Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.
Низомии Арӯзӣ
Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Рашидии Самарқандӣ
Дар яке аз шабҳои ҷумъаи соли 858 дар хонадони Муҳаммад тифли зеборӯе чашм ба олам кушод. Ба ӯ Ҷаъфар ном гузоштанд. Касе намедонист, ки солҳо мегузараду овозаи шеъраш ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён мерасад. Ӯро ба дарбор даъват мекунанд, соҳибқирони шоирон, Маликушшуаро мегардад. Номи деҳаи Панҷрӯд ё Рӯдакро машҳури оламиён мегардонад ва то абад сардафтари адабиёти тоҷику форс мемонад. Дар ҳаққи чунин бузургон хуб гуфтаанд:
Зиндаи ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Дар бораи мардӣ, одамгарӣ ва омӯхтани таҷрибаи ҳаёт
1. Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.
2. Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис1 туро ба кор ояд.
3. Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Ҳеч н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
4. Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад2,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накукорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.
ДАР БОРАИ ДОНИШ
5. То ҷаҳон буд аз сари одам фароз3,
Кас набуд аз рою дониш бениёз4.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рою донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг-андар ҳаме бингоштанд5.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан6 аст.
6. Ба чашми дилат7 дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
7. Ой дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Луғат
1. Дафъи ҳаводис – бартараф кардани ҳодисаҳо.
2. Чашми хирад – ба маънои бо чашми ақлу заковат.
3. Фароз – баланд; ин ҷо ба маънои аз қадим боз.
4. Бениёз – беэҳтиёҷ, номуҳтоҷ, ба касе муҳтоҷ набудан.
5. Бингоштан – навиштан.
6. Ҷавшан – либоси ҷангӣ.
7. Чашми дил – ба маънои чашми хирад.
Маънои мисраъ: Он чашме, ки ту дорӣ, бо он маънии ботинро дарк карда наметавонӣ, яъне бояд ба воситаи хираду дониш ба ҷаҳон нигарӣ ва ҳодисаҳои онро биомӯзӣ.
Савол ва супориш
1. Панду ҳикматҳои устодро мутолиа ва ҳифз (азёд) намоед.
2. Ҳар як порчаро алоҳида шарҳ диҳед, маънидод намоед.
3. Дар порчаи якум дар бораи мардӣ сухан меравад. Бигӯед, ки шумо мардиро чӣ гуна мефаҳмед?
4. Оё таҷрибаи рӯзгор аз омӯзгор ҳам болотар аст? Онро батафсилтар шарҳ диҳед.
5. Киштӣ чист? Шоир чиро дар назар дорад?
6. Дониш бар тани инсон ҳамчун ҷавшан аст? Магар ин муболиға нест? Ҷавшанро чӣ гуна мефаҳмед, шарҳ диҳед.
7. Дар порчаи ҳафтум шоир аз чӣ дареғу афсӯс мехӯрад? Маънои онро фаҳмонед. Пас шарҳи кардаатонро дар дафтаратон нависед. Ҳангоми навишт мақоли «Фарзанди нағз – боғи падар, фарзанди бад – доғи падар»-ро истифода баред.
8. Порчаи ҳафтумро ба наср баргардонед.