Подшоҳ ва ғуломи аҷамӣ

Подшоҳе бо ғуломе аҷамӣ (ғайриараб) дар киштӣ нишаст ва ғулом дигар (ҳаргиз) дарё надида буду меҳнати (азоби) киштӣ наозмуда. Гиряву зорӣ оғоз кард ва ларза бар андомаш (вуҷудаш) афтод. Чандон, ки мулотафат карданд (дилдорӣ доданд), ором намегирифт. Айши малик аз ӯ мунағғас буд (табъаш хира буд). Чора надонистанд.

Ҳакиме дар он киштӣ буд. Маликро гуфт:

– Агар фармон диҳӣ, ман ӯро ба тариқе хомӯш гардонам.

Гуфт:

– Ғояти (ниҳояти) лутфу карам бошад.

Бифармуд, то ғулом ба дарё андохтанд. Боре чанд ғӯта хӯрд. Мӯяш гирифтанду пеши киштӣ оварданд. Ба ду даст дар суккони киштӣ овехт.

Чун (аз об) баромад, ба гӯшае бинишасту ором ёфт.

Маликро аҷаб омад, пурсид:

– Дар ин чӣ ҳикмат буд?

Гуфт:

– Аз аввал меҳнати ғарқа шудан начашида буд ва қадри саломати киштӣ намедонист. Ҳамчунин, қадри офият (тандурустӣ) касе донад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

ДУРӮҒИ МАСЛИҲАТОМЕЗ

Подшоҳеро шунидам, ба куштани асире ишорат кард. Бечора дар он ҳолати навмедӣ маликро дашном додан гирифт ва сақат (бад) гуфтан, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ даст аз ҷон бишӯяд (аз ҷони худ умедашро канад), ҳар чӣ дар дил дорад, бигӯяд».

БАЙТ

Вақти зарурат чу намонад гурез,

Даст бигирад сари шамшери тез.

Малик пурсид:

Чӣ мегӯяд?

Яке аз вазирони некмазҳар (покдил) гуфт:

– Эй, Худованд, ҳамегӯяд: «Касоне, ки хашми худро фурӯ баранду бар мардум бибахшоянд, накукоранд ва Худо накукоронро дӯст медорад».

Маликро (ба ҳоли ӯ) раҳмат омад ва аз сари хуни ӯ даргузашт.

Вазири дигар, ки зидди ӯ буд, гуфт:

– Абнои ҷинси моро нашояд (ба тоифаи мо – вазирон раво нест) дар ҳузури подшоҳон ҷуз ба ростӣ сухан гуфтан. Ин маликро дашном дод ва носазо гуфт.

– Малик рӯй аз ин сухан дарҳам омад ва гуфт:

– Он дурӯғи вай писандидатар омад маро аз ин рост, ки ту гуфтӣ, ки рӯйи он дар маслиҳате буду бинои (асоси) ин бар хубсе (бадӣ ва палидӣ). Хирадмандон гуфтаанд: «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ, ки рости фитнаангез».

САМАРАИ НЕКӢ

Бо тоифаи бузургон ба киштӣ дарнишаста будам. Заврақе дар пайи мо ғарқ шуд. Ду бародар ба гирдобе дарафтоданд. Яке аз бузургон гуфт маллоҳро1, ки гуфт:

– Бигир ин ҳар дуро, ки ба ҳар яке панҷоҳ динорат диҳам (Ин ду касро наҷот деҳ, барои ҳар якаш панҷоҳ динор ба ту медиҳам).

Маллоҳ дар об афтод ва то якеро бираҳонид, он дигар ҳалок шуд. Гуфтам:

– Бақияи умраш намонда буд. Аз ин сабаб дар наҷот додани ӯ таъхир кардӣ ва дар они дигар таъҷил (шитоб)? Маллоҳ бихандид ва гуфт:

– Ончи ту гуфтӣ, яқин аст (лекин), майли хотири ман ба раҳонидани ин бештар буд. Вақте дар биёбоне монда будам, ин маро ба шутуре нишонда ва аз дасти он дигар тозиёнае хӯрдаам дар тифлӣ.

То тавонӣ, даруни кас махрош,

К-андар ин роҳ хорҳо бошад.

Кори дарвеши мустаманд барор,

Ки туро низ корҳо бошад.

Савол ва супориш

1. Аз рӯйи ҳикоят нақшаи онро тартиб диҳед.

2. Чаро маллоҳ яке аз бародаронро аз марг наҷот доду дигарро не?

3. Мақсади Саъдӣ аз баёни ҳикоят чист?

4. Порчаи шеъри охир аз чанд байт ва аз чанд мисраъ иборат аст?