Зарбулмасалу мақолҳо яке аз жанрҳои мустақили адабиёти шифоҳӣ буда, барои муҷазу рангин баромадани фикру андешаи инсон хидмат мекунанд. Аз замонҳои қадим халқ зарбулмасалу мақол эҷод карда, онҳоро дар мавридҳои зарурат истифода мебурд. Пас зарбулмасалу мақолҳо дар эҷоди адибон дохил шуда, вариантҳои гуногун пайдо кардаанд.
Зарбулмасалу мақолҳо доир ба мавзуъҳои гуногуни зиндагӣ эҷод шуда, дар онҳо таҷриба ва хулосаҳои инсон аз зиндагӣ инъикос ёфта, ҷамъбаст гардидаанд. Зарбулмасалу мақол мисли намаке дар таом аст. Вай суханро образнок, дилкаш ва диққатҷалбкунанда мегардонад.
Зарбулмасал аз мақол фарқ дорад. Дар зарбулмасал сухан, маънӣ, мақсад пӯшидаву ниҳон аст. Аз ин хотир дар зарбулмасал маънои зоҳир асосӣ набуда, мақсад ва моҳият дар ботини он аст.
Масалан, дар «Панҷ ангушт баробар нест» маънои зоҳир равшан аст. Ангуштони даст баробар нестанд, калонанду хурд, бориканду ғафс, вале ҳадафи асосӣ дар ин ҷо худи инсон аст. Инсонҳо ҳам мисли ангуштони даст якранг нестанд: доноянду нодон ва амсоли ин.
Мисоли дигар:
1. Офтобро бо доман пӯшида намешавад.
2. Офтобро кас ба доман натавонад пӯшид.
3. Офтобро пинҳон натавон кард.
1. Ҳақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. 2. Чизи нағзу одами хуб ҳаргиз аз назари одамон пӯшида намемонад.
Дар байни халқ ҳамин се варианти зарбулмасал истифода мешавад. Ба мақсади фаҳмидани маънии асосии зарбулмасали боло ба се матни зер таваҷҷуҳ ва мулоҳиза кунед:
Шарифа гуфт: – Аввал шумо бигӯед. Доя гуфт: – Не, аввал шумо. Айнулҳаёт чун сухани доя бишунид, бихандиду гуфт: – Эй доя, рози ман бармало1 афтодааст ва – Офтобро ба гил2 пинҳон натавон кард, табли пинҳон3 чӣ занам, ки ташти4 ман аз бом афтод.
Аз «Доробнома»
Шоҳ ба он мард гуфт: Ҳикояту китобат тамом шуд? Ӯ гуфт:
– Оре.
Шоҳ гуфт: – Акнун ҷавоб шунав: Офтобро кас ба доман натавонад пӯшид. Ман паёми он ду нопокро шунидам, акнун нигоҳ кун, ки аз ман чӣ ҷавоб менависӣ.
Аз «Баҳрут-ут-таворих»
Вале дар мақолҳо фикру андеша беибо, ошкоро, бепардаву гуфта мешавад. Масалан, «Аз одами бекор Худо безор»; «То меҳнат накунӣ, роҳат набинӣ»; «Аввал – андеша, баъд – гуфтор». Дар ин мақолҳои халқӣ мақсад равшан аст ва бе ҳеч як душворӣ аз маънии онҳо огоҳ шудан мумкин аст.
ЗАРБУЛМАСАЛУ МАҚОЛҲО
Дасти одамизод – гул.
Намур, бузакам, баҳор мешавад.
Ҷӯянда – ёбанда.
Моҳ беайб намешавад.
Кӯдак азиз аст, адабаш аз он азизтар.
Забон донӣ, ҷаҳон донӣ.
Пурсидан айб нест.
Дӯст гӯяд табарвор, душман гӯяд шакарвор.
Аз дӯсти нодон душмани доно беҳтар.
Гап дар калла, на дар салла.
Луғат
1. Бармало афтодааст – ба маънои ошкор шудани сир омадааст.
2. Гил – хок, хоки ба об омехта.
