Ҷанг дар биёбон ва тири бепайкон

Темурмаликиён ҳамаи асбоб, аслиҳа ва озуқаву аспу аробаеро, ки дар киштиҳо доштанд, ба канори чапи рӯди Сир бароварданд. Ҳамаи ашёро ба аробаҳо бор карда, аробаҳоро ба аспҳо бастанд ва якчанд сар аспе, ки дар миёна буд, бо навбат ва дукаса савор шуда роҳи биёбонро пеш гирифтанд.

Дидбонони пинҳонии чингизиён ин аҳволро дида, ба зудӣ ба дастаҳои худ, ки дар ҳар ҷойи биёбон дар камин нишаста буданд, хабар бурданд. Як даста аз муғулон аз дунболи темурмаликиён расиданд. Темурмалик, ки ҳамчун сардор ва роҳбар пешопеши қофилаи худ мерафт, наздик расидани саворони муғулро дида, худро ба канори роҳ кашид, ҳамаи одамон ва бору бунаи худро пеш гузаронида, худаш яккаву танҳо бо тирҳои ҷонфарсо ба дастаи чингизиён муқобил истод. Тирҳои ӯ монанди уқобоне, ки ногаҳонӣ парвоз карда ба гурӯҳи бумҳо ҳуҷум оваранд, ба тӯдаи душманон парвозкунон мерафтанд, ҳар тири ӯ бехато одаме ё асперо ба замин меғелонид. Муғулон тоб наоварда пас гаштанд ва Темурмалик ҳам онҳоро то аз назарҳо дур шудан пеш карда рафт ва баъд аз он ба қофилаи худ расида, вазифаи қофиласолориро адо кард.

Ин аҳвол чандин бор такрор ёфт ва чандин рӯз давом кард. Дар охирҳо муғулон бисёр шуда, то талаф шудани як қисмашон истода меҷангиданд ва оқибат шикаст хӯрда, пас мегаштанд. Дар ин ҷангҳо баъзе ҷанговарони Темурмалик ҳам кушта ва хаста шуданд.

Оқибат чингизиён бисёр шуда, атрофи қофилаи Темурмаликро гирифтанд. Ӯ ба касони худ фармуд, ки бору бунаҳоро дар миён гирифта, аз рӯйҳои худро ба муғулон гардонда, ҳалқавор саф банданд ва бо андохтани тирҳои ҷонгудоз чингизиёнро ба наздик омадан роҳ надиҳанд ва худаш шамшери бараҳнаро дар ҳаво ҷавлон дода, ба тарафи гурӯҳи чингизиён асп монд.

Аспи Темурмалик дар миёнаи тӯдаи душманон даромад. Шамшери дурӯя кори муғулонро якрӯя кардан гирифт, аспи омӯхтаи кордидаи ӯ ҳам душманкушӣ мекард; - чароғпоя шуда, худро бо тамоми вазнинияш ба болои муғулон мепартофт, лагад ҳавола мекард ва дандон мезад ва бо ҳар роҳе, ки донад ва тавонад, вай ҳам аз чингизиён интиқоми ҳамватанони худро мегирифт.

Дар ин ҷанг ҳам қувваи муғулон шикаста, ба пас рафтан ва пароканда шудан маҷбур гардиданд. Темурмалик бо ҷанговарони худ сафари худро давом дод. Лекин муғулон ӯро ба осуда сафар кардан роҳ намедоданд ва баъд аз ҳар ҷанг, ки нафаси худро рост мегирифтанд ва қувваи нав ба онҳо мерасид, таъқиб ва ҳуҷуми худро такрор мекарданд.

Дар ҳар кадоми ин ҷангҳо қувваи Темурмалик кам шудан мегирифт; ҷанговаронаш кушта ва хаста мешуданд, камонҳо шикаста, зеҳҳо канда шуда, дами шамшер ва табарзинҳо баргашта ва сипарҳо дарида мерафтанд. Оқибат рӯзе муғулон бо қувваи бисёр калон аз канори биёбон намоён гардиданд. Вақте ки Темурмалик сиёҳии душманҳоро дид ва шумораашонро тахмин кард, ҷанговарони худро пеши худ гирд оварда гуфт:

– Ҷавонони қаҳрамони ватандӯст! Имрӯз дар ин маърака бояд аз мо кам саломат монад, чунки ин ҷанг дар шароите мегузарад, ки душман аз мо даҳ баробар зиёд аст, ҳам яроқи онҳо пурра ва аспҳошон бардам аст. Ва ҳол он ки дар дасти мо яроқ қариб намондааст ва он чизе ҳам, ки боқӣ мондааст, шикаста, канда шуда ва дамаш баргаштааст. Ҳар касе, ки аз шумо ҷонаш барояш ширин бошад, ҳамин вақт аз байни мо дур шуда, худро ба гӯшаи биёбон гирад, то ки дар вақти гармии ҷанг аз саф гурехта, сабаби дилшикастагии дигарон нашавад. Дар ин ҷанг танҳо касе иштирок карда метавонад, ки нисбат ба душмани ваҳшии хунхор нафрату ғазаби бисёр дошта бошад, хории асириро ба худ ор дониста, ҷони худро ба кафи даст гирифтаву синаашро сипар карда ба майдон даромада тавонад.

Ҷанговарон, ки ин суханони сардори худро шуниданд, ба ҷӯшу хурӯш омада, ба ӯ бо мазмуни байтҳои зерин ҷавоб доданд:

Ҷаҳон, то ҷаҳон аст, гарданда аст,

Бимирад, агар шоҳ, агар банда аст.

Ба дунё намонда касе ҷовидон,

Наёбем мо ҳам зи мурдан амон.

Бимирем чун кому ноком мо,

Ҳамон беҳ, ки мирем боном мо!

Ба номи наку кушта гаштан ба ҷанг

Беҳ аз зиндагонии боайбу нанг!

Бифармо, ки мо ҷонсупорӣ кунем,

Ба ҷанги ватан бар ту ёрӣ кунем!

Бифармо, ки мо дар сафи корзор

Барорем аз мағзи душман димор!

Бифармо, ки бо оташи ҷанг зуд

Барорем аз ҳастии хасм дуд!

Ту фармон деҳу қаҳрамонӣ бибин,

Зи мо ҷондиҳӣ, ҷонситонӣ бибин!

Ба дарё фиристӣ агар баҳри ҷанг,

Зи тӯфон натарсем ҳамчун наҳанг.

Ба ҳар ҷо, ки ёбем хасми дурушт,

Салоҳ ар набошад, кушемаш ба мушт!

Ситонем мо хуни хеш аз адӯ,

Аз он пеш, ки хуни мо резад ӯ.

Чу кардем якчанд душман ҳалок,

Пас, он гоҳ аз кушта гаштан чӣ бок?

Ки ин маргамон умри сонӣ диҳад,

Ҳаёти нави ҷовидонӣ диҳад.

Чун Темурмалик аз ҷанговарони худ ин суханҳои қаҳрамононаро шунид, ба онҳо таҳсину офарин гуфта, ҳар кадомашонро як-як ба бағал кашида, сару рӯяшонро падарона бӯсид ва онҳоро, ки аз сад нафар зиёд набуданд, ба пеши бору буна пиёда дар саф рост кард ва худ ба аспи оҳудави шертавон савор шуда дар пеш истод.

Чун муғулон наздик расиданд, Темурмалик нафарони худро ба тирборон фармон дода, худаш ба тарафи муғулон асп ронда, худро дар қалби душман зад. Ӯ бо ҳамлаҳои паёпай чингизиёнро сар мезад, даст мебурид, по мешикаст ва сина медарид ва гурӯҳҳои даргурезафтодаи онҳоро то пароканда шуда дур гардидан пеш мекард. Вақте ки қалби лашкари душманро торумор кард, паҳлуи росту чапро ҳам ба ҳамин ҳол овард.

Пиёдагардони Темурмалик қалъавор дар пеши бору буна саф кашида истода чингизиёнро тирборон мекарданд ва тирҳои онҳо монанди ҷолаи баҳорӣ, ки гиёҳҳоро хароб ва поймол кунад, душманро ба замин мехобониданд.

Дар вақте ки қариб буд душман тамоман мағлуб ва пароканда шавад, аз як гӯшаи биёбон гурӯҳи нави саворони чингизиён пайдо шуда, ба пушти сафи темурмаликиён тохт оварданд ва ду тараф ба ҳам омехта шуда, ба тарзи дасту гиребон ва бағал ба бағал бо ҳам меҷангиданд.

Муғулон аз ҳама пештар бору бунаи Темурмаликро ба чанд аспу ароба, ки боқӣ монда буд, ба даст дароварда, бо посбонони зӯрдаст ба ақибгоҳи дурдаст фиристоданд ва боқимондаҳояшон то торикии шаб ҷангро давом кунониданд.

