Воқеаи ба тарафи Хуҷанд ҳаракат кардани чингизиён ба ин тариқа рӯй дода буд: Чингизхон дар соли 615 Ҳиҷрӣ (1219 милодӣ) тайёрии дуруст дида, ғайр аз он қисмҳои аскарӣ, ки дар сарҳади Хитой ва маркази Муғулистон гузошта буд, бақияи тамоми лашкариёни худро бо худ гирифта, ба қасди поймол кардани Мовароуннаҳр, Хоразм ва Хуросон ба роҳ баромад ва дар аснои роҳ Арслонхон, Айдиқут ва соири қавмҳои кӯчманчии турк, ки ба ӯ тобеъ шуда буданд, ба лашкари ӯ пайвастанд.
Чингизхон ба Утрор, ки шаҳри сарҳадии мамлакати Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ буд, расида, ду писари худ – Ӯқтой ва Чиғотойро бо лашкари гарон ба муҳосираи Утрор амр фармуд, писари дигари худ Ҷӯҷиро фармуд, ки бо қӯшуни худ дашту биёбонҳои он давру пешро гардиш карда, роҳҳоро забт ва нигоҳдорӣ намояд, то ки хоразмиён ба лашкариёни ӯ ҳуҷуми ногаҳонӣ наоваранд ва шабехун назананд. Ӯ Улоқнӯён ва Мангубуқоро бо панҷ ҳазор кас ба тарафи Банокат ва Хуҷанд фиристода, худаш ба тарафи Бухоро ҳаракат кард.
Чун Улоқнӯён ба Банокат расид, ҳокими он ҷо – Ялангумалик бо қавми қониқлӣ, ки навкарони ӯ буданд ва аҳолии шаҳр се рӯз дар муҳосира буданд. Аммо Ялангумалик дар муқобили чингизиён истодагарӣ карданро лозим надониста, барои «халос кардани ҷони худ» дар рӯзи чорум бо навкарони худ аз шаҳр баромада, ба Улоқнӯён таслим шуд ва дарвозаҳои шаҳрро ба рӯйи муғулон кушода гузошт.
Улоқнӯён бар хилофи умеди Ялангумалик ва ваъдаи худ дар навбати аввал ӯро бо тамоми навкаронаш аз дами теғ ва неши тир гузаронид, баъд аз он аҳолии шаҳрро берун бароварда, дар майдоне ғун кард ва аз байни онҳо ҷавонон ва ҳунармандонро ҷудо карда гирифта, бақияи онҳоро тамоман қатли ом кард ва шаҳрро баъд аз тороҷ кардан сӯхта, ба замин яксон намуд.
Улоқнӯён баъд аз тамом кардани кори Банокат асирони банокатӣ – ҷавонон ва ҳунармандонро ба номи ҳашарӣ пеш андохта, ба ҷониби Хуҷанд раҳсипор шуд. Асирони пиёда ва гурусна дар зери теғи бараҳнаи саворони Чингизи хунрез пеш медавиданд. Аз асирон ҳар касе, ки аз гуруснагӣ ва мондагӣ, ё ин ки аз беморӣ аз рафтор бозмемонд, ҷаллодони хунхор бо найза ва шамшер ӯро кушта реза-реза карда, партофта мерафтанд.
Аммо Хуҷанд, ки дар зери роҳбарияти фарзанди содиқи худ Темурмалик ба мудофиа тайёр шуда буд, Улоқнӯёнро монанди Банокат пешвоз нагирифт. Темурмалик наздик расидани чингизиёнро шунида, аз дувоздаҳ киштии сарпӯшидаи худ шаш киштиро ба сафар тайёр кард, намадҳои болопӯши киштиҳоро дар об тар карда, ҳар қабати онҳоро бо қабати дигар болои ҳам часпонида, ба бом ва девораи киштиҳо кашида, рӯйи онҳоро ҳам бо як қабат лойи сахти ғафс андовонид ва ҷавонони тирандозро ба пеши даричаҳои тирандозии сипардори киштӣ шинонида, ба пешвози душмани хунхор тайёр шуд.
