Вақте ки қувваи Улоқнӯён зиёд шуд, як қисми аскарони худро дар зери фармони Мангубуқо ба тарафи шаҳри Хуҷанд гузаронидан хост. Ӯ ба ин мақсад чандин сар гупсарҳо тайёр кард ва барои аз об гузаронидани аскарон гузаргоҳи Маҳрамро, ки аз назорати киштиҳои Темурмалик бисёр дур буд, интихоб кард. Ӯ фармуд, ки чандин амад (сал) сохта, онҳоро ба гупсарҳо пайваст кунанд ва гупсарҳоро ба аспони зӯри оббур банданд ва аспу одам ва яроқҳои худро бар рӯйи амадҳо ҷой дода, шабона аз об ба тарафи чапи дарёи Сир гузаранд.
Чингизиён баъди аз об гузаштан тайёрии ҳарбӣ дида, ба тарафи шаҳри Хуҷанд ҳаракат карданд. Дар роҳ деҳаҳо ва ҷойҳои аҳолинишин ҳама холӣ буданд. Як қисми аҳолии он ҷойҳо ба шаҳр кӯчида ва қисми дигарашон ба кӯҳистон гурехта буданд, аммо боғу бӯстонҳо бо токҳои ангур ва дарахтони мевадор ва киштзорҳо бо ҳосилоти бисёрашон барқарор монда буданд. Муғулони ваҳшӣ ҳамаи ободӣ ва осори маданиятро, ки дар пеши роҳашон мебаромад, сӯхтаву вайрон карда, пеш мерафтанд.
Вақте ки муғулон ба Қистакӯз расиданд, хабари аз об гузаштани онҳо ба шаҳри Хуҷанд расид. Аҳолии шаҳр, ки чанд вақт боз ҳуҷуми чингизиёнро дар назар доштанд, ба сабаби ба шаҳр наздик омадани онҳо ҳеч саросема нашуда, «меҳмонони нохонда»-ро аз болои девори қалъа бо тирҳои паррони камон ва сангҳои манҷаниқ ва чархҳои сангпаррон пешвоз гирифтанд.
Шаҳр дар муҳосира монд, аммо азбаски қувваи калони муғулон ба муқобили Темурмалик ва қалъаи обии он банд буд, муҳосираи шаҳр он қадар сахт нашуд. Аҳолии шаҳр ҳар рӯз аз болои шинакҳои қалъа бо сангу тир ва аз дарвозаҳо баромада, дар майдон бо гурз, найза ва шамшер бар зидди чингизиён сахт меҷангиданд. Шабҳо ба урдугоҳи душман шабехун мезаданд.
Аҳолӣ бо ҳамаи ҷангҳо аз деҳоте, ки ҳанӯз аз тарафи муғулҳо ишғол нашуда буданд, ба шаҳр озуқа мекашонданд ва бо Темурмалик ҳам алоқаи худро нигоҳ дошта, аз вай таълимот мегирифтанд ва ба вай бо озуқа ва аслиҳа мадад мерасониданд.
Ин ҷанги хунин хеле дер кашид, ба муғулон ҳар рӯз мадади нав мерасида бошад ҳам, бо ҷанг ишғол шудани шаҳр ба назарашон дур менамуд. Бинобар ин, онҳо роҳи иғвогариро, ки дар ишғол кардани шаҳрҳои дигар ба кор бурда буданд, дар ин ҷо ҳам пеш гирифтанд. Ин роҳ аз истифодаи савдогарони ҷосус иборат буд.
Чандин сол пештар аз он, ки Чингизхон ба тарафи Мовароуннаҳр ба сафари ҳарбӣ барояд, бо савдогарони ин сарзаминҳо робитаи худро маҳкам карда, ба корҳои тиҷоратии онҳо ёриҳои куллӣ мерасонид, молҳои онҳоро бо нархҳои баланд мехарид, ба онҳо пешакӣ нуқраи хом ва дигар чизҳои пурқимат дода, молҳои махсусро супориш мекард. Ҳатто худаш ва шоҳзодагони вай ба тарзи фоидашарик ҳам ба савдогарон камтар сармоя, пул ва мол дода, онҳоро ба кор медароварданд.
Савдогарон, ки аз Чингизхон ин қадар ёрмандӣ медиданд, ҳавохоҳи ӯ шуда, бо дилхоҳ ва ихтиёри худ дер боз ба манфиати ӯ ва бар зарари ватан ва ҳамватанони худ ба ӯ ҷосусӣ мекарданд. Дар вақти ҷанг бошад, ҳар кадоми онҳо ба шаҳри худ аз тарафи Чингиз вакил ва намоянда шуда мерафтанд ва ҳамшаҳриёни худро бо ташвиқ ва тарсониш ва бо роҳи ҳар гуна иғво аз ҷанг ва муқобилат боздошта, ба таслим шудан розӣ мекарданд.
