Ҳар як асари бадеӣ иштироккунанда дорад. Баъзан иштироккунандагони асарҳои бадеӣ ҳайвонот, парандагон, наботот, хок, санг, гул, чинор низ мешаванд, вале дар симои онҳо амалиёти инсонҳо дар назар дошта шудааст. Кулли иштироккунандагони асари бадеиро дар адабиётшиносӣ, хоҳ образи манфӣ бошад, хоҳ мусбат, персонажи асари бадеӣ ё ба тарзи дигар гӯем, иштироккунандаи асари бадеӣ мегӯянд.
Савол ва супориш
1. Афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» чанд персонаж ё иштироккунанда дорад?
2. Аз афсонаи «Деҳқон ва кӯзаи зар» образҳои мусбат ва манфиро ҷудо намоед.
3. Аз ифодаҳои зер: образ, нақш, симо, тимсол кадоме беҳтар аст?