Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ (дар моҳи июни соли 1889) дар шаҳри Бухоро бемории вабо ва муромурӣ пайдо шуд. Акаам аз шаҳр бемор шуда, ба деҳа баргашта омад. Тағоии калонам Мулло Деҳқонро дар шаҳр вабо зада вафот кардааст, ки мурдаи ӯро аз он ҷо ба хонаи худашон ба деҳаи Маҳаллаи Боло овардаанд. Аҳволи сиҳатии падарам хуб набуд ва ӯ дар хона ба ака ва додарҳоям саробонӣ карда монд, ман модарамро ба сари мурдаи тағоиям ба хонаи бобоям бурдам.
Намедонам дар он ҷо ба модарам вабо расид ё ба марги бародараш бисёр сӯхт, ки дар ҳамон ҷо бемор шуд. Ман ӯро ба хар савор карда, базӯр ба хона овардам ва дидам, ки дар ин ҷо ҳам падар ва ҳам бародарони хурдсол, ки яке нуҳсола ва дигаре чорсола буд, бемор шуда афтоданд.
Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифта буд, ки дар вай ҳам доктор, ҳам фелдшер, ҳам ҳамшираи шафқат ва ҳам санитар танҳо ман будам. Дар як хонаи ҳафтболор панҷ бемор қатор хобида буданд ва ман бо навбат ба ҳар кадоми онҳо оби ҷӯш ё ин ки шир медодам, магасҳояшонро мерондам, берун баромадан хоҳанд, ба қадри қувва ёрӣ мекардам.
Дар байни як ҳафта ҳамаи хонаҳои деҳа монанди хонаи мо гардид, на танҳо дар деҳаи мо, ҳатто дар туман (район) ҳам одами тандуруст кам монд ва муромурӣ сар шуд. Аз деҳаи мо, ки тахминан 300 хонавор одам дошт, ҳар рӯз як ё ду ҷанозаро ба мазор мебурданд.
Ман он вақтҳо намедонистам ва ҳоло ҳам муайян карда наметавонам, ки беморони ман чӣ дард доштанд, он вақтҳо дар деҳаҳо духтур набуд. Дар деҳаи мо бошад, ҳамон табиби куҳнаи нодон ҳам набуд, ки бо ҷӯшонида додани хасу хошок беморон ва бемордоронро тасаллӣ диҳад. Дар деҳаи мо танҳо эшонон ва дуохонон буданд, ки бесаводони деҳа ҳам ба онҳо ихлос надоштанд ва онҳо ҳар вақт дуохонии худро дар деҳаҳои дурдаст кор мефармуданд.
Як рӯз ман ба Қорӣ Маҳмуд, ки номи ӯ дар ин дафтар пештар гузашт, гуфтам:
– Амаки эшон, шумо ҳар вақт дуохонии худро дар деҳаҳои бегона кор мефармоед ва ҳол он ки дар деҳаи худамон ҳам беморон бисёр шуданд, чаро инҳоро намехонед, ки шояд аз даму нафаси шумо шифо ёбанд?
Ӯ ҷавоб дод:
– Ҳеч дузд аҳолии деҳа ва маҳаллаи худро тороҷ намекунад. Магар ман аз дузд ҳам ноинсофтарам, ки ҳамсоягони худро фиреб диҳам?
Қисми ба фиребгарии худ иқрор кардани ин гуфтаҳои Қорӣ Маҳмуд дуруст бошад ҳам, қисми аз боинсофӣ фиреб надодани ҳамсоягони худаш дурӯғ буд. Дурусташ ин буд, ки ҳамсоягон, азбаски чӣ будани ҳамсояи дуохони худро медонистанд, фиреб намехӯрданд.
Аз миёнаи беморони ман аҳволи падарам бисёр вазнин буд ва ӯ қариб ҳамеша беҳуш мехобид ва танҳо об мепурсид ва менӯшид. Ва рӯзе чашмашро кушода аз ман пурсид:
– Ба ҷуворӣ дубора об додӣ?
– Не.
Аз оби аввал чанд рӯз гузашт?
– Даҳ рӯз гузашт.
– Хуб, ҳоло обталаб нашудааст! – Ва боз чашмашро пӯшида бехуд шуд.
Баъд аз он ӯ рӯзе чанд бор бо ман ҳамин тариқа суолу ҷавоб мекардагӣ шуд.
Рӯзе, ки аз оби аввал бист рӯз гузашта буд, ба суоли охирини ӯ «бист рӯз гузашт», гуфта ҷавоб додам.
