Қадри устод

Гуфт устод: «Мабар дарс азёд!»

Ёд бод, ончи маро гуфт устод!

Ҳеч ёдам наравад ин маънӣ,

Ки маро модари ман нодон зод.

Падарам низ чу устодам дид,

Гашт аз тарбияти ман озод.

Пас, маро миннат аз устод бувад,

Ки ба таълими ман устод истод.

Ҳар чӣ медонист, омӯхт маро,

Ғайри як асл, ки ногуфта ниҳод.

Қадри устод наку донистан,

Ҳайф, устод ба ман ёд надод.

Гар бимурдаст, равонаш пурнур

В-ар бувад зинда, Худо ёраш бод!

Луғат

1. Атфол – бачагон.

2. Рахти нав – либосҳои нав.

3. Мавқеи диду боздид – ҳангоми вохӯрӣ, суҳбат, табрики якдигар ба муносибати иди Наврӯз.

Савол ва супориш

1. Дар шеъри «Иди Наврӯз» кадом хусусиятҳои ҷашнгирии Соли Нав нишон дода шудааст?

2. Муносибати хешро ба шеъри «Қадри устод» баён кунед.

3. Шеърро азёд кунед.