Низомулмулк

Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсӣ, ки бо номи Низомулмулк машҳур аст, соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тӯс ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоияшро дар Тӯс гирифта, хатту савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ азхуд менамояд. Абуалӣ махсусан, дар донистани илмҳои калом, таърих, ҷуғрофия мумтоз мешавад. Дониш ва ақлу заковати баландаш имкон дод, ки ӯро ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб намоянд. Низомулмулк, пеш аз он ки ба мансаби вазирӣ расад, дар девон ба корҳои одӣ машғул буд ва ба мактабу маориф роҳбарӣ мекард.

Низомулмулк дар замони худ яке аз симоҳои барҷаста буда, дар инкишофи илму фарҳанг хидмати бузург кардааст. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ дар шаҳрҳои гуногуни мамлакат мадрасаҳо сохта, донишмандони бузург ба мадрасаҳо ҷалб карда шуданд. Ӯ бо шоир, риёзидон ва мунаҷҷими барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайём робитаи дӯстӣ дошта, ба олим ёрии моддию маънавӣ мерасонд. Дар натиҷаи ҳамкории онҳо соли 1079 тақвими нав тартиб дода шуд. Ин тақвим дар Аврупо аз тарафи Папа Григорий соли 1582 қабул гардид.

Дар дарбор Низомулмулк мақому мартабаи зиёд дошт. Ҳасудон аз пешрафту муваффақиятҳои кори ӯ ҳасад бурда, аз пайи ҷисман нест карданаш шуданд. Ниҳоят, соли 1092 Низомулмулк аз тарафи ин гурӯҳ кушта шуд.

Дар таърихи фарҳанги халқҳои форсу тоҷик Низомулмулкро на ҳамчун вазир, балки ҳамчун муаллифи «Сиёсатнома» мешиносанд. Ӯ ин асарро дар охирҳои умраш навишта, ба анҷом расондааст. Асар аз 51 боб иборат буда, доир ба масъалаҳои гуногуни давлатдорӣ, қоидаву усули роҳбарӣ маслиҳатҳои муфид медиҳад. Имрӯз ҳам бисёр андешаҳои Низомулмулк қимату арзиши худро гум накардаанд.

Низомулмулк дар ҳар як боб пас аз баёни масъалаи асосӣ барои тасдиқи ин масъала аз ҳаёти шоҳони гузашта, сарлашкарон, вазирону олимон ва шоирону нависандагон нақлу ривоят, ҳикояҳо меорад, ки онҳо хусусияти пандомӯзӣ доранд. Ақидаҳои ӯ дар бораи ягонагии давлат аҳаммияти фаровон доранд.

Низомулмулк ба воситаи ҳикоятҳои пандомез тарзу усули корбарии роҳбарони давлатро нишон дода, ба онҳо тавсия мекунад, ки бояд нисбат ба халқ роҳи адолат, некандешӣ, накукориро пеш гиранд.