Ин тавр бошад, ба об омодааст. Агар тавонӣ, рафта як об деҳ. Кулӯхи офтобхӯрдаро бисёр андохтаам. Агар об нахӯрад, нобуд мешавад, – гуфт.
Ман каландчаамро гирифта ёбон баромадан хостам. Дар ин вақт ба зиракии саг қоил шудам: ҳар вақт, ки ман ба ҷое мерафтам, ӯ аз дунболам мерафт ва аз ман ҳеч ҷудо намешуд. Аз вақте ки ман бемордор шуда дар хона мондам, ӯ ҳам аз пеши дари хона намеҷунбид. Имрӯз, ки ман каландчаро гирифта ба ёбон рафта истода будам, вай ба ман нигоҳ карда, думашро ҷунбонид ва баъд ба дари хона наздиктар рафта, фукашро ба рӯйи остона монда ва чашмонашро ба сӯйи беморон дӯхта хобид. Гӯё вай дур рафтани маро дониста, хост, ки ба ҷойи ман бемордорӣ кунад.
Он сол об фаровон буд, ба болои ин, бештарини деҳқонон бемор буданд, ки касе аз пайи об намедавид. Бинобар ин, ман ба осонӣ аз ҷӯйи калон об кушода, оварда замини ҷувориро об додам ва зуд ба пеши беморон баргаштам. Баъд аз ягон соати омадани ман падарам чашмонашро кушода:
– Об додӣ? – гуфта пурсид.
– Об додам!
– Боракаллоҳ! – боз чашм пӯшид.
Дар рӯзи чилуми беморияш ӯ арақ карда тамоман ҳушёр шуд. Шир талаб кард, додам, хӯрд. Дар рӯзи дуюм аз ҷояш хеста нишаст, дар рӯзи сеюм асозанон ба пойи худ берун баромад, мо тамоман хурсанд шудем, ки ӯ халос шуд, лекин дар рӯзи даҳуми саломатӣ ёфтанаш ӯ дубора бемор шуда, ба бистар ғалтид.
Устоамак, ки ӯ ҳам бемор буд ва аҳли хонаводааш ҳам бемор буданд, бо вуҷуди ин, дар бемории аввалии падарам рӯзе як бор омада хабар мегирифт ва моро тасаллӣ медод, ки ӯ сиҳат хоҳад ёфт: «Фақат чор дона арақи хунук барои ӯ лозим аст».
Дар ҳақиқат ҳам, падарам баъд аз арақ кардан сиҳат ёфта буд, аммо вақте ки дуюмбора бемор шуд, Устоамак чизе намегуфт ва моро тасаллӣ намедод. Лекин ба гумони ман ин бемории ӯ аз аввала сабуктар буд, ки ин бор оромтар мехобид ва аз ҳуш намерафт.
Дар рӯзи ҳафтуми бемории дуюм, вақте ки Усто-амак омада беморро дид, ба ман таъйин кард, ки агар аҳволаш бадтар шавад, зуд ӯро хабар диҳам.
– Ман чӣ медонам, ки аҳволаш бадтар аст ё беҳтар? – гуфтам ман дар ҳолате, ки дар чашмонам об чарх мезад.
– Гиря накун, мард бош, писари падарат шав! Аҳволи падарат хеле вазнин аст, лекин барои пеш аз вақт ба мусибат дучор накардани шум худро ором нигоҳ медорад. Ту ҳам барои ба ташвиш дучор накардани ӯ худро ором нигоҳ дор! Аломати бад шудани аҳволаш ин аст, ки нафасҳои сахт-сахт мекашад ва гулуяш хишшос мезанад. Ман равам, ки аҳволи янгаат бад буд.
Шаб шуд. Ман чароғи сиёҳро даргиронда бар болои чароғпоя мондам. Ғайр аз ман ҳама дар хоби беморӣ буданд. Ҳанӯз аввали шаб буд, ки падарам нафасҳои сахт кашидан гирифт ва гулуяш хир-хир кард. Устоамакро ҷеғ зада овардам. Ӯ бо пахта ба даҳони падарам об чаконидан гирифт. Бемор чашмашро кушод, аввал ба ман ва баъд ба Усто-амак нигоҳ карда гуфт:
– Зиёдтар об диҳед, бо қошуқ резед!
Амак ба гулуи ӯ ду қошуқ об рехт.
– Бас, – гуфт падарам ва чашмонашро ба тарафи ман гардонида, сухани худро давом дод:
– Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат! …
Бемор чашмонашро пӯшид. Баъд аз ягон дақиқа боз нафас кашидан гирифт. Амак бо пахта обчакониро сар кард. Дар ин миён бемор дар ҷояш қад рост кардан хост ва ба тарафи ман чашм дӯхт, дубора ғалтид ва дастонаш як ҷунбиш хӯрданд ва баъд аз он ором гирифт. Ин оромии абадии ӯ буд.
