Қаҳрамонии Эраҷ

Эраҷ чандин шабу рӯзро дар кӯҳу саҳроҳо гузаронид. Худаш ва аспаш мондаву хаста шуданд, аз асп фуромада, дар лаби чашмае дам гирифт. Фикр карда, худ ба худ мегуфт: «Эраҷ! Дев куҷо, тилисм куҷо, бе роҳбар куҷо меравӣ?»

Дар ин андеша буд, ки ногоҳ чашмаш ба шахси дуртар, ки дар домани кӯҳ, дар лаби чашмае нишаста буд, афтод.

Эраҷ тааҷҷуб карда: «Ин шахс кӣ бошад?» – гуфту аз ҷойи худ хест ва ба тарафи ӯ рафт, лекин он шахс ба ӯ нигоҳ накарда машғули хондани чизе буд. Эраҷ бодиққат нигоҳ карда дид, ки вай пирамарди хушсурату нуронӣ ва тануманд аст. Эраҷ боадабона ба вай салом дода, рост истод. Он шахс сари худро бардошта ҷавоби саломи ӯро дод ва:

– Бинишин! – гуфту боз ба хондани китоб машғул шуд. Пас аз чанд дақиқа сари худро бардошта ба тарафи Эраҷ нигоҳ кард ва аҳволпурсӣ намуда гуфт:

– Аз куҷо меойӣ ва ба куҷо меравӣ?

– Ман ҷавони сайёҳ ҳастам, – гуфт Эраҷ. Пирамард гуфт:

– Эраҷ, ҳақиқати гапро гӯй! Ҳал шудани мақсади ту дар дасти ман аст.

Эраҷ ҳайрон ва дар ташвиш буд, ки ин пирамард ном ва мақсади ӯро аз куҷо донист. Ҳарчанд хост, ки худдорӣ кунад, аммо натавонист ва билохира, ҳамаи саргузашти худ ва мақсадашро гуфта дод. Он мард хандид ва гуфт:

– Ҳатман ба мақсад мерасӣ.

Эраҷ ҳарчанд мехост, ки кӣ будани ӯро пурсад, вале шарм кард, танҳо ҳамин қадар гуфт:

– Эй падари азиз, дар ин макон барои чӣ танҳо нишастаед?

Пир ҷавоб дод:

– Ман дар ҳар ҷойи хуб метавонам иқомат кунам, вале ба ин ҷо барои хидмат кардан ба тӯрониён ва баркандани асоси зулми девон, барҳам задани тилисм1 ва домҳои онҳо омадаам.

Эраҷ чун номи дев ва тилисмро шунид, аз ҷойи худ хеста, таъзим карда, хомӯш истод ва дар дили худ мегуфт, ки ин пирамард дар кори ман роҳбарӣ карда метавонад. Ман бояд аз ӯ мадад хоҳам. Он шахс Эраҷро ба нишастан амр карда гуфт: «Эраҷ! Ман аз нияти ту огоҳ ҳастам ва ба ту роҳбарӣ хоҳам кард. Лекин дар пешомадҳо қавидил бош ва ба дурустӣ қадам мон! Бе фидокорӣ, далерӣ, ҷасурӣ ва бе кӯшиш ба мақсад расида наметавонӣ».

Эраҷ сари худро ба оҳанги тасдиқ меҷунбонд.

Он шахс баъд аз ин гуфтаҳо аз тарафи рости худ шамшереро гирифта ба ӯ дод.

«Ташаккур, эй падари азиз!» – гуфт Эраҷ.

Пир чун ин суханро шунид, муҳаббаташ ба вай зиёд шуд ва бо дасти худ шамшерро ба камари ӯ баста, пешонияшро бӯсид.

– Биншин ва аввалин роҳнамоиро2 шунав! – гуфт ӯ ба Эраҷ.

Эраҷ боадабона нишаст ва бо майли тамом мунтазири роҳнамоии пирамард шуд.

