Образи бадеӣ

«Образ» калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмуи хислату характери шахсони алоҳидаро омӯхта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар рафти ҳодисаву воқеаҳои гуногун нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунонки В. Белинский мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот намекунад, балки онро нишон медиҳад».

Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» халқ хислатҳои нотарсӣ, далерӣ, паҳлавонӣ ва ҷоннисории як гурӯҳ ҷавонони тоҷикро дар образ (симо, тимсол)-и Эраҷ ҷамъбаст намудааст. Ё дар нақлу ривоятҳо образҳои Томирис, Куруш, Луқмони Ҳаким, Фирдавсӣ ва Восеъ тасвир ёфтаанд, ки аз рафти ҳодисаҳо хислату характер, ҷаҳонбинии онҳо аён гардидааст.

Образҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: а) образҳои мусбат, б) образҳои манфӣ. Ҳамаи образҳое, ки нависанда ба онҳо таваҷҷуҳ дорад, бо камоли майл ҷиҳатҳои хуби хислату рафтори онҳоро тасвир намуда, беҳтарин афкори пешқадами худро дар симои онҳо нишон додааст, образҳои мусбат ном доранд. Масалан, Эраҷ, Восеъ, Темурмалик, Сафар Одинаев («Вафо») ва дигарон ба гурӯҳи образҳои мусбат дохил мешаванд.

Дар асарҳои бадеӣ шахсоне амал мекунанд, ки онҳо хислату рафтори манфур, зишт доранд, ба инсон бадӣ мекунанд, барои хароб намудани ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд ва нависанда кору амалиёти онҳоро бо нафрат ба қалам медиҳад. Ин гуна шахсон ба образҳои манфӣ дохил мешаванд. Масалан, ба гурӯҳи образҳои манфӣ Ҳингилдев, Иблис, Мор, Заҳҳок ва дигарон мансубанд.