Дар ин вақт падарам аз рӯйи ҳисоби солгардонӣ, ки ҳисоби шамсӣ мебошад, 57 солро пур карда буд.
Усто-амак баъд аз бастани манаҳ ва сарангуштони пойи мурда ва пӯшонидани чашмони ӯ ба ман гуфт:
– Агар ман рафта беморони худро хабар гирифта оям, ту наметарсӣ?
– Чаро тарсам? Магар аз падари худ метарсам? – гуфтам дар ҷавоб.
– Бале, шер, – гуфту рафт ва бозгашта омада мурдабонӣ кард. Модар ва акаам баъд аз дубора омадани амак фаҳмиданд, ки падар мурдааст ва додаронам бошанд, баъд аз рӯз шудан фаҳмиданд.
Дар деҳаи ҳамсоя Юлдошбой ном як савдогари қалъачӣ буд. Ӯ мавиз, ғӯлинг, карбос ва ҷомаҳои пахтадори ғиҷдувонӣ ғундошта ба Қазалӣ, Оқмасҷид, Урунбурғ (Оренбург) ва ба дигар шаҳрҳои қазоқон ва бошқирдон мебурд ва аз он ҷойҳо молҳои русӣ меовард. Баъд аз муромурӣ сар шудан ӯ ба кафанфурӯшӣ даромад.
Назар ба қавли худаш, ӯ ин корро барои ҳоҷатбарории мардум мекард, вагарна, ӯ ба «кафанфурӯшӣ барин як кори паст ҳеҷ эҳтиёҷ надошта»-аст. Ба мурдаи падари ман ҳам ӯ «ҳоҷатбарорӣ» карда, асбоби такфин ва чизҳои дигари ҷанозаро дода, моро сад танга қарздор кард. Назар ба қавли Устоамак, агар мо пули нақд медоштем, ҳамон чизҳоро аз бозор 25-30 танга арзонтар гирифтан мумкин будааст.
Барои харҷи нақда ҳам 20 танга даркор шуд, ки ин маблағро ҳам ба шарти 25 танга карда додан, ба мо «ҳоҷатбарорӣ» карда дод. Барои бегоҳи душанбе, ҷумъа ва хатми Қуръон ҳам 25 танга лозим шуд, ки мо ин маблағро аз одамони гуногун ба тарзи қарзи майда гирифта сарф намудем. Ҳамин тариқа ман мурдаи падарро 150 танга харҷ карда бардоштам.
Баъд аз гузаштани рӯзҳои азодории падарам, намедонам, аз бехабарии ман ё бо ягон сабаби дигар гови ҷӯшоямон дар як шаб бемор шуда, ҳаром мурд. Модарам ин хабарро дар бистари беморияш шунида гуфт:
– Ҳар балое, ки омада бошад, ба ҳамон гов занад. Кошки вай пештар мемурд, ки шояд падарат зинда мемонд. Гӯcолаашро ҳам барои саломатии худат ва бародаронат дафъ кардан даркор аст ва фармуд, ки вайро ба Хоҷахон бурда диҳам: ин як одами маъюбу бедаступо буд, ки дар як гӯшаи деҳа хобида, бо садақаи мардум зиндагонӣ мекард.
Ман гӯсоларо ба ӯ бурдам. Аммо ӯ қабул накард ва:
– Шумо ҳозир аз ман муҳтоҷтаред, чунки мардум ба ман садақа медиҳанд, ман бо вай як навъ зиндагӣ мекунам. Аммо шумо ба садақагирӣ одат накардаед. Акнун, ки падаратон вафот кард, маълум нест, ки баъд аз ин ҳоли шумо чӣ мешавад, – гуфт.
Аммо дубора модарам илтимос карда фиристод, ки барои саломатии бачагон қабул кунад. Ин дафъа гӯсоларо ба ӯ ба хотири ризои модарам базӯр қабул кунондам.
Дар ин вақт ман фаҳмидам, ки Хоҷахони маиби барҷомонда аз имоми деҳаи мо боинсофтар будааст. Имом дар рӯзи ҷанозаи падарам даҳ тангаеро, ки ба ӯ доданд, бе ҳеч «лозим нест» гуфтан қабул карда буд. Ва ҳол он ки вай дар ҳамон вақтҳо дар анбори худ 50 ман (400 пуд) гандум ва 25 ман (200 пуд) ҷав дошт ва чӣ қадар пули нақд ва асбобу ашё доштанашро, албатта, ман намедонистам. Аммо Хоҷахон ғайр аз ду чашме, ки ба садақаи мардум нигарон буд, чизе надошт.
