Темурмалик яккаву танҳо аз ҷанггоҳ бо роҳи биёбон ба тарафи Хоразм мерафт. Ӯ аз биёбон баромада, ба ҷойҳои обод ва аҳолинишини Хоразм расид. Аммо ҳамаи он ҷойҳои собиқ обод аз биёбони холии беобуалаф бадтар шуда буданд; киштзорҳо, боғу бӯстонҳо ва марғзорҳо сар то сар хароб карда шуда буданд; деҳаҳо ва работҳо тамоман сӯхта вайрон буданд. Дар тамоми он ҷоҳо аз ҷинси одамӣ ва ҳайвоноти хонагӣ касе ва чизе ба назар наменамуд. Аз нишонаи одамӣ танҳо ҷасадҳои сарбурида, синадарида, даступо шикаста ва шикамчоккардашуда буданд, ки гӯшти онҳоро дарандагон ва парандагони мурдорхӯр хӯрда буданд ва мехӯрданд. Маълум буд, ки онҳо асари панҷаҳои мурдори дарандагони хунхори чингизӣ буданд, ки аз худашон дар он сарзаминҳо нишона ва ёдгорӣ гузошта буданд.
Темурмаликро аз дидани ин ҳол дил метапид, нафас тангӣ мекард ва ғазабе, ки нисбат ба чингизиён дошт, садчандон зиёдтар шуда буд. Аммо чӣ чора, ки роҳи интиқомгириро намеёфт ва аз ин сабаб дарун-дарун месӯхт.
Ӯ дар ҳолате, ки дилаш бо оташи ғазаб шуълавар шуда буд, ба сӯйи пойтахти Хоразм, ки дар он вақтҳо пойтахти Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳр ҳам он ҷо буд, равон шуд, ки шояд аз он ҷо барои дили худ тасаллое ёбад. Аммо дар наздикии шаҳри Урганҷ ба майдоне расид, ки дар он ҷо садҳо ҳазор ҷасадҳои мардон, занон ва кӯдакони кушташуда ба ҳам омехта ва болои ҳам хобида буданд. Дар миёни кушташудагон ҷасадҳои баъзе занон менамуд, ки шиками онҳоро чок карда, тифли норасидаашонро бароварда, сар бурида, дар канорашон гузошта буданд.
Темурмалик дигар тоқати дидани ин фоҷиагоҳ надошт ва дастҳои худро дар пеши чашм кашида ба шаҳр рафт. Аммо аз он шаҳри азиме, ки ӯ вайро чандин моҳ пеш аз ин дида буд, нишонае наменамуд: қасрҳо, кӯшкҳо, кохҳо, саройҳо, корвонсаройҳо, растаҳо, бозорҳо, тимҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳо, манораҳо, масҷидҳо – ҳама ва ҳама сӯхта хокистар гардида буданд. Чингизиёни ваҳшӣ барои тамоман нест кардани осори маданият баъд аз вайрон кардан об сар дода буданд, ки ҷойи шаҳри пештара монанди толобе ба назар менамуд.
Темурмалик аз даҳшати ин манзараи ваҳшатангез дар ҳайрат афтода, чашмони худро мемолид ва муайян карда наметавонист, ки оё ин манзарае, ки мебинад, як хоби ҳавлноки даҳшатоваре аст ё он шаҳри ободе, ки пеш аз ин дидани вай ба хаёлаш меояд, дар воқеъ ҳақиқат надоштааст ва дар ҳақиқат вай хаёле будааст, ки дар хоб ба сурати шаҳр ба назараш намуда будааст?
Темурмалик бешуурона ҳаракат карда, ба лаби дарёи Аму рафт ва дар лаби об нишаста, сару тани худро бо оби равони сард шустушӯ кард, ки қадре хунаш сард шуда, дилаш аз ҳаяҷон ва рагу паяш аз изтироб ором ёбад.
Ӯ баъд аз шустушӯ бехаёлона ба ҳар тараф нигоҳ мекард, ки дар каноре, аз ҷойи нишастааш дуртар ба рӯйи реги обоварда ҷасади як одам ба назараш вохӯрд. Ӯ дар аввал он ҷасадро яке аз мурдагон гумон кард. Аммо баъд аз андаке ҷасад ҷунбид. Темурмалик донист, ки он ҷасад ҳанӯз зинда будааст ва аз ҷояш хеста, ба пеши вай рафт. Дар ҳақиқат вай ҷон дошт, аммо қуввате надошт, ки аз ҷояш хезад ва ё гап занад.
Темурмалик донист, ки ин одам гурусна аст. Ӯро бардошта ба хушкӣ баровард ва аз хӯроки эҳтиётии худ як каф талқонро ба об омехта, атола карда, дар даҳони он кас рехт. Баъд аз соате «мурда» зинда шуда, хеста нишаст ва қуввати гуфтор пайдо карда, саргузашти худро ҳикоя кард.
Назар ба ҳикояи ӯ, Султон Муҳаммад Хоразмшоҳ баъд аз гурехтанаш аз Самарқанд аз роҳ ба модараш Турконхотун, ки дар Хоразм буд, мактубе фиристода фармудааст, ки ӯ аҳли ҳарам, хазина ва дигар чизҳои пурбаҳоро бардошта ба Мозандарон равад.
