Ёди диёр

Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯйи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад ин бод?

Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеч,

К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.

ХАНДАИ ЛОЛА

Бихандад лола бар саҳро ба сони чеҳраи Лайло1.

Бигиряд абр бар гардун ба сони дидаи Маҷнун2.

Зи оби ҷӯй ҳар соат ҳаме бӯйи гулоб ояд.

Дар ӯ шустаст, пиндорӣ, нигори ман рухи гулгун.

БАҲОРИ ХУРРАМ

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯйи тиб3,

Бо сад ҳазор нузҳату4 ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб5 аз пайи машиб6.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб.

Наффот барқи равшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надидам чунин маҳиб.

Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор

В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.

Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ

Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб...

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯс ба ҳинно шуда хазиб.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб...

Луғат

1. Лайло – Лайлӣ.

2. Маҷнун – ошиқи Лайлӣ. Лайлӣ ва Маҷнун – номҳои қаҳрамонони достонҳои «Лайлӣ ва Маҷнун».

3. Тиб – бӯйи хуш.

4. Нузҳат – покӣ, покизагӣ.

5. Шабоб – ҷавонӣ.

6. Машиб – пирӣ. Маънии ин мисраъ: дунёи куҳна ҷавон шуд.

Савол ва супориш

1. Баҳор аз фаслҳои дигар бо кадом хусусиятҳояш фарқ мекунад?

2. Дар бораи иди Наврӯз, ки оғози баҳор аст, ҳикоят кунед.

3. Порчаҳоро аз ёд кунед.

4. Аз харита Бухорову Самарқандро ёбед.