Акаву укаҳоям, ба қавли мӯйсафедон, аз хавфи мурдан гузашта буданд, аммо аҳволи модарам рӯз то рӯз вазнинтар мешуд. Дар вақтҳои охир ба пеши дар бароварданаш ҳам мумкин нашуд ва ҳамаи эҳтиёҷҳои табиияш дар ҷойи худаш мешуд, ки ман тоза мекардам.
Бародаронам беҳтар шуда бошанд ҳам, озодона ба по хеста гашта наметавонистанд. Аломати беҳтарии аҳволи онҳо дар ин буд, ки кам-кам чиз мехӯрданд. Ман бо маслиҳати кампирон ва мӯйсафедон мурғонро ба онҳо хӯрондам. Назар ба қавли таҷрибакорон, ягона чизе, ки дар он вақт ба онҳо қувват бахшад, шӯрбои мурғӣ буд. Ман мурғонро ягон-ягон кушта намак мезадам ва ҳар мурғро 3 ё 4 бор шӯрбо карда, ба онҳо мехӯрондам.
Ҷувориро дар вақт-вақташ об дода бошам ҳам, вайро аз ҳуҷум ва тороҷи парандагон нигоҳдорӣ карда наметавонистам, дар вақти шира пайдо кардан донаҳояшро гунҷишкон чунон макиданд, ки баъзе сарҳояш пахол барин тамоман бедон шуда монд. Аммо сарҳои саломатмонда монанди шиками офтобаи сафолин пурра ва ғафс шуда буданд. Акнун ҳуҷуми гунҷишкон он қадар зарар накунад ҳам (чунки ҳар гунҷишк бо 10-12 дона сер мешуд), ҳуҷуми зоғҳои сиёҳ ва зоғчаҳо, ки дар деҳаи мо бисёр буданд, сар шуда буд. Акнун бими он буд, ки ҷуворӣ тамом талаф шавад ва мо ҳам талаф шавем, зеро адо кардани қарзи мурдаи падарам ва хӯроки зимистонии мо ба саломат мондани ҳамин ҷуворӣ вобаста буд ва ғӯза бошад, пояхушк шуда, кайҳо талаф шуда рафта буд. Дар хонаи мо орди гандуме монда буд, ки танҳо барои як моҳ кифоя мекард.
Аммо ман наметавонистам, ки модарамро ба он ҳол гузошта барои «ҷувориҳойгӯйӣ» ба ёбон равам (дар он вақт одатан парандагонро аз кишти ҷуворӣ «ҳой-ҳой, гала-гала ҳой» гӯён меронданд).
Лекин дар ин миён воқеае рӯй дод, ки ман хотирҷамъона ба «ҷувориҳойгӯйӣ» машғул шудам: дар вақти тангии аҳволи модарам яке аз тағоиҳоям – Алихон ҳамроҳи як нафар ҳамдеҳааш барои дидани ҳамширааш – модарам омад. Назар ба қавли ӯ, баъд аз гӯронидани акааш – мулло тағоиям модару падараш ва дигар аҳли хонаводаашон ҳамагӣ бемор шудаанд. Зани худаш ва занҳои бародаронаш мурдаанд. Худаш ҳам бемор шуда будааст. Вақте ки ӯ қадаре беҳтар шудааст, падару модараш барои хабаргирии мо фиристодаанд.
Тағоиям аҳволи модарамро вазнин дида, ӯро ба хонаи худашон бурдан хост:
– Дар он ҷо падару модар зинда ва ман саломатӣ ёфтаам.
Аммо дар ин ҷо ба ту, ки хурдсол мебошӣ ва ба бародаронат ҳам нигоҳубин карданат зарур аст, ба модарат парасторӣ кардан душвор аст, – гуфт.
Мо розӣ шудем. Ӯ ду чӯбро ба шакли нардбон дуруст кард ва ба ҷойи пояҳои нардбон ба онҳо арғамчин кашид, ки инро «сароча» меномиданд. Ду харро пасу пеш гузошта нардбонро ба болои онҳо бор карда баст ва бар рӯйи пояҳои арғамчинӣ кӯрпаҳоро болои ҳам паҳн карда ба рӯйи вай беморро дароз хобонид ва бар болои ӯ як сӯзаниро пӯшонида ба роҳ даромад.