Турконхотун аз ин мактуб ва фармон ҳис кардааст, ки писараш аз чингизиён гурехтааст ва ӯ дар дили худ гумон кардааст, ки «акнун аҷаб нест аҳли дарбор ба писараш исён кунанд ва каси дигареро ба подшоҳӣ бардоранд». Бинобар ин, ӯ касонеро, ки эҳтимоли исён кардан ё қобилияти подшоҳ шудан доштаанд ва умуман касонеро, ки мансуб ба қабилаи худи Турконхотун набуданд, ба пою гарданашон сангҳои гарон баста, дар оби Аму ғарқ кунонидааст.
Ин одам ҳам яке аз он бадбахтон будааст, ки аз хушбахтӣ обварзӣ ва оббозиро медонистааст ва бандҳои дар гардану пой басташудаи ӯ ҳам сусттар будаанд, ки дар зери об онҳоро кушода ва сангҳоро аз худ дур карда тавонистааст. Баъд аз бар рӯйи об баромадан чандин рӯз дар об ва дар ҷазираҳо байни об мондааст ва дар охир худро ба ин канор кашидааст, лекин аз беҳолӣ дар ин ҷо афтода мондааст.
Темурмалик бо шунидани ин ҳикояти пурваҳшоният Султон Муҳаммад ва модари ӯ Турконхотунро дар қатори чингизиён гузошта, ба ҳамаи онҳо лаънат ва нафрат фиристод ва баъд аз нигоҳубин карда ба қувват овардани ин одам ӯро ҳамроҳи худ гирифта ба роҳ даромад, ки шояд дар ягон ҷой коре карда тавонад.
Роҳи ин ду рафиқ аз болои ҳамон кушишхона буд, ки Темурмалик аз дидани он манзараи пурфоҷиа бетоқат шуда буд. Вақте ки рафиқи нави Темурмалик он манзараро дид, навҳа ё нолаи ҷонкоҳе кашида ба рӯ афтод ва хомӯш шуд.
Темурмалик андаке об ёфта ба рӯйи он кас зад, дасту пой ва шонаву бозуҳояшро молиш дод. Аммо он одам асари ҳаёт нишон намедод – ӯ дилкаф шуда мурда буд.
Темурмалик аз ваҳшати дар Хоразм пайдошуда дар даҳшат афтода, бе он ки ба куҷо рафтани худро муайян карда тавонад, монанди сарсариёни яккаву танҳо ба роҳ даромад ва дар роҳи худ ба шаҳри Кат рост омад, ки атрофи ин шаҳр ҳам пур аз мурдаҳои лухсидаву пӯсида буд, боғу бӯстонҳо хароб ва биноҳо вайрон шуда буданд. Дар ин ҷо ҳам аз авлоди одам касе ба назар наменамуд. Танҳо дар як бинои нимхаробаи ҳокимнишини ин шаҳр дастаи қаровулони муғул бо як шаҳна ҷойгир шуда буданд.
Темурмалик дар фикри интиқомгирӣ афтода, ба гӯшаи вайронае худро кашида, бе он ки ҳаракате кунад ва садое барорад, то шаб дар он ҷо хобид ва баъд аз он ки сиёҳии шаб оламро фурӯ гирифт, ӯ аз ҷойи пинҳоншудааш баромада, оҳиста-оҳиста ба бошишгоҳи муғулон рафт ва дар он ҷо камингоҳе ёфта, дар вай хазида, душманонро ба зери чашми худ гирифта, нигарони фурсат шуд.
Муғулон як гӯсфандро хафа (буғӣ) карда куштанд ва баъд аз пӯст канда тоза намудан вайро бар болои тӯдаи оташе гузошта, хомсӯз ва нимбирён карданд. Аз хумҳое, ки аз шаробхонаи ҳокими пештараи он ҷо ғанимат афтода буд, ба карсонҳо – табақҳои чӯбин шароб рехта, чунон ки қимиз менӯшида бошанд, пай дар пай нӯшидан гирифтанд. Гӯсфанди хомсӯз бар сархушҳо ба ҷойи газак (нуқл) хидмат мекард.
Муғулон аз бисёр нӯшидани шароби ангурии пурзӯр дар андак вақт маст гардиданд ва яке аз паси дигаре афтода, ҳамагӣ дар хоби мастӣ ғунуданд.
Темурмаликро вақти кор расид: ӯ ҳамаи он чингизиёнро ба хобе фиристод, ки дигар ҳаргиз барнахезанд. Баъд аз он аз байни аспоне, ки дар он ҷо дар ихтиёри муғулон буд, як аспи туркмании оҳусурини гарданқозро ҷудо карда гирифт ва аз яроқҳои онҳо ҳам табарзин, шамшер ва камону тир барин аслиҳаҳоро ба қадри даркорӣ ва барои эҳтиёт як қадар хӯрокворӣ ва гӯшти хомсӯз гирифта, аспро савор шуда, ба роҳ даромад.
Савол ва супориш
1. Мақсади муғулҳо аз тамоман хароб намудани Хоразм чӣ буд?
2. Кирдору рафтори Турконхотунро шарҳ диҳед. Муносибати худро нисбат ба чунин шахсон баён намоед.
3. Чаро ҳамсафари Темурмалик аз дидани Хоразми ваҳшатсаро якбора ҷон дод?
4. Ҷумлаи «Темурмаликро вақти кор расид, ӯ ҳамаи он чингизиёнро ба хобе фиристод, ки дигар ҳаргиз барнахезанд»-ро шарҳ диҳед.