Маълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф

Барои он ки асари бадеиро дақиқтар дарк кунед, аз нозукиҳои он огоҳ бошед, бояд моҳияти санъатҳои маҷоз, ташбеҳ ва тавсифро донед, аз худ намоед.

Маҷоз. Равшан аст, ки аксари калимаву ибораҳо ба ғайри маънои аслӣ боз маънои маҷозӣ низ доранд. Аз ин хотир дар сарфу наҳви забони тоҷикӣ онҳоро ба ду қисм – маънои маҷозӣ ва аслӣ тақсим кардаанд. Дар адабиётшиносӣ маънои маҷозиро санъати маҷоз мегӯянд.

Ба ҳамин тариқ, калимаву ибораҳое, ки ғайри маънои аслӣ дар асари бадеӣ истифода шудаанд, санъати маҷоз ном доранд. Санъати маҷоз дар афсона, ҳикоя, латифа, достон, чистон ва махсусан зарбулмасалу мақол, истифода бурда мешаванд. Чунончи: 1. Бародари азиз, аз худ наравед. 2. Офтобро бо доман пӯшида намешавад. 3. Вазнин шавед. Дар ҷумлаи аввал ибораи «аз худ наравед» ба маънои ҳавобаландӣ, мағрурӣ, худписандӣ омадааст, дар ҷумлаи дуюм «офтоб» маънои ҳақиқат, адолат ва воқеиятро дорад, яъне, адолат бояд дастболо шавад. Дар ҷумлаи сеюм калимаи «вазнин» ба маънои маҷозӣ омада, «аз худ наравед», худписанд, мағрур нашаведро ифода мекунад.

Ташбеҳ. Ташбеҳ маънои чизеро ба чизе, якеро ба дигаре монанд карданро дорад. Масалан, Гуландом мисли дугонааш Садбарг аълохон аст. Дар ин ҷумла Гуландом аз рӯйи донишаш ба Садбарг монанд карда шудааст.

Ташбеҳ унсурҳои ба худ хос дорад: ташбеҳшаванда, ташбеҳкунанда, олат ё воситаи ташбеҳ. Дар ҷумлаҳои боло Гуландом ташбеҳшаванда, Садбарг ташбеҳкунанда ва мисли, монанди воситаҳои ташбеҳ мебошанд. Ташбеҳ навъҳои гуногун дорад. Маъмултаринаш ташбеҳи равшан, пӯшида мебошад. Ташбеҳе, ки дар боло оварда шудааст, ташбеҳи равшан буда, ба воситаи олатҳои ташбеҳ (мисли, монанди) ба вуҷуд омадааст.

Дар адабиёти бадеӣ ташбеҳ барои возеҳу равшан ва нишонрас баромадани фикр, барҷастагии образ ва бадеияти асар хидмат мекунад. Нависанда ҳатто бо як калима ё ибора метавонад маъниҳои олиро ифода намояд. Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» гӯянда аз санъати ташбеҳ бисёр бамаврид истифода бурда, Эраҷро ба офтоб ва дигар рафиқонашро ба ситораҳо монанд кардааст: «Эраҷ, гӯё офтоб ва бачагони дигар ситораҳои дурахшон буданд, ки гирди ӯро печонида гирифта буданд». Устод Рӯдакӣ дар шеъри машҳури худ «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» амири Бухороро ба сарв ва худи Бухороро ба бӯстон ташбеҳ додааст, ки ин тасвир бисёр зебову дилкаш баромадааст:

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Савол ва супориш

1. Аз байти зер ташбеҳкунанда ва ташбеҳшавандаашро ёбед. Онҳо ба воситаи кадом олати ташбеҳ бо ҳам алоқаманд шудаанд?

Бихандад лола дар саҳро, ба сони чеҳраи Лайло,

Бигиряд абр дар гардун, ба сони дидаи Маҷнун.

2. Байти болоро ба наср баргардонед ва дар он қофияашро муайян намоед.

Тавсиф. Тавсиф маънои васф кардан, ситоиш намудани касеро, чизеро дорад ва яке аз санъатҳои маъмултарини адабиёти бадеист. Адибон ва ровиён барои пурҷозиба, дилкашу рангин баромадани ҳодисаву воқеаҳо сифату хусусияти предмет ё шахсҳои алоҳида, яъне, персонажҳои асарро пайиҳам номбар мекунанд. Масалан, гули сурхи хушбӯйи зебо ба ман ҳадя карданд. Дар ин ҷумла сифатҳои гул: сурх, хушбӯй ва зебо батафсил оварда шудаанд, ки дар забон онҳоро муайянкунанда мегӯянд. Дар асари бадеӣ чунин таркибҳоро тавсиф мегӯянд.

«Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубрӯй». Дар ин ҷумла Саъдӣ сифати бародаронро додааст, яъне маликзода кӯтоҳу хурд, вале бародаронаш баланд ва хубрӯй буданд. Илова бар ин, дар ин ҷумла санъати тазод низ омадааст. Хусусияти ин санъат он аст, ки ду чиз (сифат, хислат), ду шахс муқобили ҳам гузошта мешавад. Ё ҳодисаву воқеаҳои зидди якдигар низ тазод шуда метавонанд. Дар ҷумлаи боло сифатҳои маликзода (кӯтоҳу ҳақир) ба бародаронаш (баланду хубрӯй) муқобил гузошта шудаанд. Аз ин хотир Саъдӣ дар ин ҷумла аз санъатҳои тавсиф ва тазод, ки бештар якҷо меоянд, бамаврид истифода бурдааст. Як мисоли дигар аз Саъдӣ: «Дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез». Дар ин ҷумла ҳам тавсиф ва ҳам тазод бо ҳам омехта шуда, идеяи адибро тақвият бахшидааст. Аввалан росту дурӯғ муқобил, зидди ҳам омада, сониян сифати дурӯғи маслиҳатомез ва рости фитнаангез бамаврид истифода шуда, андешаи Саъдиро возеҳ кардаанд.

Савол ва супориш

1. Тазодро дар забон бо чӣ истилоҳ ифода мекунанд?

2. Доир ба тавсиф ва тазод мисолҳо биёред.