Рӯзе як деҳқон дар саҳро ҷуфт меронд. Нохост аз замин як кӯзаи зар баромад. Деҳқон дар умраш тиллоро надида буд ва бисёр камбағалона зиндагӣ мекард. Вай хурсанд шуда, даррав онро аз замин гирифту ба як ҷуволча1 андохт ва дар як ҷой пинҳон кард.
Дар ҳамин вақт саворе аз дур намоён шуд. Деҳқон худ ба худ фикр кард: «Агар ҳамин одам кӯзаи зарро дида бошад ва рафта ба подшоҳ гӯяд, маро хеле ташвиш медиҳанд. Беҳтар он ки ӯро ҷеғ занаму зарро ҳар ду тақсим кунем».
Савора ба роҳи худ мерафт. Деҳқон бо овози баланд ӯро ҷеғ зад. Савора аз роҳи худ гашт, ба пеши ӯ омада, салом дода гуфт:
– Хӯш, ака, чӣ гап дорӣ, ки маро аз роҳам доштӣ?
Деҳқон дар дилаш гуфт: «Надида будааст, беҳуда ҷеғ задам, беҳтар ин ки нафаҳмонам». Баъд ба роҳгузар гуфт:
– Эй бародар, ку бигӯй, аз ҳамин ду гови ҷуфтӣ кадомаш хуб аст?
– Уф, нодон, маро барои ҳамин гапи бемаънӣ ҷеғ задӣ? – гуфта савора ба роҳаш рафтан гирифт.
Савора хеле роҳ рафт. Деҳқон худ ба худ фикр карда гуфт: «Маълум аст, ки ин одам тиллоро дидааст вагарна, бо ман дуруст муомила мекард. Эҳтимол, ба подшоҳ рафта маълум кунад». Боз ба дилаш ҳавл афтод. Боз савораро ҷеғ зад. Марди раҳгузар ба фарёди ӯ гӯш накард.
– Ҳой, бародар, биё, рости гапро мегӯям! – гӯён фарёд кард.
Марди савора фикр кард, ки «биё, рости гапро гӯям» гуфтани ӯ беҳикмат2 нест. Шояд гапи аҷиб дошта бошад,– гӯён боз аз роҳи худ гашта омад:
– Ана, ман омадам, чӣ мегӯйӣ? – гуфт.
Боз ба тақсим кардани тиллоҳо дили деҳқон нашуда гуфт:
– Ана, ҳамин оҳани ҷуфтро ман пӯлод гуфта харидам. Ту росташро гӯй, пӯлод аст ё оҳан?
Марди савора дар ғазаб шуда:
– Эй марди аҳмақ, чаро маро боз аз роҳам гардондӣ? Ба назарам, ту чизеро пинҳон медорӣ! – гуфт ва ба роҳи худ равон шуд.
Деҳқони содадил боз хаёл карда ба худаш гуфт, ки «ҳақиқатан ҳам ин одам зарро дида будааст. Бешакку шубҳа рост ба подшоҳ рафта мегӯяд». Боз ӯро ҷеғ зад: «Ин дафъа росташро мегӯям» гуфта қасам ёд кард.
Марди савора боз аз роҳаш гашта омад. Деҳқон хост, ки росташро гӯяд, лекин боз пушаймон шуда гуфт:
– Ман мехоҳам, ки аз ҳамин ду гови пир яктояшро фурӯхта, ба ҷояш як гови ҷавонтар бихарам. Ту бигӯй, ки кадомашро фурӯшам?
Марди раҳгузар оташин шуда, деҳқонро бисёр дашномҳо дода, ба роҳи худ рафт.
Баъд аз рафтани марди савора деҳқон боз пушаймон шуда, ба худаш мегуфт: «Кори хуб накардам. Беҳтараш он буд, ки тақсим мекардаму халос мешудам. Албатта, вай ҳоло рост рафта ба подшоҳ хабар медиҳад». Деҳқон саросема шуда, ҷуфтрониро монда, кӯзаи зарро гирифту рост ба хонааш омад ва ба занаш гуфт:
– Эй зан, акнун бой шудем. Як кӯза тилло ёфтам.
Занаш кӯзаи пур аз зарро дида хурсанд шуд. – Лекин, зан, дилам ноором аст, – гуфт деҳқон.
– Ҳа, боз барои чӣ? – пурсид занаш ҳайрон шуда.
– Вақте ки ман кӯзаро ёфта пинҳон мекардам, аз роҳ як марди савора мегузашт. Ба гумонам ҳамон одам инро дид. Албатта, вай ба подшоҳ рафта хабар медиҳад. Биё, беҳтараш инро худам ба подшоҳ бурда супораму аз зулми ӯ халос шавам. – гуфт мард ва аз занаш пурсид: – Ту чӣ мегӯйӣ?
– Хуб мешавад, – гуфт зан.
– Пас, ту ин ҷуволчаи кӯзадорро гирифта дар ҷое пинҳон кун, ман рафта говҳоро оварда саришта кунам. Баъд ба пеши подшоҳ меравам, – гуфта деҳқон аз хона баромада, ба сари заминаш равона шуд.
Зан дид, ки шавҳараш кӯзаи пур аз зарро бемалол ба подшоҳ бурда супурданист. Ба даруни ҷуволча як санги кӯзачамонандро андохту кӯзачаро гирифта пинҳон кард.
Деҳқон корашро тамом карда, омада ҷуволчаро гирифту рост ба қасри подшоҳ равона шуд. Ба таги дари қаср расида аз ясавулон3:
– Ба ҳамин ҷо як марди савора омада буд? – гуфта пурсид.