Чингизхон аз савдогарони Мовароуннаҳр ва Туркистон на танҳо дар сафари ҳарбии ба Мовароуннаҳр кардааш фоида бурд, ҳатто дар сафари Хитой ҳам аз он гуна савдогарон истифода кард. Чунончи, пеш аз ба мамлакати Хитой ҳуҷум карданаш, Ҷаъфархоҷа ном савдогарро ба он мамлакат Элчӣ (сафир) карда фиристода буд, ки барои лашкаркашии ӯ замина тайёр кунад.
Дар сафари Мовароуннаҳр ва Хуросон бошад, савдогарон мисли сиёҳгӯш, ки пешопеши ҳайвоноти дарандаи бузург рафта, барои онҳо сайд пайдо мекунад, пеш-пеши Чингиз гашта, мардумро ба таслим шудан, даъват мекарданд, то ки чингизиёни даранда бе ҳеҷ ҷангу ҷидол гӯшти одамхӯрӣ кунанд…
Ба Хуҷанд Аҳмади Хуҷандӣ фиристода шуд, ки ин одам аз савдогарони Хуҷанд буда, бо Чингизхон алоқаи дерин дошт. Дар бораи муносибати Аҳмади Хуҷандӣ бо Чингизхон ҳуҷҷатҳои таърихӣ чунин мегӯянд: «… дар он овон, ки лашкариёни подшоҳи ҷаҳонгир Чингизхон саҳронишин буданд, пӯшокворӣ ва палосворӣ дар урдуи ӯ қаҳтии тамом дошт ва дар хариду фурӯши он чизҳо манофеи бисёре ҳосил мешуд, бинобар ин, Аҳмади Хуҷандӣ ва ду каси дигар аз бозоргонони Бухоро асвоб (либосҳо) ва карбос ва ғайри золика аз амтиа (матоъҳо), ки лоиқи қабоили муғул буд, ҷамъ оварда, мутаваҷҷеҳи урдуи хон шуданд…».
Назар ба тафсилоте, ки ҳуҷҷати мазкур медиҳад, роҳдорони Чингиз матоъҳои хуҷандиро писандида, ба хон тақдим мекунанд, аммо Аҳмади Хуҷандӣ ба молҳои худ баҳои аз ҳад зиёд талаб мекунад. Хон аз ноинсофии Аҳмад ранҷида, бухориёнро металабад. Онҳо ихтиёрӣ молҳояшонро ба хон вогузор мекунанд. Хон хурсанд шуда, ба молҳои онҳо аз умедашон зиёдтар қимат медиҳад. Баъд аз он бадмуомилагии Аҳмадро бахшида, ба молҳои ӯ ҳам қимати калон медиҳад.
Аз рафти воқеа маълум мешавад, ки Чингиз аз пулпарастии Аҳмад фоида бурда, ӯро ба доми худ кашид ва дар сафари Мовароуннаҳр дар қатори савдогарони пулпарасти дигар ӯро ҳам ба зарари ҳамватанонаш ва ба манфиати худ кор фармуд.
Ҷосуси иғвогари чингизиён – Аҳмади Хуҷандӣ ба шаҳри Хуҷанд ба сифати як «ҳамватан» ба осонӣ даромад. Аммо аз он ҷо, ки оммаи аҳолии Хуҷанд бо ҷасорати табиӣ ва тарбияи Темурмалик дар мудофиаи ватан тайёр буда, дар ин роҳ аз кушта шудан наметарсиданд, ӯ кори худро махфиёна дар миёнаи савдогарони калон, ки ҳампешагони ӯ буданд ва дар миёнаи шайхону муллоён, ки ба ҳадя ва туҳфаи сарватмандон вобаста буданд, пеш бурд.
Савдогарон, ки мисли Аҳмад ба фоидаи тиҷоратии Муғулистон оби даҳонашон мерафт ва дар бадали як ҷӯра карбос ба даст даромадани чанд болиш нуқраи хомро ба пеши назар меоварданд, ба таслим розӣ шуданд. Инчунин, шайхон ва муллоён ҳам, аз як тараф, бо ташвиқоти Аҳмад аз инъому эҳсони Чингизхон умедвор шуда ва аз тарафи дигар, валинеъмати худ – савдогарони калонро ҳаводорӣ карда, розӣ шуданд, ки шаҳрро ба муғулон супоранд.