Пир гуфт: «Эраҷ, ин шамшере, ки ман ба ту додам, хосиятҳои зиёд дорад. Аввал, онро ба ҳар оҳан ё пӯлоде занӣ, бурида мегузарад. Дуюм, захми он аслан бо ҳеҷ чиз давою дуруст намешавад. Сеюм, агар ба дасти душман афтад, чизеро намебурад. Онро «шамшери ҷонситон» меноманд. Бигир, ин дафтар ҳам аз они ту, роҳи ҳалли ҳар мушкиле, ки ба ту пеш меояд, дар ин дафтар навишта шудааст».

Вақте ки Эраҷ дафтарро кушод, дар он ба ғайр аз чанд варақи сафед чизеро надид. Вай ҳайрон шуд, лекин чизе нагуфт.

Он шахс гуфт:

– Чӣ дидӣ?

– Ғайр аз коғази сафед чизе нест, – гуфт Эраҷ.

– Ончи ба ту лозим аст, дар вай навишта шудааст ва он танҳо дар вақти зарурат ба назари ту менамояд. Эраҷ, фардо ба аввалин тилисми девон дучор мешавӣ. Ту бояд дар шикастани ин тилисм ба одамизод ёрӣ расонӣ ва аввалин шуҷоати худро нишон диҳӣ.

Эраҷ аз ҷойи худ хеста ба вай таъзим кард ва хост, ки номи ӯро пурсад, лекин пир аллакай аз назар ғоиб шуда буд.

Эраҷ аспи худро савор шуда, ба тарафе, ки пир нишон дода буд, равон шуд. Вақти субҳ ба доманаи кӯҳе расид, ки дар болои он қалъаи баланди сиёҳ менамуд ва дар муқобили он қалъа чандин тӯронӣ бо парчамҳо истода буданд. Эраҷ ҳам дар канорае ҷой гирифт ва мунтазири пешомад шуд.

Вақте ки Офтоби оламтоб бо нури худ оламро мунаввар сохт, аз тарафи лашкари тӯрониён садои карнаю табл баланд гашт. Ногоҳ дари қалъаи сиёҳ кушода шуд, чандин ҳайкали ваҳшатангезе намудор шуда, ба муқобили лашкари тӯрониён саф оростанд. Аз он тараф низ карнае навохта шуд, ки аз вай садои даҳшатнок шунида мешуд. Аз ин садои бимнок аспи Эраҷ рамид ва ӯ маҷбур шуд, ки ба асп савор шавад. Вақте ки наздиктар рафта бодиққат нигоҳ кард, дар симои ин гурӯҳ онро дид, ки аз модараш дар ҳаққи девҳо шунида буд. Дар ин вақт аз тарафи лашкари тӯрониён ҷавони зебои тануманде савори асп ба майдон даромад. Тамоми бадани ин ҷавон бо оҳан пӯшида шуда ва ба сар низ кулоҳи оҳанин дошт. Каманду3 камон4 ба китф, найзае ба даст ва шамшере ба миён карда буд. Вай ба муқобили лашкари дев истода, мубориз талаб кард5. Аз тарафи девон як нафар филсавор, ба болои сари худ як санги осиёб гузошта, бо гурзи ҳафтсадмании каллаиговмонанд ба майдон даромад ва наъраи ваҳшатнок зад. Ҷавони тӯронӣ чун худро дар муқобили деви кӯҳпайкар дид, далерона аспи худро ба пеш ронда, бар зидди вай шамшер кашида, ба ҷанг даромад. Дев низ фили худро ба ҳаракат дароварда, шамшери ӯро бо сипар рад намуд. Дев бо гурз ба вай ҳамла кард. Ҷавони далер худро ба зери сипар пинҳон кард ва дев ба сари ӯ чунон гурзе зад, ки миёни аспаш шикаст. Ба он ҷавон аз тарафи лашкари Тӯрон фавран аспи дигаре расониданд. Вай худро зуд ба болои асп гирифт ва бо шамшери тез ба китфи рости дев чунон зад, ки аз бағали чапи вай гузашт ва дев мисли кӯҳ ба замин ғалтид. Чанд деви дигареро, ки аз паси ӯ ба майдон даромада буданд, бо як зарби шамшер сар аз тан ҷудо кард. Ногоҳ аз тарафи урдуи5 девон Ҳингил ном дев, ки дар зӯрмандӣ ба чандин дев баробар буд, ба майдон даромада, ба он ҷавон ҳамла намуд ва бо каманд вайро аз рӯйи асп ҷудо карда, ба қалъа бурд. Худ боз ба майдон омада истод ва мубориз талаб кард. Чандин тан аз лашкари Тӯрон ба майдон даромаданду асир ва баъзе кушта шуданд. Дар охир Беҳбуд ном паҳлавони намангонӣ, ки дар тавоноӣ ба чандин паҳлавон баробар буд, ба майдон даромад. Вай бо шамшери худ ба дев ҳамла карда гуфт:

– Эй Ҳингилдев! Агар ҳазор ҷон дошта бошӣ ҳам, аз дасти ман зинда намемонӣ!

Ҳингилдев бо вай низ ба ҷанг даромад. Хеле ҷанг карданд. Ҳеҷ яке ба дигаре зафар наёфт. Баъд аз ин ба якдигар каманд андохта ба тарафи худ кашиданд. Дар ин вақт ногоҳ пойи аспи Беҳбуд ба сӯрохе фурӯ рафт ва ӯ аз асп афтод. Ҳингил вақтро ғанимат дониста, бо найза ба кафи пойи Беҳбуд зад ва ӯ захмдор шуда бозгашт. Дев боз фарёд бароварда, ҳариф талаб намуд. Сардори қӯшуни Тӯрон – Фирӯз мехост ба майдон дарояд, вале Эраҷ тоқат карда натавониста, аспро чунон барангехт, ки дар як тохт аз болои сари дев парида гузашт. Лашкари дев ва Тӯрон, ки то ҳол чунин касеро надида буданд, ҳайрон шуда ба ин муборизи нав нигоҳ карданд. Эраҷ аспи худро ба атрофи дев чор бор давр занонда ба муқобили дев рост истод ва гуфт:

– Бисёр шодам, ки туро ёфтам, дер боз дар ҷустуҷӯят будам ва кинаи туро дар дил мепарваридам.

Ҳингил ханда карда гуфт:

– Ту агар марди майдон мебудӣ, бо худ сипару зиреҳ медоштӣ!

Эраҷ гуфт:

– Ончи ба ман лозим аст, дар ту ҳаст, пас, ман аз ту хоҳам гирифт.

Дев барошуфт ва бо найза ба ӯ ҳуҷум кард. Эраҷ бо як чолокӣ найзаи ӯро кашида гирифту ба замин афканд. Дев ба сӯйи Эраҷ гурз андохт, вале ба вай нарасид. Гурзи дев чунон ба замин зад, ки агар ба кӯҳ мерасид, кӯҳро пора-пора мекард.

Эраҷ гуфт:

– Акнун навбати ман аст.

Ӯ аспро пеш ронда, ба рикоб чунон зад, ки ду пойи пеши аспи Эраҷ ба китфи фили дев баробар шуд, пас бо «шамшери ҷонситон» ба даҳани Ҳингил зад, ки сараш ҳазор газ парида рафту танҳо ҷоғаш ба гарданаш овезон монд. Инро дида лашкари Тӯрон табли шодӣ заданд ва аз тарафи девҳо се бародари Ҳингил якбора ба Эраҷ ҳуҷум оварданд. Гарду ғубор дар майдон баланд шуд. Эраҷ бо чобукӣ ба яке аз онҳо ҳамла карда, найзаро аз дасти вай гирифт ва ба синаи дев зад. Дев фарёди ҷонкоҳе бароварда, ба замин афтод. Пас аз ин ду бародари дев якҷо ба Эраҷ ҳуҷум карданд. Эраҷ дар набард якеро шамшер ба сар зад. Деву аспаш ду тақсим шуданд ва нӯги шамшераш ба замин панҷ газ фурӯ рафт. Ҳуртундев, ки сардори девҳо буд, ба ҷанги мағлуба (ҷанги шадид) фармон дод. Фирӯз ҳам ба қӯшуни Тӯрон фармони ҷанги мағлуба дод. Ҷанги мағлуба оташ гирифт. Касе касеро намедид. Чун шаб расид, аз ду тараф табли бозгашт зада шуд. Дар ин ҷанг бисёриҳо кушта шуданд. Ҳар ду лашкар ба қароргоҳи худ баргаштанд. Эраҷ ҳам ба ҳамон домани кӯҳ баргашт. Ҷанговарони лашкари Тӯрон тамоман ҳайрон буданд, ки ин ҷавон аз куҷо омадааст. Девҳо ҳам дар ҳайрат буданд, ки ин барқи сӯзанда аз куҷо пайдо шуд, ки балои ҷони онҳо гашт.