Ясавулон:
– Ҳар замон ба ин ҷо садто савора меояд – гуфта ҷавоб доданд.
– Пас, ман ба подшоҳ кор дорам, монед, ба назди вай дароям, – гуфт деҳқон.
– Ҳоҷати даромаданӣ ту нест. Арзатро гӯй, худамон даромада мегӯем, – гуфтанд ясовулон.
– Гапи махфӣ дорам, фақат ба худи подшоҳ мегӯям, – гуфт деҳқон.
Ноилоҷ рухсат доданд. Вай ба пеши подшоҳ даромада, бо овози баланд:
– Эй подшоҳ, ана ина, гиред! – гуфту ҷуволро дар пеши ӯ монд.
– Ин чист? – пурсид подшоҳ.
– Кушода бинед, баъд қаҳ-қаҳ зада механдед, – гуфт деҳқон.
Подшоҳ ҳайрон шуд, ҷуволчаро кушода дид, ки як санг будааст.
– Хуб, дидам, ин сангро барои чӣ овардӣ? – пурсид подшоҳ.
Деҳқон дид, ки кӯзачаи зар нею санг аст, ҳайрон нашуда зуд гуфт:
– Эй подшоҳ, ҳамин санга ман даҳқадоқӣ4 гӯям, занам ҳаштқадоқӣ4 мегӯяд. Шумо фарқ карда диҳед, ки гапи кадомамон дуруст аст?
Подшоҳ дар қаҳр шуда, фармуд, ки ӯро бурда, ба зиндон андозанд.
Билохира, он мардро зиндонӣ карданд. Деҳқон дар зиндон худ ба худ «охир кӯзаи ёфтаи ман пур аз зар будку!» гӯён ҳайрон шуда фикр мекард. Бо ангуштони ҳар ду дасти худ сарашро дошта, шакли таги кӯзаро, як дасташро аз оринҷ боло баланд карда, қадди кӯзаро ва чор ангушти дастонашро нӯг ба нӯг монда, шакли даҳани кӯзаро месохт, баъд бо тааҷҷуб гиребонашро даст гирифта, худ ба худ «тавба!» мегуфт.
Зиндонбон ин кирдор ва рафтори ӯро аз сӯрохии дар тамошо мекард. Вай ҳамаи он ҳаракатҳои ӯро омада ба подшоҳ гуфт. Подшоҳ фармуд, ки ӯро наздаш биёранд. Деҳқонро ба пеши подшоҳ бурданд.
Подшоҳ гуфт:
– Эй аблаҳ, дар зиндон чӣ ҳаракатҳо мекардӣ? Вай чӣ буд? Сабабаш чист? Росташро гӯй, вагарна мекушамат. Деҳқон гуфт:
– Эй подшоҳи ман, кӯзаи обхӯрии ман дар сари замин фаромӯш шуда буд. Худам дар ин ҷо банд шудам. Албатта, он кӯзаро дузд бурд. Агар ман аз ин ҷо халос шуда баромада рафта, кӯзаро аз хонаи дузд ёбаму дузд «ин кӯзаи худам аст» гуфта надиҳад, ман ба пеши қозӣ5 рафта арз мекунам. Албатта, қозӣ ҳар дуямонро ҷеғ зада мепурсад ва ба ман «нишонаҳои кӯзаро гӯй» мегӯяд. Ана, дар ҳамон вақт ҳамин андозаҳои дар зиндон кардаамро ба қозӣ нишон медиҳам. Албатта қозӣ кӯзаро талаб карда мебинад, ки гапи ман рост будааст. Ана баъд кӯзаро ба фоидаи ман ҳукм мекунад. Подшоҳам, аз ҳамин сабаб ман дар зиндон шакли ҳамон кӯзаамро ба хотир меовардам.
Подшоҳ ба гапҳои ӯ бовар накард. Фармуд, ки ӯро боз ба зиндон бурда андозанд. Зиндонбонро ҷеғ зада фармуд, ки дар зиндон каҳи намнок ва қаламфурпояро даргиронда дуд кунад, то ки деҳқон ба танг омада, рости гапро гӯяд.
Зиндонбон амри подшоҳро ба ҷо овард.
Деҳқон аз дуди ғализ ба танг омада фарёд кард:
– Маро бароред, рости гапро мегӯям!
Ӯро аз зиндон бароварданд. Вай «гапамро рафта ба гӯши подшоҳ мегӯям» – гуфт. Ӯро ба назди подшоҳ оварданд. Деҳқон даҳони худро ба гӯши подшоҳ наздик оварда, пичиррос зада гуфт:
– Эй подшоҳ, ин номаъқулиро як бор кардӣ, дигар такрор накун, ки каҳдуд бисёр чизи бемаза будааст!
Подшоҳ ӯро девона гумон карда ба хидматгоронаш фармуд, ки бароварда пеш кунанд.
Деҳқон аз ин балоҳо халос шуда, ба хонаи худ омад, зарҳоро сарф кард ва бо зану бачагони худ бароҳат зиндагӣ карда, ба муроду мақсадаш расид.
Луғат
1. Ҷуволча – халтаи хурд.
2. Беҳикмат нест – бегап нест, сирре ниҳон дар дил дорад.
3. Ясавулон – сардори посбонон, хидматгорон ва муҳофизони шоҳ.
4. Қадоқ – воҳиди вазн, як қадоқ баробари 400 гр.
5. Қозӣ – додрас, судя.
Савол ва супориш
1. Шумо дар бораи марди деҳқон чӣ андеша доред?
2. Зани деҳқон чаро шавҳарашро фиреб дод?
3. Калимаи «ясавулон» чанд ҳиҷои баста дорад?