Афсона яке аз жанрҳои қадимии эҷодиёти шифоҳии халқ ба ҳисоб меравад. Бисёр муҳаққиқони фолклоршинос пайдоиши жанри афсонаро ба оғози ҷамъияти ибтидоӣ нисбат додаанд.
Афсонаҳои қадим мувофиқи тахайюлоти одии одамон дар бораи ҳодисаву воқеаҳои хаёлангез ва дур аз ҳақиқат эҷод шудаанд. Дар онҳо деву аҷина ва дигар ашёе, ки халқ бовар дошт, амал менамуданд. Минбаъд афсона дар эҷодиёти халқ мавқеи асосиро ишғол намуда, аз ҳар ҷиҳат инкишоф меёбад.
Чунонки муаллифони «Луғати истилоҳоти адабиётшиносӣ» қайд кардаанд: «Халқи тоҷик дар афсонаҳои худ қаҳрамониҳои мардуми меҳнаткаш, адолат, вафодорӣ, садоқат ва дигар хислатҳои неки инсониро тараннум кардааст. Дар афсонаҳои ҳаҷвӣ ба ҷуз ҳазлу шӯхиҳои латиф, зулму ситам, бедодӣ, хасисӣ, фиребу макри давлатмандон, аҳли дин ва дигар намояндагони табақаҳои ҳукмрон зери танқиди сахт гирифта шудаанд».
Афсонаҳои тоҷикӣ ба панҷ навъ тақсим шуда, маъмултаринашон афсонаҳои тилисмотӣ ва ҳаҷвӣ ба шумор мераванд.
Намуди қадимтарини жанри афсона афсонаҳои тилисмотӣ ё ба ибораи дигар, афсонаҳои сеҳрангез ба ҳисоб мераванд. Дар ин гуна афсонаҳо халқ аз ҳодисаҳои ҳайратангез, фавқулода, ки бештар дар тасаввури одамон пайдо мешаванд, нақл мекунад. Қаҳрамони ин навъи афсонаҳо қаҳрамонони ҷасур мебошанд, ки ба муқобили дев, аҷина, ғӯл ва азимҷуссаҳои даҳшатнок мубориза мебаранд. Ин навъи афсонаҳо аз ҷиҳати сохти композитсионӣ, яъне устухонбандӣ ё усули нигориш ба навъҳои дигари афсонаҳо шабоҳат доранд.
Аксари афсонаҳои тоҷикӣ ба тариқи чунин оғоз меёбанд: «Буд, набуд, будгор буд, замин набуд, шудгор буд. Як подшоҳ буд, вай се писар дошт», «Дар замонҳои хеле қадим…» ва монанди ҳамин. Афсонаи «Эраҷи тилисмшикан», ки ба гурӯҳи афсонаҳои сеҳрангез дохил мешавад, ба тариқи зайл оғоз меёбад: «Дар яке аз мамлакатҳои Шарқ марди ҳунарманде буд, ки Хирадманд ном дошт. Вай дар Хатлон зиндагӣ мекард. Дере нагузашта ӯ дар ҷанги деву тӯрониён асир гардид ва аз вай дигар хабаре нашуд. Вай як писар ва чор духтар дошт».
Афсонаҳои тоҷикӣ хотима доранд. Хотимаи ҳар кадоми онҳо мувофиқи мазмун андаке тағйир меёбад. Вале як ҷиҳати муҳимми хотимаи афсонаҳо, пеш аз ҳама, ин аст, ки дар онҳо қаҳрамони дӯстдоштаи халқ ҳамеша аз болои ҳар гуна касе, деве, ҷонзоте ё кори манфие ғалаба мекунад, душманро шикаст медиҳад, зеро ин орзую омоли халқ буд ва халқ орзуи худро дар ҳамин гуна образҳои мусбати офаридааш инъикос менамуд. Аз ин ҷост, ки аксари афсонаҳо бо ҷумлаи «Онҳо ҳама ба мақсадашон расиданд» ба охир мерасад, ки ин, албатта, ба шунавандагон таъсири калон расонида, онҳоро рӯҳбаланд мекунад.
Афсонаҳои ҳаҷвӣ-маишӣ дар эҷодиёти ҳар як халқ ва умуман дар байни навъҳои афсонаҳо мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Сабаби ин дар он аст, ки дар ин гуна афсонаҳо ҳаёту маишати халқ ба таври ҳақиқӣ тасвир меёбад. Халқ дар ин гуна афсонаҳо зулму истисмор, фиребу найранги подшоҳон ва дигар намояндагони табақаи болоии ҷамъиятро таҳти танқид қарор медиҳад. Дар афсонаҳои ҳаҷвӣ-маишӣ хислату характери қаҳрамонони асосии мусбат ситоиш ёфта, нодонию гумроҳии шахсони алоҳида, шоҳони золим, ҳокимони ситамгар зери тозиёнаи танқид гирифта мешавад.