Вақте ки Улоқнӯён ба канори оби Хуҷанд – дарёи Сир расида барои худ гузаргоҳ меҷуст, он шаш киштӣ ба канор наздик омада, душманро зери тирборон гирифтанд. Тирҳои пӯлодпайкони синашикоф аз камонҳои ҷавонони тоҷики қодирандоз ҷаста, аз даричаҳои киштӣ баромада, монанди уқобони тезнохун, аммо бо суръати барқ дар ҳаво парвоз мекарданд ва бехато ба сина, шикам ва рӯю чашми муғулон зада чок-чок мегардонданд.
Улоқнӯён, ки аз он пеш он гуна чизҳоро надида буд, дар аввали кор саросема шуда монд. Ӯ ҳарчанд диққат мекард, бар рӯйи об аз банӣ Одам касеро намедид, ӯ ҳамин қадарро медид, ки чизҳои калони сиёҳчаранг дар об ҳаракат мекунанд ва аз ҳар тарафи онҳо тирҳо баромада омада, навкарони ӯро ба хуни худашон оғушта мегардонанд. Ӯ баъд аз андешаи бисёр гумон кард, ки бояд онҳо филҳои Султон Муҳаммад бошанд, зеро ӯ шунида буд, ки султон ҳайвонҳои қавиҳайкали ҷангӣ дорад, ки онҳоро “фил” меноманд ва бист занҷир аз он филҳоро дар Самарқанд барои муҳофизати он шаҳр гузоштааст ва бо ин мулоҳиза ӯ ба дили худ гузаронид, ки аҷаб нест, чанде аз он ҳайвонҳоро ба Хуҷанд ҳам фиристода бошад. Ӯ бо ин гумон навкарони худро фармуд, ки он чизҳоро ба зери тирборони сахт бигиранд.
Муғулон, ки дар тирандозӣ машҳури ҷаҳон шуда буданд, бо як ғазаби ваҳшиёна киштиҳоро дар зери борони тир гирифтанд. Тирҳо ҳам бехато ба киштӣ бармехӯрданд ва ба ҷойи расидаашон то сӯфор фурӯ рафта халида мемонданд, аммо ба киштиҳо, ки ба гумони муғулон филҳо буданд, таъсире намекарданд. Ва ҳол он, ки назар ба шунидани Улоқнӯён захми бисёр филҳоро ҳам аз пой меафтонд ва ҳеч набошад, аз сафи ҷанг мегурезонд. Ин «филҳо» бошанд, бо вуҷуди ин ҳама тир хӯрдан, бо ҳамон суръату ғайрати аввалӣ дар ҳаракат буда, дар ҳар ҷо, ки гурӯҳи серодами муғулонро медиданд, ҳамон ҷоро тирборон менамуданд ва тирҳояшон ҳам бехато муғулкушӣ мекарданд. Аммо тирҳои муғулон ба киштинишинон, ки пеши даричаҳои сипардор нишаста тир меандохтанд, ҳеҷ зарар расонида наметавонист.
Дар охири рӯз киштиҳо ба сабаби бар баданашон бисёр халида мондани тирҳои муғулон шакли ҷайраҳоеро гирифтанд, ки ба ҳуҷум тайёр шуда истода дукҳои бадани худро бархезонда бошанд ва монанди ҷайраи ҳуҷумкунанда босуръат ҳаракат карда, босуръат тир меандохтанд.
Улоқнӯён дар охир ба ин фикр омад, ки бояд ин чизҳо фил ва ё ягон ҷондори дигар набошанд, зеро агар ҷондор мебуданд, каме ҳам бошад, аз тирборони мо зарар медиданд, балки инҳо бояд тилисме бошанд, ки тоҷикони Хуҷанд дар муқобили мо баста бошанд.
Улоқнӯён монанди муғулони онвақта ба сеҳру ҷоду ва тилисм бовар дошт ва инро ҳам шунида буд, ки тоҷикон моҳиртарини ҷодугарон ва тилисмбандони дунёанд. Ӯ баъд аз ба ин хаёл омадан бисёр маъюс шуд, зеро назар ба ақидаи вай ба муқобили сеҳру ҷоду ва тилисм дасти одамони одӣ ва яроқи онҳо ҳеч кор карда наметавонист.
