Булбул ва мӯр

Овардаанд, ки булбуле дар боғе бар шохе ошён1 сохт ва барои чандрӯзае мақому маскане2 пардохт3.

Булбул шабу рӯз дар гулистон дар парвоз омада ва барбати4 нағамоти5 дилфиреб дар овоз оварда. Мӯр ба ҷамъи нафақоти6 лайлу наҳор7 машғул гардида ва ҳазордастон8 дар чаману боғ ба овози хуш ғарра гашта.

Булбул бо шохи гул рамзе мегуфт9 ва боди сабо дар миён ғамзе10 мекард. Чун он мӯри заиф нози гулу ниёзи булбул мушоҳида менамуд, ба забони ҳол мегуфт:

– Аз ин қилу қол11 чӣ кушояд?

Чун фасли баҳор рафт ва мавсими хазон даромад, хор ҷойи гулро гирифт ва зоғ дар мақоми булбул нузул кард12. Боди хазон дар вазидан омад ва барги дарахт резидан гирифт. Рухсораи барг зард шуд ва нафаси ҳаво сард гашт. Аз қуллаи абр дурр мерехт ва аз ғирболи ҳаво кофур мебехт.

Ногоҳ булбул дар боғ омад, на гул дид ва на бӯйи сунбул шунид. Забонаш бо ҳазор достон лол бимонд. На гул, ки ҷамоли ӯ бинад ва на сабза, ки дар камоли ӯ нигарад. Аз бебаргӣ тоқаташ тоқ шуд ва бенавоӣ аз наво фурӯ монд. Ба ёдаш омад, ки на охир рӯзе мӯре дар зери ин дарахт хона дошт ва донае ҷамъ мекард, имрӯз ҳоҷат бар ӯ барам ва чизе талаб кунам.

Булбул – гуруснаи дирӯза, пеши мӯр ба дарюза13 рафт ва гуфт:

– Эй азиз, саховат нишони бахтёрист ва сармояи комгорӣ14. Ман умри азизи худро ба ғафлат мегузоштам ва ту зиракӣ мекардӣ ва захира меандӯхтӣ. Чӣ шавад, ки имрӯз насибе аз он каромат кунӣ?

Мӯр гуфт:

– Ту шабу рӯз дар қол будӣ, на дар ҳол. Ту лаҳзае дар таровати гул машғул будӣ ва даме назораи баҳор, намедонистӣ, ки ҳар баҳореро хазоне ва ҳар роҳеро поёне бошад.

Луғат

1. Ошён – хона, лона.

2. Маскан – ҷой.

3. Пардохтан – оростан, обод кардан.

4. Барбат – номи сози мусиқӣ.

5. Нағамот – овозҳо, нағмаҳо.

6. Нафақот – харҷи зиндагии хонавода.

7. Лайлу наҳор – шабу рӯз.

8. Ҳазордастон – булбул.

9. Бо шохи гул рамзе мегуфт – яъне ба гулҳо рози пинҳонӣ баён мекард.

10. Ғаммоз – суханчин, хабаркаш.

11. Қилу қол – гуфтугӯ.

12. Дар мақоми булбул нузул кард – яъне ҷойи булбулро гирифт.

13. Дарюза – гадоӣ.

14. Комгорӣ – комёбӣ.

Савол ва супориш

1. Булбулро чӣ маҷбур кард, ки назди мӯр ояд? Оё кори ӯ ба фикри шумо дуруст аст?

2. «Аз қуллаи абр дурр мерехт ва аз ғирболи ҳаво кофур мебехт»-ро маънидод кунед.

3. «Ту шабу рӯз дар қол будӣ, на дар ҳол»-ро шарҳ диҳед.