Дар натиҷа ин гурӯҳи ватанфурӯш бе он ки ба аҳолии шаҳр хабар диҳанд, вакилони худро бо пешкашҳои лоиқ ба пеши сараскари муғул фиристода, дарвозаҳоро ба рӯйи чингизиён бо дасти худ кушоданд.
Вақте ки шабона муғулон ба сари аҳолӣ ба шаҳр ногаҳонӣ рехтанд, халқи ватандӯст то ҷон доштанд, ҷангида дар майдони мубориза кушта шуданд ва онҳоеро, ки яроқ бардошта наметавонистанд, бо илтимоси намояндагони таслимчӣ «амондода», аз шаҳр бароварданд.
Лекин тақдири Хуҷанд ва аҳолии он аз тақдири Банокат ва аҳолии вай беҳтар нашуд: чингизиёни ваҳшӣ баъд аз тороҷ шаҳрро сӯхтаву вайрон карда, ба замин яксон намуданд; аз байни аҳолии «амондода» ва аз шаҳр баровардашуда ҳунармандон ва ҷавононро ҷудо карда, боқимондаҳоро аз зану мард ва бемору пир то бачагони ширхор аз дами теғи худ гузарониданд. Танҳо он чанд нафар савдогарони калон ва рӯҳониён бо як қабат пӯшоки зарурияшон бар болои тӯдаҳои хокистари шаҳр ва дар байни ҷасадҳои реза-резашудаи аҳолии шаҳр зинда монданд.
Фоҷиаи таслими шаҳри Хуҷанд ва қатли ом карда шудани аҳолии он барои Темурмалик як мусибати пурзӯри ногаҳонӣ шуд. Ӯ монанди шери захмхӯрда меғуррид, аммо ба захми худ марҳам намеёфт; ӯ мисли баҳри дар талотумомада мешӯрид, аммо шӯридани вай ғайр аз дар изтироб андохтани ҳастии худаш ба вай фоидае намебахшид; ӯ ҳамчун наҳанги дар регзори беобафтода метапид, аммо ин тапиш ӯро аз гирдоби ҳаёт боз ҳам дуртар меафганд.
Темурмалик ғайр аз ба хоинон лаънат ва нафрат фиристодан ва рафиқони худро барои интиқомкашӣ аз душманони ғаддори хунхор ташвиқ карда, ба онҳо ҷасорат ва ғайрати тоза додан барои худ воситаи тасаллии дигаре наёфт.
Темурмалик аз корҳои амалӣ дар роҳи интиқомкашӣ аз хоинони ватан ҳамин қадар карда тавонист, ки ба «баҳонаи музокираи таслими худ» Аҳмад ва чанде аз калоншавандагони таслимчиёнро ба пеши худ ҷеғ зад ва худ бо ду-се нафар рафиқонаш, ки ба онҳо таълимоти махсус дода буд, ба канори об баромад. Вақте ки таслимчиён ба лаби об расиданд, Темурмалик бе он, ки бо онҳо гуфтугӯ кунад ва ба онҳо фурсати лабкушоӣ ва яроқбардорӣ диҳад, бо табарзин ба сари Аҳмад ҳуҷум оварда, каллаи ӯро монанди чӯбкадуи хушк пора-пора кард ва ҷавонони ӯ ҳам ба дигарон ҳамла бурда, бо шамшери тез бадани онҳоро реза-реза намуданд.
Ҷавонон хостанд, ки ҷасадҳои пошхӯрдаи хоинонро дар об андохта, аз онҳо дар дунё асаре боқӣ нагузоранд, аммо Темурмалик ба ин кор роҳ надод:
– Ҷасади мурдори ин палидон оби зулоли дарёи ватани моро ҳаром мегардонад. Монед, ки гӯшти инҳоро шағолон, гургон ва мурғони мурдорхӯр хӯрда, асари инҳоро аз рӯйи замин нест кунанд! – гуфт.
Савол ва супориш
1. Мақсади муғулон аз куштори мардуми шаҳри Хуҷанд дар чӣ буд?
2. Чаро савдогарон ва рӯҳониён бо муғулон ҳамкорӣ карданд?
3. Оё онҳоро хоини Ватан гуфтан равост? Андешаатонро баён кунед.
4. «… бо табарзин ба сари Аҳмад ҳуҷум оварда, каллаи ӯро монанди чӯбкадуи хушк пора-пора кард …». Дар ин ҷумла кадом санъати бадеӣ истифода шудааст? Ёбед ва онро маънидод кунед.