1. Машав ғарра бар ҳусни гуфтори хеш,
Ба таҳсини нодону пиндори хеш!1
2. Ҳар кӣ бо донотар аз худ баҳс кунад, то бидонад, ки доност, бидонад, ки нодон аст.
3. Ҳар кӣ бо бадон нишинад, некӣ набинад.
4. На ҳар кӣ ба сурат некуст, сирати зебо дар ӯст.
5. Кор дарун дорад, на пӯст.
6. Тавон шинохт ба як рӯз дар шамоили мард,
Ки то куҷош расидаст пойгоҳи улум2.
Вале зи ботинаш эмин мабошу ғарра машав,
Ки хубси нафс3 нагардад ба солҳо маълум.
7. Ҳар киро, ки душман дар пеш аст, агар накушад, душмани хеш аст.
БАЙТ
Санг бар дасту мор сар бар санг,
Хирароӣ бувад қиёсу диранг4.
8. Ҷавонмарде, ки бихӯрад ва бидиҳад, беҳ аз обиде5, ки рӯза дораду надиҳад.
9. Андак-андак хеле шавад, қатра-қатра селе гардад, яъне онон, ки дасти қудрат надоранд, санги хӯрда нигоҳ доранд, то ба вақти фурсат димор аз димоғи золим бароранд.
10. Душмане заиф, ки дар тоат ояд ва дӯстӣ намояд, мақсуди вай ҷуз он нест, ки душмани қавӣ гардад. Ва гуфтаанд, ки бар дӯстии душманон эътимод нест. Ҳар кӣ душмани кӯчакро ҳақир шуморад, бад-он монад, ки оташи андакро муҳмал6 гузорад.
ҚИТЪА
Дар сухан бо дӯстон оҳиста бош!
То надорад душмани хунхор гӯш.
Пеши девор ончи гӯйӣ, ҳуш дор!
То набошад дар паси девор гӯш.
Луғат
1. Пиндори хеш – фикр, гумон ё андешаи хеш.
2. Улум – илмҳо.
3. Хубси нафс – палидӣ, нопокии нафс.
4. Обид – худотарс, рӯҳонӣ, худоҷӯй.
5. Муҳмал – бесоҳиб, беназорат.
Савол ва супориш
1. Дар байни байти аввал аз ҷумлаи сонӣ аз нигоҳи мазмун чӣ муносибат аст?
2. Аввал зоҳир ва ботинро шарҳ диҳед. Баъд маънои зоҳирӣ ва ботиниро вобаста ба мазмуни боло маънидод намоед.
3. Чаро адиб «Бо ашхоси бад нишинед, некӣ набинед» мегӯяд?