Ду бародар

Ду бародар, яке хидмати султон кардӣ ва дигар бо зӯри бозу нон хӯрдӣ. Боре ин тавонгар гуфт дарвешро, ки чаро хидмат накунӣ, то аз машаққати кор кардан бираҳӣ?

Гуфт:

– Ту чаро кор накунӣ, то аз мазаллати хидмат раҳоӣ ёбӣ, ки хирадмандон гуфтаанд: «Нони худ хӯрдану нишастан беҳ, ки камари заррин ба хидмат бастан».

Ба даст оҳаки тафта1 кардан хамир

Беҳ аз даст бар сина пеши амир.

ДАРВЕШИ ҲОҶАТМАНД ВА ТУНДРӮЙИ ДАВЛАТМАНД

Дарвешеро зарурате пеш омад. Касе гуфт:

Фалон неъмате дорад беқиёс. (Молу пули фалон кас беҳисоб аст). Агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно дар қазои он таваққуф раво надорад. (Яъне ба ту ёрӣ расонад).

Гуфт:

– Ман ӯро надонам.

Гуфт:

– Манат раҳбарӣ кунам.

Дасташ бигирифт, то ба манзили он шахс даровард. Якеро дид лабфурӯҳишта ва тунд нишаста. Баргашт ва сухан нагуфт. Касе гуфташ:

– Чӣ кардӣ?

Гуфт:

– Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам.

Мабар ҳоҷат ба наздики турушрӯй,

Ки аз хӯйи бадаш фарсуда гардӣ.

Агар гӯйӣ ғами дил, бо касе гӯй,

Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ.

Савол ва супориш

1. Амали кадом бародарон ба шумо писанд омад?

2. Шумо ба ҷойи бародари он тавонгар мешудед, чӣ ҷавоб медодед?

3. «Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам» чӣ маънӣ дорад?

4. Муродифҳои калимаҳои рӯй, ғам, роҳбар, шахс, манзилро номбар кунед ва дар хона ба ҳар яки онҳо ҷумла нависед.