Шаб омад. Улоқнӯён дар ҳолате, ки як қисми аскаронаш кушта ва хаста шуда буданд ва худаш дар фикри «тилисмҳо» дар зери бори андешаву алам монда буд, аз канори об дуртар – дар ҷое, ки тири дарёгардони Темурмалик ба он ҷо намерасид, рафта манзил кард. Темурмалик ҳам бо киштиҳои худ аз сафи ҷанг ба пеши қалъаи обии худ баргашт. Ҷавонони киштисаворро хӯрок ва осоиш дод ва устоҳоро фармуд, ки киштиҳои имрӯз ба ҷанг иштироккардаро таъмир ва ислоҳ намоянд ва шаш киштии он рӯз ба ҷанг набаромадаро фармон дод, ки ба сафар тайёр шаванд.
Темурмалик баъд аз анҷом додани корҳои қалъаи обӣ ва киштиҳо худаш ба заврақе нишаста, ба тарафи шаҳри Хуҷанд аз об баромад ва ба қалъаи хушкӣ рафт. Мардуми шаҳр ва деҳоти атрофро, ки ба қалъаи хушкӣ ғун шуда буданд, ба мудофиаи шаҳр таъкид намуд ва ба онҳо тавсия кард, ки ба ҳеҷ ҳилаву найранг ва ба тарсонишу таҳдид таслим нашаванд ва оқибати таслимшудагонро пеши назар оварда, то ҷон дар бадан доранд, худро нигаҳдорӣ кунанд.
Темурмалик вақте ба қалъаи обӣ баргашта омад, ки шаб аз нима гузашта буд. Ӯ як қисм ҷавононеро, ки рӯзи гузашта дар ҷанг иштирок накарда буданд, бо шамшерҳо, шофҳо, ханҷарҳо, найзаҳо, гурзҳо ва табарзинҳо мусаллаҳ карда, ба киштиҳое, ки он рӯз дар эҳтиёт монда буданд, савор кард ва худаш дар киштии пешгард нишаста, дар торикии шаб ба сафар баромад. Ӯ киштиҳоро дар канор лангар андохта, ду нафар ҷавони ҳушёри пиёдагардро ба хушкӣ фуроварда фармуд, ки ба лашкаргоҳи муғулон рафта, аз аҳволи онҳо хабар биёранд.
Ин ду нафар ҷавони бодпой ба тарафи мақсад рафта ба зудӣ баргашта омаданд. Назар ба қавли онҳо муғулон монанди мурдаҳо хобида буданд ва посбонони дар гирди лашкаргоҳ гузоштаашон ҳам аз мондагии рӯзи гузашта ва бедорхобии шабона ба танг омада, дар пинак рафта буданд.
Темурмалик фурсатро ғанимат шумурда, дар ҳар кадом киштӣ ба қадри даркорӣ посбон гузошта, худаш бо ҷавонони зубдаи ҷанговари коромӯхта ба хушкӣ фаромад ва бо роҳнишондиҳии он ду ҷавон, ки аз урдуи душман хабар оварда буданд, бо пасхамиҳо, ҷариҳо ва ҷӯйҳо роҳи лашкаргоҳи Улоқнӯёнро пеш гирифт.Чун ба мақсад наздик расид, фармон дод, ки якбора ба урдугоҳи душман ҳуҷум оварда, аввал посбононро кушанд ва дар миёнаи қӯшун даромада, лашкаргоҳро зеру забар кунанд
Ҳуҷуми ногаҳонии шабона–шабехун муваффақиятнок баромад. То вақте ки муғулон аз хоб бедор шуда ҳушёр шаванд ва ба ҷанг тайёр гарданд, қисми муҳимми онҳо кушта ва хаста шуданд ва Темурмалик баъд аз ба ҷанг тайёр шудани муғулон бо ҷангҳои мудофиагӣ оҳиста-оҳиста ақиб гашта, худро ба канор кашид ва ҷанговарони худро дар киштиҳои «зиреҳпӯш» шинонда фармуд, ки дар пеши даричаҳои сипардор нишаста чингизиёнро, ки ба канор наздик омада буданд, тирборон кунанд.
Улоқнӯён дар ин тирборон ҳам талафот дода, маҷбур шуд, ки ақиб гардад, лекин дар натиҷаи ин воқеа ӯ фаҳмид, ки он чизҳое, ки бар рӯйи об сайр карда, навкарони ӯро тирборон мекардаанд, на фил будаанду на тилисму ҷоду, балки қалъаҳои дарёгард – киштиҳои болопӯшида будаанд, ки онҳоро Темурмалики қаҳрамон ва донишманд эҷод карда будааст.
