Хабари омадани Темурмалик ба маъмурони муғул ҳам расид. Маъмурон аз як тараф ба кофтуков даромада бошанд, аз тарафи дигар, ин хабарро ба Чағатой, ки ҳокими Туркистон, Мовароуннаҳр, Хуросон ва Ғазнин то лаби оби Синд буд, расонданд.
Чағатой бадтарин ва хунхортарини писарони Чингизхон буд, ӯ дар ҳамаи сифатҳои ваҳшиёна ва золимона вориси ҳақиқии Чингизи хунрез буд. Бинобар ин, Чингиз нигаҳдории қонуни ваҳшиёнаи худро ба ӯ супурда буд. Масалан, аз рӯйи қонуни Чингизхон рӯзона дар об даромадан ё гӯсфандро сар бурида куштан, мамнӯъ буд.
Чағатой, ки дар вақти оромии мамлакат дар ҳаққи раият, хусусан дар ҳаққи мардуми тоҷик, ин қадар сахтгирӣ мекард, бо шунидани хабари Темурмалик чиҳо кардани ӯ худ аз худ маълум аст.
Чағатой чандин ҳазор саворони ҷаррорро дар зери фармони Қатағанӯғлон ба сафар баровард ва ба ӯ фармон дод, ки «ҳамаи дашту биёбонро ҳалқа гирифта, ҳар каси дучоромадаро дастгир карда, бояд то Хуҷанд равӣ ва агар дар ин миён Темурмалик ба даст наафтад, бояд ки тамоми Мовароуннаҳр ва Хуросонро кофтуков кунӣ, то ӯро ба даст надарорӣ ва ё накушӣ, ба пеши ман боз нагардӣ ва ба кашидани ёсо (ҷазо) мунтазир бошӣ!».
Баъд аз он ки дар Хуҷанд маъмурони маҳаллӣ дар кофтукови Темурмалик шиддат ё вусъат бахшиданд, ӯ дар ташвиш афтод. Ташвиши ӯ на барои ин буд, ки ба даст меафтад ё кушта мешавад, балки ӯ аз ин метарсид, ки агар дар он ҷо дастгир шавад, писараш ҳам дастгир ва кушта хоҳад шуд. Бинобар ин, ӯ аз ҷазира сафар карданро мувофиқ ёфт.
Темурмалик инро медонист, ки агар ӯ аз ҷазира рӯйирост сафар кунад, писараш аз вай ҷудо намешавад ва агар дар ҷое ба дасти душман афтад, ӯ ҳам гирифтор мешавад. Бинобар ин, шабе, бе он, ки ба писараш хабар диҳад, дар вақти дар хоб будани ӯ табарзин ва асои қаландариро ба даст гирифта, оҳиста аз кулба баромада ва бо қаиқе, ки дар канори об буд, ба тарафи рости дарёи Сир аз об гузашт ва қаиқро ба канори об баста, худаш ба тарафи кӯҳистони Консой нигоҳ карда равон шуд.
Писари Темурмалик як вақт аз хоб бедор шуда дид, ки падараш дар ҷойи хобаш нест. Аввал «шояд барои ёзидан берун баромада бошад» гуфта қадре нигарон шуд. Вақте ки ӯ ба зудӣ баргашта наомад, барои хабаргирӣ берун баромад, аммо ӯро дар наздикиҳои кулба наёфт. Дуртар рафт, ӯ нест. Ҳама ҷойи ҷазираро гардиш кард. Боз аз вай асаре наёфт. Рӯз ҳам шуд, наомад.
Ҷавон ба гузаргоҳи ҷазира, ба ҷое, ки қаиқ дар он ҷо меистод, рафт. Қаиқ дар ҷояш набуд. Ӯ муқаррар кард, ки падараш аз об гузаштааст, аммо дар тарафи чапи об ҳам қаиқи барзиёд наменамуд. Бинобар ин, ӯ тарафи дасти рости дарёи Сирро чашм андохта, ҷазираро гардиш кард. Дар он ҷо як қаиқи холиро дид ва донист, ки падараш ба тарафи дасти рости об гузаштааст.
Ҷавон хост, ки аз пайи падараш равад. Аммо қаиқ набуд, ки савор шуда аз об гузарад. Ӯ баргашта ба кулба омад. Аз он ҷо ду чӯбкадуи калонро, ки дар вақти оббозӣ онҳоро дар паҳлуи худ мебаст, гирифта бозгашта, ба канори ҷазира рафт. Дар он ҷо либосҳояшро аз тан кашида буғча кард, кадуҳоро дар зери бағалаш аз ду тараф баст ва буғчаро ба сараш банд карда, ба об фуромад. Дар андак фурсат моҳивор обро бурида, ба он тарафи об – ба пеши қаиқи худ гузашт.
Ҷавон кадуҳоро аз бағал кушода, дар даруни қаиқ гузошт ва буғчаро яла карда, либосҳояшро пӯшида, пайи падари гумгаштаи худро гирифта, ба роҳ даромад.
Ҷавон дар санглохҳо ва заминҳои сахт нақши пойи падари худро гум кард. Аммо баъди қадре пеш рафтан ва ҳар тарафро аз назар гузаронидан боз нишонаҳои пойро ёфта дар роҳи худ давом менамуд. Бар болои баландиҳо ва теппаҳое, ки дар роҳаш рост меомаданд, баромада ба ҳар тараф назар меандохт, ки шояд аз гумкардаи худ нишонае ёбад. Чун чизеро намедид, боз дар роҳи худ шитоб мекард.
