Дар замоне, ки Ҳотам андар даҳр
Ба карам шуҳра гашт1 дар ҳама шаҳр,
Ҳама ҷо гуфтугӯйи Ҳотам буд
Халқро рӯ ба сӯйи Ҳотам буд.
Подшоҳе зи хусравони араб
Арабе сӯйи хеш кард талаб,
Ки «Зи Ҳотам ба ҷон расида дилам,
Пеши мардум зи ҷуди ӯ хиҷилам2.
Арабе, галлабони саҳройӣ
Шуда дар ҷуд Ҳотами Тойӣ.
Ҳар кӣ номаш барад, наку гӯяд,
Ҳама кас зикри хайри ӯ гӯяд.
Рашки ӯ оташам ба ҷон задааст,
Шуъла дар ҷони нотавон задааст.
Теғ бардору рав ба маскани ӯ,
Сари ӯро ҷудо кун аз тани ӯ.
Гар расонӣ ба ман сари Ҳотам,
Диҳамат то ба даҳ ҳазор дирам.
То шавад номи ӯ зи олам гум,
Гум кунад зикри хайри ӯ мардум.
Ман дигар дасти ҷуд бикшоям,
Сад чу Ҳотам вуҷуд бинмоям.
Чун касон аз сахо сухан гӯянд,
Ҳама ҷо аз сахои ман гӯянд».
Араб омад суйи қабилаи Тай,
То барад баҳри подшаҳ сари вай.
Буд Ҳотам ситода бар сари роҳ,
Ки расид аз раҳ он араб ногоҳ.
Бар араб гуфт: «Ман нишон диҳамат,
Сари Ҳотам ҳамин замон диҳамат».
Ҳамраҳаш бурд дар биёбоне,
Ки набуд он ба ҷуз ду тан ҷоне.
Теғи хунрези худ ба дасти араб
Доду биншаст пеши ӯ баадаб,
Ки «Бизан теғро бар гардани ман,
Сари Ҳотам ҷудо кун аз тани ман.
Манам он Ҳотаме, ки мегӯйӣ,
В-ин сар аст, он саре, ки меҷӯйӣ.
Сарам афкан, ки бе сарам наравӣ,
То тиҳидаст аз барам наравӣ».
Араб аз кори худ пушаймон шуд,
Аз каф андохт теғу гирён шуд.
Гуфт: «Бархез, эй карамгустар3,
Ба карам аз гуноҳи ман бигзар,
Ки фалон шоҳ даҳ ҳазор дирам
Ваъда кардаст, то сари ту барам.
Тамаъ андохт дар гуноҳ маро,
В-аз тамаъ гашт рӯ сиёҳ маро».
Луғат
1. Ба карам шуҳра гашт – дар саховат дар байни халқи олам машҳур гашт.
2. Зи ҷуди ӯ хиҷилам – аз саховатмандии ӯ нороҳат мешавам.
3. Карамгустар – саховатпеша, саховатманд.
Савол ва супориш
Мувофиқи фикратон мазмуни ҳикояро ба наср гардонед. Ҳангоми иҷрои супориш калимаҳои саховатманд, ҷуд, хайру эҳсонро истифода баред.