Шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва ноҳияҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Дар он ҷо аз тарафи Султон Муҳаммад дастаи аскарони муҳофиз гузошта нашуда буд. Аҳолии он ҷо ҳам монанди аҳолии дигар ҷойҳои мамлакати султон ба дасти тақдир супурда шуда буданд. Маслиҳате ҳам, ки аз тарафи султон ба онҳо дода шуда буд, ҳамон «маслиҳат» буд, ки ӯ дар вақти гурези худ ба аҳолии сари роҳ дода буд. Ин «маслиҳат» ҳамин буд, ки мегуфт: «…Чораи кори худ созед ва барои худ гурезгоҳе ба даст оваред. Агар гурехта натавонед, таслим шавед!»
Аммо ҳокими Хуҷанд – Темурмалик ба он гуна «маслиҳат» ва фармонҳои хоинона ва агар сабуктар карда гӯем, беномусона гӯш надод ва аз вақте ки ӯ ҳаракати Чингизи хунрезро ба тарафи Мовароуннаҳр шунид, дар пайи мудофиаи Ватан афтод.
Темурмалик аз аввал медонист, ки як душмани хунхори пурзӯри монанди Чингизро Хуҷанд ба танҳоӣ шикаст дода, нест карда наметавонад. Лекин виҷдони ватандӯстӣ ӯро маҷбур мекард, ки то дар бадан ҷон ва рамақе дорад, вазифаи аз тарафи Ватан ба гарданаш гузошташударо адо намояд, то ки дар пеши модари азиз – Ватан хоин ва оқи модар ба шумор наравад ва дар таърих номи ӯ бо лаънат ва нафрат ёд нашавад. Ӯ ин нуктаро бахубӣ медонист, ки агар Ватан аз даст рафта, поймоли суми аспони душман шавад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, бономусона ва қаҳрамонона дар сафи ҷанги мудофиаи Ватан кушта шудан, ҳазор бор аз он гуна зиндагонии сарпастона, асирона ва беномусона беҳтар аст. Бинобар ин, ӯ қарор дод, ки ба ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри қувват ва имкон дар мудофиаи Ватан кӯшиш намояд.
Темурмалик барои иҷрои ин мақсади худ атрофи шаҳри Хуҷандро аз назар гузаронида, дар миёни дарёи Сир ҷазирае ёфт, ки дар он ҷо қалъае сохтан мумкин буд. Ӯ, пеш аз ҳама, аввал мардуми Хуҷандро сафарбар карда, дар он ҷазира як қалъаи мустаҳкам бино намуданро сар кард.
Ҳарчанд шаҳри Хуҷанд қалъаи қадимии мустаҳкаме дошта бошад ҳам, назар ба фикри Темурмалик бо одами кам ба он қалъа такя карда, дар муқобили чингизиён муддати дароз истодагарӣ намуда, ҷангидан мумкин набуд, чунки онҳо бо аскари бисёр қалъаи хушкиро дар муҳосираи сахт мегирифтанд, бо манҷаниқҳои калон, ки ягона яроқи қалъагирии он замон буд, шаҳр ва деворҳои вайро хароб мекарданд ва зарфҳои пурнафтро оташ зада, ба шаҳр андохта, сӯхторҳо ба амал меоварданд.
Аммо қалъае, ки Темурмалик дар миёнаи об сохтан мехост, аз хавфи санги манҷаниқ ва оташи нафт дар амон буд, зеро бинобар аз хушкӣ дур будани қалъаи обӣ, сангҳо ва зарфҳои пурнафт, ки аз канор андохта мешуданд, ба вай намерасиданд.
Дар вақте ки хуҷандиён дар зери роҳбарии Темурмалик қалъаи обӣ месохтанд, ҳар рӯз аз сафи ҷанг хабарҳои бад ва ноумедкунанда мерасид. Аммо ҳеч кадоми ин гуна хабарҳо ба азму иродаи Темурмалик футур нарасонид. Балки ҳар хабаре, ки ӯ дар бораи ваҳшигарии чингизиён нисбат ба аҳолӣ, боғу бӯстонҳо ва киштзорҳоро сӯхтани онҳо мешунид, оташи интиқомгирии ӯ ба ҷӯш омада, дар мудофиаи Ватан ва авлоди вай собитқадамтар мегардид.
Темурмалик баъд аз тамом намудани сохтмони қалъа, он ҷоро бо озуқа ва аслиҳа пур кард. Хубтарин аслиҳаи ҷангии он замон шамшер, ханҷар, найза, табарзин ва камону тир буд, ки ҳамаи ин гуна яроқҳоро худи аҳолии Хуҷанд бо як суръат ва ғайрати ҷанговарона сохта, ба қалъа мерасониданд.