Аз рафтани модар чӣ гуна мутаассир шудани бародаронамро намедонам, аммо худам бисёр вайрон шудам ва кӯшиш мекардам, ки овоз набарорам ва беморро азоб надиҳам, лекин аз гиряи беовоз худдорӣ карда натавонистам. Чашмам ба чашми модарам афтод, аз чашмони ниммурдаи ӯ қатраҳои бисёр хурди сиришк бар рӯйи заб-зардшудаву борикгардидарафтааш мешориданд.
– Ба ҳазор дароӣ! – гуфт дар вақте ки харҳо ба ҳаракат даромада буданд.
Онҳо аз назар ғоиб шуда рафтанд, ман дар дили худ «ӯ ҳоло намемирад, наход, ки ман аз падару модар якбора ҷудо шавам» гӯён худро тасаллӣ додам ва чашмонамро, ки аз ашки талх сӯзиш мекарданд, бо остин пок кардам.
Бештарини вақти ман дар ёбон мегузашт. Дар хона танҳо дар вақти об ҷӯшонда ба беморон додан ва ягон чиз пухта хӯрондан мемондам. Шабҳо баъд аз торик шудани рӯз ба сари ҷуворӣ мерафтам. Дар ёбон кори муҳимми ман «ҷувориҳойгӯйӣ» буд. Аммо он парандагони шилқинро аз як тарафи замин парронам, дарҳол ба тарафи дигараш омада ба сари хӯшаҳои марворидмонанди ҷуворӣ менишастанд. Он парандагон ба кулӯху сангҳое, ки бо фалахмон (фалохун) ҳаво медодам, ҳеҷ аҳаммият намедоданд. Ҳарчанд бо ғуррида рафтани санг ё кулӯхи фалахмон аз сари ҷуворӣ хезанд ҳам, пеш аз он, ки он санг ё кулӯх ба замин ғалтад, онҳо боз ба сари ҷуворӣ менишастанд.
Дар ин кор Икромхоҷа (писари дуюми Усто-амак) тадбире кард, ки ман қадре осуда шудам. Ӯ ба ман фармуд, ки дар ғафсии банди дасти одам, ба дарозии як оршин як чӯби сахт ёфта бо арраву тешаву рандаву парма ба сари замин овардам. Ӯ он чӯбро ба шакли лӯла тарошида, бо ранда суфта карда ва аз як тарафи дигари чӯб як сӯрохчаи дигар ҳам кард ва ин асбобро «таппончаи чӯбин» ном ниҳод.
Дар он вақтҳо дар деҳаи мо шикорчиён бисёр буданд, ки милтиқи шикории қадимиро кор мефармуданд ва доруи милтиқ (борут)-ро худашон месохтанд. Икромхоҷа аз як шикорчӣ як халтача дору овард ва сӯрохи чӯбро бо дору пур карда аз рӯяш қадаре пахта тиққонд ва чӯбро ба тарафи парандагон рост карда, аз сӯрохи болоияш оташ дод.
Бо расидани оташ ба дору он чӯб кафида рафт. Хайрият, ки на ба ман ва на ба ӯ зарар нарасид. Аммо аз бӯйи дору парандагон аз сари замин чунон гурехтанд, ки то як соат бозгашта наомаданд.
Хеши ихтироъчии мо бо ин қадар аз кори худ даст накашид ва дафъаи дигар аз чӯби аз аввалӣ ғафстар боз як тапончаи чӯбин сохт. Ин дафъа ба сӯрохи вай доруро камтар андохт ва сахт ҳам ҷой накард. Ин дафъа таппончаи мо накафида матлаб ҳосил шуд ва бо паррондани вай парандаҳо парида мерафтанд. Мо сабр мекардем ва ҳар вақт, ки парандагон боз омаданд, боз як бор мепаррондем. Ба ҳамин тариқа ҷуворӣ ба осонӣ аз зарари зиёд эмин монд.
Рӯзи дигар Икромхоҷа аз шикорчиён қадаре сурб оварда, сочма рехт. Донаҳои сочмаи ӯ аз сочмаи шикорчиён резатар буда, ба қадри донаҳои арзан буданд. Икромхоҷа бо ин сочма ва таппончаи чӯбин гунҷишкон ва кафтарҳои ёбоиро шикор мекард, ки ба химча гузаронида ва ба оташ дошта бирён карда мехӯрдем. Як рӯз шикори мо барор гирифта чор дона кабӯтар (кафтар) шикор кардем, ки ду донаашро ба бародарони бемор бирён карда додам.
