Абуалӣ ибни Сино

Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,

Фардо чӣ кунӣ, чу ҳеч натвонӣ кард.

Абуалӣ ибни Сино

Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ сахт бемор гардид. Дар муолиҷаи ӯ табибон оҷиз монданд. Ҳарчанд саъю кӯшиш намуданд, бемор шифо намеёфт. Пас аз ҳар гӯшаву канори кишвар ва ҳатто мамлакатҳои дигар табибони номдорро даъват карданд, вале ин коре буд беҳуда. Нуҳ чашм накушод ва беҳ нагардид. Дар ҳамин вақту соат ба аҳли дарбор хабар расид, ки дар Бухоро ҷавоне ҳаст дар илми тиб фозилу комил.

Он ҷавонро, ки дар ҳақиқат ҳаждаҳ сол дошт, ба дарбор ба назди Нуҳ даъват карданд. Абуалӣ беморро дид, ташхис намуд ва ба табобат пардохт. Бемор рӯз то рӯз беҳ шудан гирифт ва ба по хест. Муддате нагузашту Нуҳ шифо ёфт, бардаму солим гашт. Дар назди амир ва аҳли дарбор Абуалӣ соҳибиззату соҳибэҳтиром гардид. Нуҳ Абуалиро ба наздаш хонд ва бо камоли меҳрубонӣ ба ӯ гуфт:

– Эй фарзанди арҷманд, дар ҳаққи мо хидмате кардӣ шоиста. Маро аз марг наҷот додӣ. Бигӯ, подоши ин хидматҳоят чӣ хидмате бароят кунам? Лаълу гуҳар мехоҳӣ ё ҷоҳу мансаб? Ба ҳамааш сазовор ҳастӣ.

– Амирам, – гуфт ҷавон, – на лаъл хоҳаму на гуҳар ва ҷоҳу мансаб. Аз Шумо ман подоши дигареро орзу дорам. Бисёр мехостам ба ман иҷозат медодед, ки ба китобхонаи салтанатӣ по гузорам.

Шоҳ, вазирону дабирон ва аҳли дарбор аз гуфтори Абуалӣ моту ҳайрон шуданд. Яке аз дарбориён ба Абуалӣ бо таассуф гуфт:

– Эй ҷавон, бахтат омад карду ту онро пеши по задӣ! Аз амири хайрандешу уламопарвар молу сарват, ҷоҳу мансаб талаб мекардӣ, беҳтар набуд? Ҳоло ҳам сари вақт аст, фардо пушаймон мешавӣ.

– Ҳаргиз аз ин инъоми шоҳона пушаймон нахоҳам шуд. Дабири муҳтарам, шоҳ бароям дари ганҷинаи донишро кушод. Ман аз он баҳра мегирам, ганҷҳо меофарам ва ин ганҷҳоро барои ворисонам мерос мегузорам. Онҳо мисли молу сарват нест намешаванд, балки ҷовидон мемонанд.

Мақбараи Сино дар Ҳамадон

Амир Нуҳ ибни Мансур дар ҳузури аҳли дарбор хазинадорро даъват кард ва ба ӯ амр намуд, ки калиди «Кохи хирад»-ро ба Абуалӣ диҳад.

Солҳо гузашт. Сино асарҳои оламшумул офарид, ки онҳо барои ояндагон, ҳаммиллатон ва аҳли башар туҳфаи арзандатар аз дурру гуҳар ва зару зевар ҳастанд.

Оре, аз рӯзгори ин марди хирадманд, ки ӯро Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мегӯянд, зиёда аз ҳазор сол гузашт, вале имрӯз ҳам номи ӯ боиси ифтихори мардуми мост.

Сино соли 980 дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро ба дунё омада, соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот намудааст.

Мардум ба ин марди бузург меҳру муҳаббати беандоза доранд. Дар бораи ӯ нақлу ривоят, қиссаву ҳикоят, суруду тарона, роману достонҳо офаридаанд. Дар онҳо хирадмандӣ, ақлу заковат, донишу маърифати Абуалӣ ибни Сино бо камоли эҳтирому самимият ба қалам дода шудааст. «Ал-Қонун», «Китоб-уш-шифо», «Донишнома» ва дигар асарҳояш чандин аср дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб ҳамчун китоби дарсӣ ба толибилмон хидмат кардаанд. Ҳоло ҳамчун намуна чанд нақлу ривояти халқиро меорем.