Робиаи Балхӣ

Робиаи Балхӣ аввалин шоири маъруфи зан дар адабиёти форсии тоҷикӣ шинохта шудааст. Робиа духтари ҳокими Балх буд. Соли таваллуди Робиаи Балхӣ ба мо маълум нест. Аз рӯйи маълумоти тазкираҳо Робиа ҳамзамони Рӯдакӣ буда, дар аввалҳои салтанати Сомониён зиндагӣ ва эҷод кардааст. Ӯ ҳам ба забони арабӣ ва ҳам форсии тоҷикӣ шеър гуфтааст.

Ашъори пурсӯз ва шӯрангези ӯ, ки андаке аз он то ба замони мо омада расидааст, аз табъи баланд, андешаи равшан ва баёни ширнини ӯ гувоҳӣ медиҳанд. Бинобар ин бо ҳамин ашъори андак, ки аз ӯ мерос мондааст, номашро дар сафҳаи заррини таърихи адаби мо абадӣ сохтааст. Чунончи Фаридуддини Аттор дар “Илоҳинома”-и худ аз табъи баланди Робиа гуфтааст:

Ба лутфи табъи ӯ мардум набудӣ,

Ки ҳар чизе, ки аз мардум шунидӣ,

Ҳама дар назм овардӣ ба як дам,

Бипайвастӣ чу марворид дар ҳам,

Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,

Ки гӯйӣ аз лабаш таъме дар он буд.

Падари Робиа дар ҷавонии ӯ вафот мекунад. Ҳаёти баъдии Робиа басо дардомез ва оқибат фоҷиабор анҷом меёбад. Ҳаёти фоҷиабори ӯ ба эҷодиёти адибони асрҳои баъдӣ ҳам бетаъсир намемонад. Нахустин касе, ки ба таври муфассал дар бораи ҳаёти Робиа навиштааст, Аттори Нишопурӣ мебошад. Аттор дар “Илоҳинома” дар 498 байт ба бахше аз зиндагии ӯ ва марги фоҷиабораш мепардозад. Шоири муосири тоҷик Гулрухсор низ дар ин бора достоне бо номи “Руҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робиа” иншо кардааст, ки хеле таъсирбахш мебошад.

Намунае аз ашъори Робиа:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,

Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!

Бидод аз нақши озар сад нишон об,

Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.

Мисоли чашми Одам шуд магар абр,

Далели лутфи Исо шуд магар бод,

Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,

Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод.

Агар девона абр омад, чаро пас,

Кунад арза сабӯҳӣ ҷоми зар бод?

Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг

Аз ин ғаммози субҳи пардадор бод.

Барои чашми ҳар ноаҳл гӯйӣ

Арӯси боғро шуд ҷилвагар бод.

Аҷаб чун субҳ хуштар мебарад хоб,

Чаро афканд гулро дар саҳар бод?

х х х

Ишқи ӯ боз андаровардам ба банд,

Кӯшиши бисёр н-омад судманд.

Тавсанӣ кардам, надонистам ҳаме,

К-аз кашидан сахттар гардад каманд.

Ишқ дарёе каронанопадид,

Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд!

Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,

Пас, бибояд сохт бо ҳар нописанд.

Зишт бояд диду ангорид хуб,

Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд.

Савол ва супориш

1. Робиаи Балхӣ дар кадом замон ба дунё омадааст? 2. Робиа духтари кӣ буд?

3. Балх дар куҷо ҷойгир шудааст?

4. Шумо боз кадом шоиронро медонед, ки дар Балх ба дунё омадаанд?

5. Дар бораи Робиа кадом адибони тоҷик асар офаридаанд?