Ба Улоқнӯён пайдарпай мадад меомад, дастаҳои аскари муғулон, ки дар роҳҳо ва деҳот барои бехавф кардани пушту паҳлуҳои урдуи чингизиён мегаштанд, баъд аз адои вазифаи асосияшон бо фармони Ҷӯҷӣ асирони ҷавонро ҳамроҳи худ гирифта, ба пеши Улоқнӯён ғун шудан гирифтанд. Ба ин тариқа дар пеши оби Хуҷанд саворони муғул ба бист ҳазор ва асирони ҳарбӣ, ки шаҳрӣ номида мешуданд, ба панҷоҳ ҳазор расиданд.
Бо вуҷуди ин, Улоқнӯён ҷасорат намекард, ки ба канор наздик омада, бо киштиҳои Темурмалик ҷанги рӯбарӯ кунад. Ӯ аскарони худро аз майдони тиррасии канори об дуртар манзил дода, ба таҳияи асбоби киштишикан ва киштисӯз даромад. Ӯ ба воситаи ҳунармандони асир чанд адад манҷаниқи калон ва чархҳои нафтандоз созондан гирифт ва ҳам фармуд, ки зарфҳо ёфта, онҳоро бо нафт пур кунанд.
Аммо Темурмалик дар ин муддат ором намеистод ва ҳар рӯз бо киштиҳо канори дарёро сайр карда ҳар аспу одаме, ки аз муғулон дар майдони тиррас ва дар чарогоҳҳо ба назараш намоён мешуд, бо тирҳои синашикоф ба заминашон фарш мекард.
Дар ин гуна ҷангҳо муғулон бисёр талаф мешуда бошанд ҳам, бо мададҳои пай дар пай шумораи лашкаронашон кам намегардид, балки ҳар рӯз зиёд мешуд.
Улоқнӯён баъд аз тайёр шудани манҷаниқҳо ва чархҳои нафтандоз дар канори об саркӯбҳо бино кунонида, асбобҳои сангандоз ва нафтандозро ба болои онҳо шинонид. Ҳарчанд дар рафти ин корҳо Темурмалик пайдарпай тирборон карда, ба қӯшуни ӯ зарарҳои намоён мерасонда бошад ҳам, сардори муғул бо талаф кардани бисёр навкарон ва асирон, ин корро пеш бурд.
Манҷаниқҳо ба кор даромаданд. Чингизиён бо ин асбоб бо сангҳои панҷпутӣ, даҳпутӣ киштиҳои Темурмаликро сангборон кардан гирифтанд, аммо ҳар санге, ки ба киштӣ мерасид, чунонки ба ҷуволи пурпахта расида бошад, ба намадҳои нарм бархӯрда, ба киштиҳо ҳеҷ осебе расонда натавониста ба об меғелид. Киштинишинон бошанд, дар пеши даричаҳои сипардор оромона нишаста тир меандохтанд ва тирҳояшон бехато муғулкушӣ мекарданд.
Ин ҷанги манҷаниқӣ барои Улоқнӯён бефоида ва пурзарар баромад ва бинобар ин, ӯ чархҳои нафтандозиро босуръат ба кор даровард. Аммо муғулон ҳар зарфи пурнафтро, ки оташ зада ба болои киштиҳои Темурмалик меандохтанд, ба намадҳои тари пурлой бархӯрда, ҷоеро намесӯзонид ва азбаски бомҳои киштиҳо шервонипӯш буданд, зарфи пурнафт дар он ҷо як сония ҳам қарор нагирифта, ба рӯйи об ғелида мерафт ва нафти оташгирифта ба рӯйи об қадре сӯхта хомӯш мегардид ва аз худ ба рӯйи об мавҷҳои чиркине мегузошт. Аммо темурмаликиён ҳамчунон душманкушӣ мекарданд.
Ҷангҳои манҷаниқӣ ва чархӣ чандин рӯз бар зарари чингизиён давом карданд. Дар ин миён Улоқнӯён ба Ҷӯҷӣ хабар фиристода, аз вай мадад ва барои ба даст овардани Хуҷанд маслиҳат пурсид. Ҷӯҷӣ аз аскар ва асир ба Улоқнӯён мадади нав фиристода, ба ӯ маслиҳат ва таълимот дод, ки дарёро бо санг пур карда, ба қалъаи обии Темурмалик роҳи хушкӣ созад.