Сарҳои ҷуворӣ сафед шуда пухта истода буданд. Дар он рӯзҳо падари Икромхоҷа – Усто-амак, ки баъд аз вафоти падарам бемор шуда буд, ба по хеста, асозанон ба ёбон баромад ва ҷувории маро аз назар гузаронида:
– Сарҳои пухтаи ҷувориятро пеш-пеш шикаста гирифта, дар ҷое ғун кардан гир. Агар ба пухтани ҳамаи инҳо ё ба хазонрезӣ нигарон шавӣ, корат зӯр мешавад, дар он вақти танг ба танҳоӣ ин корро карда наметавонӣ, – гуфт ва аз паҳлуи замини ҷувории мо як замини почпоя – ҷойи гандумро нишон дода илова кард:
– Ана, дар ҳамин ҷо ғун кун, ки замини хушки сахти ҳамвор аст ва дар ин ҷо кӯфта бардошта гирифтани дон осон мешавад.
Ман аз ҳамон рӯз сар карда ба ҷувориғундорӣ даромадам. Акнун шабҳо ҳам дар ёбон мондан даркор буд. Ман ба ин мақсад ҷуворипояҳои сарҳошон шикаста гирифташударо ғалтонда, бароварда дар сари хирманам як коза (чайла) сохтам. Ҳар қадар, ки сарҳои ҷувориро бисёртар шикаста мегирифтам, ҷуворипояҳо ҳам ҳамон қадар бисёр шуда, козаам ҳам ҳамон қадар борону шамолногузар мешуд. Охир ҷуворипояҳо ҳамон қадар бисёр шуданд, ки нимаи вақти ҳаррӯзаамро барои ба хона кашонда бурдани онҳо сарф мекардам.
Дар козаам шабҳо дар пеши ман Икромхоҷа мехобид ва азбаски модараш ӯгай буд, ба хонааш рафтан намехост. Бачагони тандуруст ё аз беморӣ саломатёфтаи деҳа ҳам шабҳо ба пеши мо ғун мешуданд ва то нимаҳои шаб гапзанон нишаста, баъд хона ба хона мерафтанд ва баъзеҳояшон, ки модари ӯгай доштанд, дар ҳамин ҷо бар рӯйи сарҳои ҷуворӣ ё ҷуворипояҳо мехобиданд.
Як шаб ҳаво соф буд, сармои тунди тирамоҳӣ ба бадани кас монанди бигизи дар оташ тафсида сӯзиш кунонида мехалид. Дар равшании моҳ қиравҳои бар рӯйи рустаниҳо пайдошуда монанди барфи навборида ялаққосзанон менамуданд. Ҳар кас медонист, ки имшаб ҳама чизҳоро хунук мезанад ва фардо ғундор-ғундор сар мешавад.
Ман ҳам фикр мекардам, ки «агар имшаб сармо занад, фардо ҳамаи ҷувориҳоро ғундошта гирифтан даркор мешавад ва ҳол он ки ҳанӯз дар замин нимаи ҷуворипоя бар пой ва сарҳояшон нашикастагӣ буд. Баъд аз сармо задан оҳистакорӣ ба кор намеравад, чунки базудӣ ялагард шуда мардум чорпоҳояшонро дар ёбон озодона яла карда сар медиҳанд ва эҳтимоли борон боридан ҳам ҳаст, дар он вақт ҳамаи ҷувориҳоям нобуд мешаванд. Аммо як худам ба танҳоӣ ин қадар чизро чӣ гуна ба зудӣ меғундорам?»
Ман дар ҳамин гуна фикру хаёл будам, ки Икромхоҷа омад. Ӯ аз сармо меларзид ва шикояткунон гуфт:
– Хостам аз кӯрпаҳои аз модарам бамеросмонда якеяшро биёрам, лекин модари ӯгай надод. Ба падарам гуфтам, ӯ ҳам тарафи вайро гирифта:
– Агар як кӯрпачаро гирифта ба ту диҳам, ӯ норозӣ мешавад ва худаш аз беморӣ нав хестааст, аҷаб нест, ки канда шавад. Ин гуна сармо одамро намекушад. Рафтан гир! – гуфт.
Боз се бача омад ва яке аз онҳо ба ман гуфт:
– Ту барои «во бибем»-гӯйӣ ба Маҳаллаи Боло нарафтӣ?