Ҳуртундев мегуфт:

– Фардо ӯро ба хок яксон хоҳам кард.

Вақте ки Эраҷ ба майдони доманаи кӯҳ омада нишаст, чанд кас аз фармондеҳони қӯшуни Тӯрон ба пеши ӯ омада, ӯро ба хаймаи сардори худ даъват карданд. Эраҷ даъватро қабул намуда, бо онҳо рафт. Ӯро бо иззати тамом ба хайма дохил карданд. Сардори онҳо аз ҷой бархоста, аз паҳлуи худ ба вай ҷой дод. Бо амри сипаҳсолор дастархон оростанд. Ҳамаи фармондеҳон аз шуҷоат ва суханронии Эраҷ дар ҳайрат буданд. Сардори онҳо гуфт:

– Ҷавони мусофир, аз куҷо меойӣ, ба куҷо рафтанӣ ҳастӣ?

– Ман шахси сайёҳ ҳастам, – гуфт Эраҷ, – бо мақсади саёҳат ин ҷо омадам.

– Куҷоӣ ҳастӣ?

– Тӯронӣ.

– Аз куҷои Тӯрон?

– Аз Хатлонзамин.

Эраҷ дар навбати худ ба онҳо суол дод:

– Ин лашкар лашкари кист ва мақсад аз ин ҷанг чист?

– Ин лашкари мамлакати Тӯрон аcт! Барои барҳам додани душмани тӯрониён – девҳо меҷангид, то ки тамоми халқи ин мамлакат аз ҷавру зулми онҳо халос шавад.

Эраҷ бихандид ва гуфт:

– Ягона мақсад ва орзуи ман низ ҳамин аст. Азбаски ман фарзанди ҳамин ватан ҳастам ва мақсади ҳамаи мо як аст, фардо дар роҳи ин мақсад ҳунарҳои худро нишон медиҳем.

Луғат

1. Тилисм – ҷоду.

2. Раҳнамо – ба маънои нақша омадааст.

3. Каманд – абзори ҷангӣ, мисли арғамчин, ки ҳалқадавак дорад.

4. Мубориз талаб кардан – дар майдони муҳориба касеро ба ҷанги тан ба тан даъват кардан.

5. Камон – абзори ҷангӣ, чӯби хамидае, ки ду нӯги онро бо зеҳ таранг мебанданд ва ба воситаи он тирро сар медиҳанд.

6. Урду – лашкар, сипоҳ.

Савол ва супориш

1. Оё номи гузошташуда ба мазмуни пораи афсона мувофиқат мекунад?

2. Маънои «шамшери ҷонситон»-ро чӣ гуна мефаҳмед?

3. Бо калонсолон чӣ гуна бояд муомила кард? Ба фикри шумо, рафтори Эраҷ нисбати мӯйсафед дуруст буд?

4. Аз ҷумлаи «Каманду камон ба китф, найза ба даст ва шамшер ба миён карда буд» калимаҳоеро, ки бо ҳарфҳои сиёҳ чоп шудаанд, ба дафтаратон нависед. Оё онҳо муродиф ё муодил доранд? Имрӯз ин калимаҳо бо кадом тарз истифода мешаванд, дар дафтаратон қайд кунед.