Ду дарвеши хуросонӣ мулозиматӣ суҳбати якдигар сафар кардандӣ. Яке заиф буд, ки ҳар ба ду шаб ифтор1 кардӣ ва дигаре қавӣ, ки рӯзе се бор хӯрдӣ. Иттифоқан, бар дари шаҳре ба туҳмати ҷосусӣ гирифтор омаданд ва ҳар дуро ба хонае карданду дар ба гил бароварданд. Баъд аз ду ҳафта маълум шуд, ки бегуноҳанд. Дарро кушоданд. Қавиро диданд мурдаву, заиф ҷон ба саломат бурда. Мардум дар ин дар аҷаб монданд. Ҳакиме гуфт: «Хилофи ин аҷаб будӣ. Он яке бисёрхор (пурхӯр) будааст, тоқати бенавоӣ наёвард, ба сахтӣ ҳалок шуд ва дигар хештандор2 будааст, лоҷарам3, бар одати хеш сабр карду ба саломат бимонд»:
Чу кам хӯрдан табиат шуд касеро,
Чу сахтӣ пешаш ояд, саҳл гирад.
В-агар танпарвар аст андар фарохӣ,
Чу тангӣ бинад, аз сахтӣ бимирад!
Луғат
1. Ифтор – таомхӯрӣ.
2. Хештандор – ба сабру тоқат.
3. Лоҷарам – ночор.
Савол ва супориш
1. Гӯед, ки чаро марди лоғар ҷон ба саломат бурд?
2. Мақсади нависанда аз ин ҳикоя чист?
3. Порчаи шеърро аз ёд намоед.