиди орзу ӯст.
Ин аст, ки дар садоқат онро
Чун аскари давр посбонам,
Ӯ низ ҳамеша посбон аст
Иқболи марову кӯдаконам!
Савол ва супориш
1. Чаро Помирро Боми Ҷаҳон меноманд?
2. Помир дар кадом қисмати Тоҷикистон ҷойгир шудааст?
3. Кадом достонҳои Мирсаид Миршакар ба рӯзгори мардуми Помир бахшида шудаанд?
4. Шумо боз кадом достонҳои Мирсаид Миршакарро медонед?
5. Шеъри “Ҷон Тоҷикистон”-ро азёд кунед.
6. Мазмуни ин мисраъҳоро шарҳ диҳед:
“Хомаи қисматнавис ” афсона аст,
Хоби ширинест танҳо “сарнавишт”.
Донае нагрифт деҳқон аз замин,
То даме бо дасти худ тухме накишт.