Вақте ки торикӣ ҳама ҷоро фаро гирифта дӯсту душманро аз якдигар фарқ карда намешудагӣ шуд, муғулони зиндамонда аз майдон баромада рафтанд ва Темурмалик ҳам, ки аспаш пайзада шуда ва худаш аз чанд ҷойи баданаш захмдор шуда буд, пиёда аз майдони ҷанг баргашта ба қароргоҳи худ омада дид, ки дар он ҷо на бору буна мондааст ва на аспу одам.

Темурмалик бо синаи сӯзон ва дили бирён яккаву танҳо ҷанггоҳро давр мезад ва мурдаҳои ёрони бо ҷон баробари худро аз ҷасадҳои муғулон ҷудо карда, ба канорае баровард.

Дар ҳамин вақт ду нафар аз рафиқонаш, ки онҳо ҳам аз чанд ҷояшон захмдор шуда буданд, аз як канор пайдо шуда, дар мурдағундорӣ ба ӯ ҳамроҳӣ карданд ва ҳамаи мурдаҳояшонро дар он ҷо гӯрониданд.

Темурмалик бо ду рафиқи худ шабро дар он ҷо, дар пеши пуштаҳои куштаҳои муғулон гузаронид ва баъд аз рӯз сафед шудан аз ҷанггоҳ як халтача талқон ва чанд дона қурут ёфта, аз он чизҳо қути лоямуте карда, ҳар се нафар ба роҳ даромаданд. Лекин боз ба онҳо осуда сафар кардан муяссар нашуд ва ҳанӯз аз ҷанггоҳи дирӯза бисёр дур нарафта буданд, ки гурӯҳе аз саворони муғул ба онҳо расида, ба таслим даъват карданд.

Темурмалик боз ба ҷанг даромад. Ин ҷанг бисёр дер накашида бошад ҳам, муғули бисёре кушта гардид ва ду рафиқи Темурмалик ҳам талаф шуданд. Муғулони зиндамонда пас гаштанд. Темурмалик ҳам дар ҳолате, ки бо худ ғайр аз як камону се тир, ки яке аз онҳо ҳам бепайкон буд, яроқе ва чизе дигар надошт, ба роҳ даромад ва ҳанӯз бисёр роҳ нарафта ба паси худ нигоҳ карда дид, ки се нафар муғул аз дунболаш омада истодаанд.

Темурмалик аз роҳ боз истода, рӯй ба муғулон карда ва он тири бепайконро ба ҷиллаи камон гузошта, чашми рости яке аз онҳоро нишон гирифта, зеҳро кашиду сар дод.

Муғуле, ки чашмаш ба тири бепайкони Темурмалик нишона шуда буд, «воҳ» гӯён ду дасташро ба рӯ кашид. Маълум буд, ки тири бепайкони қаҳрамони пуртавон ба нишон расида, чашми ӯро баровардааст.

Темурмалик ду тири боқимондаро ба ҳаво баланд карда, ба ду нафар муғули боқимонда нишон дода овоз дод:

– Ҳанӯз дар дасти ман ин ду тир ҳаст, ки барои тамом кардани кори ҳар дуи шумо басанда аст. Лекин маро ҳайф меояд, ки инҳоро барои рехтани хуни мурдори шумо нобуд кунам. Беҳтар он аст, ки шумо ҷони худро ғанимат шумурда аз дунболи ман баргардед ва ин ду тир ҳам дар дасти ман саломат монад.

Муғулон, ки «қодирандозӣ» ва «қадарандозӣ»-и ин диловарро борҳо озмуда буданд ва чашми ҳамроҳашон ба онҳо дарси ибрати нав дода буд, танбеҳи ӯро қабул карда, ба роҳи омадаашон баргашта рафтанд ва Темурмалик ҳам ба тарафи Хоразм раҳсипор гардид, ки шояд аз он ҷо ба муқобили чингизиён муборизаи наве ташкил намояд.

Савол ва супориш

1. Темурмалик ва ҷанговарони ӯ бо кадом усул дар биёбон ба муқобили муғулон ҷангиданд?

2. Сабаби шикаст хӯрдани Темурмаликро шумо дар чӣ мебинед?

3. Бо кадом мақсад Темурмалик ба ҷанговаронаш муроҷиат кард?

4. Ҷавоби ҷанговарони Темурмаликро ифоданок хонед.

5. «Темурмалик боз ба ҷанг даромад». Аз он аъзоҳои ҷумларо муайян намоед.