Ин сухан як дег оби ҷӯшон буд, ки ба сари ман рехт ё санги осиё буд, ки бар сари ман гардида, тамоми аъзои баданамро ордвор соида партофт. Ман фаҳмидам, ки модарам мурдааст ва ин бача, аз куҷо бошад, шунида омадааст ва ба ман ба ҳамон тарзи ифодае, ки ба ақидаи худаш шоирона ва болояш пӯшидааст, фаҳмондан хостааст. Аммо ба чашмонам об чарх назад, гӯё маро ба он сухан дар оташ андохта гудохта бошад, ҳамаи наму тариҳои баданам хушкида буданд. Ман фикр мекардам: «Акнун чӣ кор мекарда бошам? Дар дувоздаҳсолагӣ ҳам бепадар ва ҳам бемодар, бародарон бемор, акаам бошад, ҳар вақт саломат ёбад, ба хондан меравад ва додарҳои хурдсолро ҳам бояд ман саробонӣ кунам. Хондан … ва он хондан, ки худ мехостам ва падар дар нафаси вопасинаш васият карда буд, чӣ мешавад?»
Вақте ки он бача ба ман «ту барои во бибемгӯйӣ нарафтӣ» гуфт, як рафиқаш ба ӯ: «лозим нест, ба ӯ тасаллӣ додан зарур аст, ки на ин ки ҳазл кунӣ» гӯён пичиррос зад ва ба ман нигоҳ карда суханашро давом дод:
– Зарар надорад, Икромхоҷа ҳам бемодар аст.
– Ғам нахӯр! Ҳар чӣ бошад, мегузарад, «чист, ки нагузарад?» – гуфт Икромхоҷа, - ман даҳ сол аст, ки бе модар зиндагонӣ мекунам, маро гург нахӯрд.
Ту модар надошта бошӣ ҳам, – гуфт ба Икромхоҷа бачаи дигар, ки то ҳол хомӯш истода буд, - падар дорӣ ва модари ӯгай дорӣ. Аммо барои ин (маро ишора карда) зӯр шуд, ки аз падару модар якбора ҷудо гардид. Худо осон кунад.
– Ман, ки аз модар ҷудо мешудаам, кошки аз падар ҳам ҷудо мешудам, – гуфт Икромхоҷа оҳе кашида, - то ки ба дасти модари ӯгай гирифтор намегардидам.
Инсон вақте ки дар як душворӣ беилоҷ монда аз ҳар тараф ба худ тасаллӣ меҷӯяд, ба ҳар муносибат ва ҳар чиз барои худ як тасаллӣ тарошида мебарорад. Ман ҳам аз ин сухани Икромхоҷа барои худ як тасаллӣ тарошида баровардам ва дар дили худ гуфтам: «Агар баъд аз мурдани модарам падарам зинда мебуд ва зани дигар мегирифт, дар он вақт чӣ мекардам? Албатта, модари ӯгай маро рӯйи хуш намедод, дар хона роҳ намедод, аз кӯрпаҳои модарам ба ман намедод ва ба болои ин, падари меҳрубонамро ба ман номеҳрубон мекард. Ҳоло ҳарчанд бе падару модар монда бошам ҳам, худ ба худам соҳиб мебошам, ҷуворӣ аз они ман, хар аз они ман, додарҳо дар ихтиёри ман. Дуруст аст, ки аҳволам душвор аст, лекин аз зердастии модари ӯгай осонтар аст».
Ана, бо ҳамин фикр хеле тасаллӣ ёфтам. Тасаллиёбии ман то вақте давом намуд, ки рафиқонамро хоб рабуд ва баъд аз он танҳоии худро ва хусусан, ҷудоии падару модарро, ки ягона ғамхорӯ меҳрубони ман буданд, ҳис кардам ва дигарбора лашкари андӯҳу алам ба ман ҳуҷум оварда, тамоми ҳавосамро фаро гирифт. Акнун бо «ҳой-ҳой» гиря кардан мехостам, аммо аз бими нороҳат кардани рафиқон, ки маҳз барои тасаллӣ додан ба ман ба гирди ман ғун шуда, дар зери қирави тунд мехобиданд, худдорӣ намудам. Орзу мекардам, ки коре шуда ҳамаи ин ғаму кулфатҳо, ҳарчанд якчанд дақиқа ҳам бошад, аз ёдам барояд ва ман ҳам андаке рӯйи осоишро бинам ва бо хоҳиши ин орзу байти зерини як ғазали Бедилро, ки падарам дар ин гуна мавридҳо бисёр мехонд, ба ёд овардам ва бо овози пасти ҳазин замзама кардан гирифтам:
Эй фаромӯшӣ, куҷоӣ, то ба фарёдам расӣ?
Боз андӯҳи дили ғампарварам омад ба ёд!
Дар ин вақт суруди ҷуфтронон шунида шуда, маро ба худ машғул кард.