3. Табли пинҳон чӣ занам, ки ташти ман аз бом афтод – чӣ ҷойи сирро пинҳон кардан, ки аллакай ба ҳама маълум гардид.
4. Ташт – тағора.
Савол ва супориш
1. Зарбулмасалу мақолҳоро шарҳ диҳед.
2. Зарбулмасал аз мақол бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?
3. Зарбулмасалу мақолҳои овардашударо шарҳ диҳед.
4. Чанд ҷумлае тартиб диҳед, ки дар он зарбулмасалу мақолҳо истифода шуда бошанд.
ЧАНД МИСОЛ АЗ ЗАРБУЛМАСАЛҲО
1. Дасту пой зада, масолеҳе чанд ба пойи кор овардам ва филҷумла кулӯхчинӣ карда, нардбоне ба роҳ андохтам ва суруде ба ёди мастон додам ва «ончи дар дег буд, ба чумча1 омад» ва бар табақҳои ихлос2 ниҳодам.
Аз «Маҷмаъ-ул-амсол»3
2. Гурусна сар дар дег кард, ки мулоҳиза намояд, ки чӣ таом аст.
Хаббоз гуфт: – Изтироб чист, «ончи дар дег аст, ба чумча меояд».
Аз «Маҷмаъ-ул-амсол»
3. Воҳидов (бо қаҳр): Хайр, чӣ мехоҳед шумо? Ку, фаҳмем? Ба шумо чӣ хел сардор лозим? Ё худатон раис шуданӣ ҳастед?
Сатторамак: Мақсад ҳамин?
Саидсаркор (ҷиддӣ ва бо қатъият): Бале! Раис шуданӣ! Мехоҳам худам раис шавам!
Сатторамак: Гуфтам-ку! «Дарди кампир – ғӯза».
Набиҷон: «Ончи дар дег аст, ба кафлез меояд».
Абдумалик Баҳорӣ
ДИЛИ НОХОҲАМ – УЗРИ БИСЁР
Касе, ки майлу шавқу ҳаваси иҷрои коре надорад, баҳонаҳои зиёде меоварад.
Ба таҳрики4 қозикалону раису қушбегӣ дар байни аҳолӣ шӯриш пайдо шуд. «Дили нохоҳамро узри бисёр», бо одамоне, ки огаҳи ин маънӣ буданд, баҳона ба зуҳур оварда, амирро аз қабули ин кор мунҳариф5 сохтанд.
Аз «Наводири Зиёия»
ДУХТАРАМ, БА ТУ МЕГӮЯМ, КЕЛИНАМ, ТУ ШУНАВ!
Суханеро ба касе равона карда, ба тариқи киноя ба каси дигар чизеро гӯшрас карданӣ шаванд, ин зарбулмасалро ба кор мебаранд.
1. Шумо одами ҳилагар будаед, ба ман ба мисоли «духтарам, ба ту мегӯям, келинам, ту шунав!» гап задед.
Сотим Улуғзода
Ё ТИР МЕКАФАД Ё ҶУВОЗ
1. Ё ғалаба, ё мағлубият, ё марг, ё зиндагӣ, ҳар чӣ бодо, бод. Коре, ки ӯ ба ивази ин дастаҳои пул ба ҷо меоварад, низ хиёнат аст, хиёнати аз пештараҳо дучанд сахттар. Аммо садқаи сар, «ё тир мекафад ё ҷувоз», тарсончак ҳеҷ гоҳ рӯзи нек намебинад.
Фазлиддин Муҳаммадиев
МОРГАЗИДА АЗ РЕСМОНИ АЛО МЕТАРСАД
Одами аз касе, чизе ва ё аз ҷое ранҷидаву зарардида ҳамеша аз он касу чизу он ҷо ҳарос дорад.
Дилам зи риштаи мӯбофи ӯ ба ҷон тарсад,
Чунон ки «моргазида зи ресмон тарсад».
Ғании Кашмирӣ
– Падарат дар вақташ кор гуфта ҷойи гармашро хунук кард, шаҳрро партофта ба қишлоқ омад. Ҳангоми сохтани роҳ ҳалок шуд.
