Дар бораи вафодорӣ

Ҷафокоро, вафодорӣ биёмӯз,

Зи ёрон шеваи ёрӣ биёмӯз!

Ба ҳар кас рӯзи неъмат1 аҳд бастӣ,

Фаромӯшаш макун дар тангдастӣ!

Чу нон бардоштӣ, хонро2 маяндоз,

Намак хӯрдӣ, намакдонро маяндоз.

Набояд рӯзи аввал аҳд3 бастан,

Пас аз бастан намебояд шикастан.

Зи мо сарриштаи аҳд аст зинҳор,

Ки ин сарриштаро аз даст магзор.

Тариқе хуштар аз аҳду вафо нест,

Вале афсӯс, к-он дар аҳди мо нест.

Вафо, гар з-он ки дар олам набошад,

Чӣ бошад, гар ҷафое ҳам набошад!

Нашояд ҳар замон ёре гирифтан,

Зи ёрон дар дил озоре гирифтан.

Гуле, к-он ҳар замон бошад ба ҷое,

Намеояд аз ӯ бӯйи вафое.

Ба мутриб муҳтасибро4 з-он бувад ҷанг,

Ки ҳар дам дар мақоме дорад оҳанг.

Яке, к-ӯ рӯзу шаб як ҷо муқим аст,

Зи ёрони вафодори қадим аст.

Касе, к-аз дӯстӣ берун ниҳад пай5,

Дар ойини вафо саг беҳтар аз вай.

Зи кӯйи ӯ қадам натвон кашидан,

Ба роҳи ӯ ба сар бояд давидан …

***

Омад баҳору хушдилам аз рангу бӯйи гул,

Он беҳ, ки май кашам ду-се рӯзе ба рӯйи гул.

Гул дидам, орзуи касе дар дилам фитод,

К-аз диданаш касе накунад орзуи гул.

Ин дам, ки бӯйи дилкаши гул медиҳад насим,

Бас дилкаш аст гашти гулистон ба бӯйи гул.

Хуш он, ки ёр бошаду ман дар ҳарими боғ,

Ман сӯйи ӯ назар фиканам, ӯ ба сӯйи гул.

Дид он ду рух Ҳилолию осудадил нишаст

Аз ҷустуҷӯи лолаву аз гуфтугӯйи гул.

Луғат

1. Неъмат – серию пурӣ, фаровонӣ, рӯзи осоиш.

2. Хон – дастархон.

3. Аҳд – паймон, ваъда.

4. Муҳтасиб – назоратгари динӣ.

5. Пай – пой, қадам.

Савол ва супориш

1. Одами тангдаст гуфта киро мегӯянд?

2. Зарбулмасали «Намак хӯрда ба намакдон туф накунед» ба кадом байти пораи боло рост меояд?

3. Муродифи «вафодор», «ҷафокор», «ёр» ва «озор»-ро ёбед.

4. Калимаи «давидан»-ро таҳлили овоӣ кунед.