Ҷуфтронони ноҳияи Ғиждувон одатан дар шабҳои тобистон дар соати даҳи шаб гов баста кор сар мекарданд ва заминро пеш аз баромадани офтоб дандонаву мола карда, намашро тамоман дар худаш нигоҳ медоштанд, аз хушконидани партави офтоб эмин мекарданд; шабҳои дарози тирамоҳ бошад, баъд аз нимаи шаб кор сар карда бо ҳамон мақсад пеш аз тулӯи офтоб корашонро тамом менамуданд. Дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда, дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд.
Бештарини деҳқонони ноҳияҳои Ғиждувон ва Вобканд сурудхон ва шашмақомдон буданд. Онҳо бо вуҷуди бесаводӣ, шашмақомро бо ғазалҳои классикӣ аз падару бобоҳошон даҳан ба даҳан омӯхта буданд (қувваи мусиқии шаҳри Бухороро ҳамеша аҳолии ноҳияҳои Ғиждувон ва Вобканд пур карда меистоданд. Аз боқимондаи онҳо – Ҳофизи халқии Тоҷикистон устоди шашмақомдон Бобоқул Файзуллоев аз Ғиждувон, нотанависи шашмақомшинос Шоҳназар Соҳибов аз Вобканд аст) .
Зотан, шашмақом хеле ҳузнангез буда, ҳақиқатан тарҷумони аҳволи онрӯзаи меҳнаткашон ва аз ин ҷумла деҳқонон буд. Ҳарчанд дар фуроварди ҳар як ҳавои шашмақом тарона ва уфарҳои хеле шӯхи шӯрангез бошанд ҳам, инҳо махсуси базмҳои хонагии рақсдор буда, ҷуфтронон ба асл ва асоси ҳавоҳои шашмақом, ки ба ҳоли худашон мувофиқ буд, қаноат мекарданд.
Ҷуфтроне, ки дуртар аз хирмангоҳи ман замин меронд, дар ҳавои савти ушшоқ, ки вайро “Савти калон” ҳам мегӯянд, як ғазали Бедилро сар кард ва дар авҷи он ҳаво ҷуфтрони дигар, ки дуртар аз вай кор мекард, ба ӯ ёрӣ дод. Ман бо шунидани он ғазал дар он суруд, бе он ки овозе барорам, дарун-дарун гириста, дили мусибатманзили худро қадаре холӣ кардам ва дар ин ҷо ба тарзи намуна нақл кардани се байти он ғазалро, ки ба аҳволи оншабаи худам хеле мувофиқ буд, муносиб дидам:
Далели корвони ашкам, оҳи сардро монам,
Асарпарварди доғам, ҳарфи соҳибдардро монам.
Рафиқи ваҳшати ман ғайри доғи дил намебошад,
Дар ин ғурбатсаро хуршеди танҳогардро монам …
Фалак умрест дур аз дӯстон медорадам, Бедил,
Ба рӯйи сафҳаи офоқ байти фардро монам.
Баъд аз ба охир расидани суруди ҷуфтрони аввал, ҷуфтрони дигар як ғазали Ҳофизро, ки аввалаш ин байт аст:
Сабо, ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро,
дар ҳавои Ироқ сар кард ва дар авҷи ин ҳаво ҷуфтрони дигар ба ӯ ёрӣ дод.
Ба ҳамин тариқа сурудхонии ҷуфтронон дар он биёбони ором то поёни шаб давом намуд ва вақте ки рӯз сафед шуд, онҳо хомӯш монданд ва рафиқонам бедор гардида, маро ба тарафи худ машғул карданд.
Ин порча як марсияест, ки аҳволи онвақтаи худро баъд аз шаст сол ба қалам оварда, ба модари худ бахшидам. Агар ин мусибатнома аз ҳад зиёд андӯҳовар баромада, хонандагони муҳтарамро нохушнуд кунад, маъзарат мепурсам ва маро, ки маҷбурияти фарзандии худро, қисман бошад ҳам, адо кардан хостам, умедворам, ки бибахшанд.
Савол ва супориш
1. Шумо кадом асари устод Айниро хондаед?
2. Дар бораи бемории вабо чӣ маълумот доред?
3. Падари нависанда чӣ гуна одам буд? Кадом хислатҳои некро дошт?
4. Падари устод Айнӣ нисбат ба муллову эшон чӣ андеша дошт?
5. Хабари марги модарро шунида, нависанда ба кадом ҳолат гирифтор гардид?
6. Дар бораи “Шашмақом” шумо чӣ маълумот доред?
7. Айнӣ ба шашмақомхонон чӣ назар дошт?
8. Чаро порчаи дар боло хондаатонро нависанда марсия гуфтааст?
9. Чаро нависанда модари беморашро ба ҳавлии тағояш фиристод?