Чунин овардаанд, ки баъд аз ҳафт сол нимрӯзӣ, ки дари сарой холӣ буд ва мардумон ҳама рафта буданд ва навбатчиён хуфта, яке аз ҷарасҳо1 бонг баровард.
Нӯшервон бишунид, дар вақт ду ходимро бифиристод, ки бингаред, ки кист, ки ба тазаллум омадааст. Чун ходимон ба дари сарой омаданд, хареро диданд, пир ва лоғар, ки аз дари сарой даромада буд ва пушт дар он силсилаҳо мемолид ва аз ҷунбиши занҷир аз ҷарасҳо садо меомад. Ҳар ду ходим рафтанду гуфтанд:
– Ҳеч кас ба тазаллум наёмадааст, магар хари лоғар, ки андаромадааст. Чун осеби занҷир ба пушти ӯ расида ва ӯро хуш омадааст ва ба сабаби хориш хештанро ба занҷир ҳамемолад. Нӯшервон гуфт:
– Эй нодонон, ки шумоед, на чунин аст, ки пиндоред. Чун нек бингаред, он хар ҳам ба дод хостан омадааст. Ин харро дар миёни бозор баред ва аз ҳар кас аҳволи ин хар бипурсед ва ба ростӣ маълуми раъйи ман кунед.
Ходимон аз пеши малик берун омаданд ва он харро дар миёни бозор бурданд ва аз мардумон пурсидан гирифтанд, ки касе ҳаст харро бишносад?
Гуфтанд:
– Шиносем.
Ходим гуфт:
– Чун шиносед?
Гуфтанд:
– Ин хар аз фалон козур2 аст ва қариб бист сол аст, ки то пеши ӯ мебинем. Ҳар рӯз ҷомаҳои мардумон бар пушти ӯ ниҳода ба козургоҳ мебурд ва шабонгоҳ меовард. То ҷавон буд, кораш метавонист кардан, алафаш медод. Акнун, ки пир шуд ва аз кор фурӯ монд, озодаш кард ва акнун муддати як солу ним аст, то аз хона берун кардааст ва рӯз дар маҳаллаҳо ва кӯю бозор мегардад. Ва ҳар кас барои Худо порае алаф ва об медиҳад. Магар ду шабонарӯз аст, ки обу гиёҳ наёфта ва ҳарза мегардад.
Ва чун ходимон аз ҳар кӣ шуниданд, ҳамин шуниданд, сабукбор гаштанд ва маълуми раъйи малик карданд. Нӯшервон гуфт:
– На шуморо гуфтам, ки ин хар ба дод хостан омадааст? Ин харро имшаб неку доред. Фардо он мардро бо чаҳор кадхудо3 аз маҳаллаи ӯ бо ин хар ба даргоҳ оред пеши ман, то ончи воҷиб ояд, бифармоям.
Дигар рӯз ходимон чунин карданд. Харро ва козурро бо чаҳор кадхудо ба вақти бор додан ба даргоҳ бурданд.
Нӯшервон козурро гуфт:
– Ин хар то ҷавон буд, кор метавонист кард, алафаш медодӣ. Акнун, ки пир гашт, аз кор фурӯ монд, аз дар берунаш кардӣ? Пас, ҳаққи хидмати бистсола куҷо шуд?
Бифармуд, то чиҳил даррааш бизаданд ва гуфт:
– То ин хар зинда аст, хоҳам, ки ҳар шабонарӯзе чандон, ки коҳу ҷав тавонад хӯрдан, ба қалами ин чаҳор мард медиҳӣ ва агар тақсир кунӣ, маълуми ман гардад, туро куштан фармоям!
Луғат
1. Ҷарас – зангӯла
2. Козур – шустагар, шахсе, ки матои навбофтаро ба тарзи махсус шуста сафед ва ҳамвор мекунад; ин ҷо ба маънои либосшӯй омааст.
3. Кадхудо – арбоби деҳа, раис, сардор.