Мувофиқи дастуруламали Ҷӯҷӣ Улоқнӯён панҷоҳ ҳазор нафар асирро даҳ-даҳ ва сад-сад тақсим карда, ба болои ҳар гурӯҳ аз муғулони савор муваккал гузошт ва фармон дод, ки онҳо аз кӯҳ санг кашонанд.
Муғулон барои сангкашонӣ кӯҳеро, ки ба ҳамон муносибат номаш «Кӯҳи Муғул» шуда мондааст, интихоб карданд. Як қисми асирони ҳашариро ба сангбурӣ ва сангкобӣ ва қисми дигарашонро ба сангкашонӣ кор фармуданд.
Чингизиён қувваи одамӣ ва вазни сангро ба ҳисоб нагирифта, ҳар як санги калонро ба пушти ҳар асир, ки рост ояд, мегузоштанд. Ӯ маҷбур буд, ки он сангро ба як бардоштан аз кӯҳ то канори об, ки бист километр зиёдтар масофа дошт, расонад. Саворони муғул бо шамшерҳои аз ғилоф кашида гурӯҳҳои сангкашонон ва ҳар асире, ки дар санг бардоштан ва роҳ рафтан сустӣ кунад ё аз гуруснагӣ ва беморӣ аз пой монад, дар ҳамон ҷо кушта мепартофтанд. Дар ин шароит ҳар рӯз садҳо асирон аз сафи кор мебаромада бошанд ҳам, чингизиён ҷойи онҳоро бо асирони наве, ки Ҷӯҷӣ мефиристод, пур карда, корро давом медоданд.
Асирон сангҳоро ба лаби дарё оварда, хирман мекарданд ва муғулон онҳоро дар об рехта, барои худ роҳи хушкӣ месохтанд. Аммо дар сохтани як газ роҳи хушкӣ сари чандин муғул ба бод ва танаш ба об мерафт: темурмаликиён бо ҳуҷумҳои пайдарпай сари сангрезони муғулро ба ҷойи сангпораҳо дар об мерехтанд ва шабона ҳам шабохун зада, роҳи сохташударо вайрон ва урдугоҳи муғулонро парешон мекарданд.
Дар ҷангҳои обӣ Темурмалик ҳеч талафот намедода бошад ҳам, дар ҷангҳои шабехунӣ беталафот намегашт. Муғулон хоҳ дар ҷанги обӣ бошад, хоҳ дар ҳуҷумҳои шабехунии Темурмалик беандоза талафот медоданд. Аммо аз он ҷо, ки қувваи муғулон бисёр буд ва ҳар рӯз ба онҳо мадади нав мерасид, талафоти онҳо ҳис карда намешуд ва талафоти Темурмалик ҳарчанд кам бошад ҳам, ба назар намоён мегардид. Бо вуҷуди ин, Темурмалик бо шиддати аввала ва балки аз вай ҳам зиёдтар ҷангро идома медод. Рӯз то рӯз зиёд шудани ҳисси интиқомгирии темурмаликиён нисбат ба чингизиён ва торафт шуълавартар шудани оташи ғазабу нафрат нисбат ба онҳо ҷойи камии ҷисмонии темурмаликиёнро пур мекард. Лекин аз даст рафтани шаҳри Хуҷанд ва қалъаи қадимии он ва қатли ом ёфтани аҳолӣ кори Темурмаликро душвор кард.
Савол ва супориш
1. Аз ин қисмат кадом лаҳзаҳо ба шумо писанд омад ва чаро?
2. Чаро ба киштиҳои аскарони Темурмалик тиру найзаи сарбозони муғул таъсир намекарданд?
3. Муғулон барои ғалаба дар ин ҷанг кадом роҳу воситаҳоро истифода бурданд?
4. Чаро шумораи лашкари муғул, бо вуҷуди он ки талафоти зиёд медоданд, кам намегардид?
5. Дар бораи таърихи шаҳри Хуҷанд чӣ медонед?
6. Аз харита шаҳри Хуҷанд, дарёи Сир ва Муғулистонро ёбед.