– Ҳунари ман роҳсозӣ не-ку, оча?
– Моргазида аз ресмони ало метарсад, писарам.
Аз «Шарқи Сурх»
Луғат
1. Чумча – қошуқ, дар матн ба маънои кафлез омадааст.
2. Ба табақҳои ихлос ниҳодам – дили ихлосмандонро ба даст овардам.
3. Маҷмаъ-ул-амсол – номи асар, маънояш ҷамъи масалҳо.
4. Таҳрик – иғво, фитна.
5. Мунҳариф сохтан – аз роҳ задан
Супориш
1. Пораҳоро хонед, шарҳу маънидод кунед ва аз маънии онҳо хулоса бароред.
РОСТГӮЙРО ҲАМЕША РОҲАТ ДАР ПЕШ АСТ
Бино бар риояи ростӣ, ҳамаи он зарҳоро шоҳ ба ман бахшид. Чандин сол аст, ки аз он зарҳо харҷ мекунам, ҳаргиз адо намешаванд. Аз он замон то ба ин замон хосияти ростиро ба дарвозаи худ навишта мондаам, ки «ростгӯйро ҳамеша роҳат дар пеш аст». Ҳар кӣ бошад, ба ҷуз ростӣ дигар сухан нагӯяд.
Аз «Саргузашти Ҳотам»
Мавзуи иҷтимоӣ дар зарбулмасалу мақолҳо мавқеи асосӣ дорад. Дар онҳо ба таври мушаххас таҷрибаи одамон доир ба зиндагӣ, зулму золимӣ, азобу машаққат ҷамъбаст гардидааст. Чанд намуна:
Бой аз фарбеҳӣ меноладу камбағал аз лоғарӣ.
Меҳрубониҳои султон – бозии гурба бо мушон.
То меҳнат накунӣ, санги сиёҳ лаъл нагардад.
Ҳунар беҳ аз симу зар аст.
Заминро об вайрон мекунад, одамро гап.
Хурӯс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад.
Акнун зарбулмасалҳои зерро бодиққат хонед ва бигӯед, ки матнҳои овардашуда ба мазмуни зарбулмасалҳо мувофиқат мекунанд?
НА СИХ СӮЗАД, НА КАБОБ
Вақте дар коре нафъи ҳар ду тараф дар назар гирифта шавад, ин зарбулмасалро мегӯянд: «Масъаларо аз рӯйи адолат ҳал бояд кард».
Фаридуддини Аттор
КОРИ ШАБ – ХАНДАИ РӮЗ
Коре, ки дар шаб иҷро мешавад, бе камбуд намешавад, сифати кори шаб нисбат ба кори рӯз пасттар мешавад:
– Бисёр фикр накун, писарам, – гуфт Акамирзо, – рӯз шавад, боз гап мезанем, «Кори шаб – хандаи рӯз» гуфтаанд.
Ҷалол Икромӣ
НИҲАД ШОХИ ПУРМЕВА САР БАР ЗАМИН
Ҳар касе, ки фозилу донишманд бошад, хоксориро пеша мекунад:
Баландӣ аз он ёфт, к-ӯ паст шуд,
Дари нестӣ кӯфт, то ҳаст шуд.
Тавозуъ2 куну ҳушмандӣ гузин,
Ниҳад шохи пурмева сар ба замин.
Саъдии Шерозӣ
Луғат
Тавозуъ – хоксорӣ, фурӯтанӣ.
Супориш
1. Аз зарбулмасалҳои зер якеро интихоб карда, матне тартиб диҳед, ки дар он зарбулмасал омада бошад.
2. «Чӯҷаро дар тирамоҳ мешуморанд», «Забони мурғонро мурғон медонанд», «Хар ҳамону полонаш дигар», «Кам-кам хӯру доим хӯр», «Дер ояду шер ояд», «Сукут аломати ризост».
3. Додархӯҷа дониши хуб дорад. Имтиҳонотро бо баҳои аъло месупорад.
4. – Ҳоло сабр кунед, «чӯҷаҳоро дар тирамоҳ мешуморанд».