Ҷавон, чунонки аз ҷазира аз падари худ хеле дер баромада буд, инчунин, дар роҳ ҳам барои пайковӣ хеле дер монд. Бо вуҷуди ин, паю почаи ҷавонӣ ба ӯ ёрӣ дод, ки дар нимрӯзӣ аз болои як баландӣ сиёҳии падари худро дида тавонад. Аммо ӯ падари худро дар вазъияте дид, ки шодии аз ёфтани мақсуд пайдошудаашро ташвиши он ҳолат барҳам дод: падарашро чандин савори мусаллаҳи муғул пеш андохта мебурданд.
Саворон Темурмаликро бурда, ба хонаи сиёҳе дароварданд. Дар пешгоҳи он хонаи сиёҳ Қатағанӯғлон ҷой гирифта буд ва дар гирдогирди хона қадре поёнтар аз сардор сарҳангони муғул менишастанд, ки ҳамаашон мусаллаҳ буда, дар пеши ҳар кас як камон бо як тиркаши пуртир гузошта шуда буд.
Ясавул аз бозуи Темурмалик дошта, ба ӯ фармуд, ки бо одати муғул зону зада, ба Қатағанӯғлон, ки сардори лашкар буд, таъзим ва эҳтиром намояд.
Темурмалик бо як ҷунбиши инодкорона бозуи худро аз панҷаи ясавул бароварда гуфт:
– Ман дар дунё ба касе таъзим нахоҳам кард!
Ясавул бо нигоҳи пурсиш ба Қатағанӯғлон чашм дӯхт, ки сардор дар ҳаққи ин «беодоб» чӣ мефармуда бошад.
Қатағанӯғлон ба ясавул нигоҳ карда гуфт:
– Зону заданаш лозим нест. Бигузор монанди як одами шубҳанок ба пурсишҳо рост истода ҷавоб диҳад.
Темурмалик мунтазири сухани ясавул нашуда, рост ба Қатағанӯғлон нигоҳ карда гуфт:
– Ман ҳеҷ гоҳ мисли як одами шубҳанок ё гунаҳкор рост истода ба пурсишҳо ҷавоб намедиҳам. Агар ту аз ман чизеро пурсидан ва ба пурсишҳои худ аз ман ҷавоб гирифтан хоҳӣ, роҳ деҳ, то ман дар ҷое нишинам, ки ба ман муносиб бошад. Баъд аз он аз ман ҳар чӣ мепурсида бошӣ, пурсидан гир! – Хуб, – гуфт Қатағанӯғлон, – ҳар ҷо, ки мехоҳӣ, бинишин, лекин ба пурсишҳо рост ва дуруст ҷавоб деҳ!
– Ман дар умри худ дурӯғ нагуфтаам, – гуфт Темурмалик ва рафта дар паҳлуи Қатағанӯғлон, ки сарҳангон барои эҳтироми сардори худ он ҷоро холӣ гузошта буданд, нишаст ва ба ӯ нигоҳ карда гуфт:
– Пурсидан гир!
– Ту Темурмалик нестӣ? – Қатағанӯғлон ба чашмони Темурмалик чашм дӯхта пурсид.
Темурмалик инкор карданро ба шаъну шарафи худ муносиб надида:
– Оре, ман ҳамон Темурмалики хуҷандиям, ки яккаву танҳо ҳазорҳо шумо барин чингизиёни хунхорро, чунон ки саги газандаро кушанд, куштаам! – гуфт.
Муғулҳо бо шунидани ин сухани Темурмалик ба ҷунбиш омаданд ва ҳамаашон шамшерҳояшонро аз ғилофҳо кашида, ба Қатағанӯғлон нигоҳ карда мунтазири фармони ӯ шуда истоданд.
Қатағанӯғлон бо чашмоне, ки аз оташи ғазаби ваҳшиёнааш шуълавар шуда буд, ба Темурмалик нигоҳ карда меистод. Ӯ дар ҷавоби ин сухани ҷонгудози Темурмалик ягон ҷавоби заҳрдор ёфта гуфта, баъд аз он ба қатлаш фармон доданӣ буд. Аммо дар муқобили ин сухани беҷавоби қаҳрамони халқи тоҷик ягон чизе ба хотири ваҳшии даранда намерасид.
Дар ҳамин вақт касе аз поёни хонаи сиёҳ овоз баровард. Ин кас як муғули пирсоли якчашма буд. Ӯ ба Темурмалик хитоб карда гуфт:
– Вақте ки дар майдони ҷанг озод будӣ ва бо як тири бепайкон чашми маро зада кӯр кардӣ, ин гуна лофзаниҳо ба ту мезебид. Акнун, ки ба дасти мо асир афтодаӣ, дасту поят аз замину осмон канда шудааст, ба чӣ ғарра шуда калонгапӣ ва даъвои баҳодурӣ мекунӣ?
Темурмалик бо шунидани ин суханҳо чолокона камону тирро аз пеши Қатағанӯғлон гирифта синаи он муғулро, ки чандин сол пеш аз ин чашми ӯро бароварда буд, нишон гирифт:
–Дар ҳолати асирӣ ҳам метавонам монанди ту чандин саги разилро ба ҷаҳаннам фиристонам! – гӯён тирро аз шаст раҳо кард ва муғули якчашма ба замин яксон шуд.
Муғулон шӯрида бо шамшерҳои луч аз ҷо бархостанд ва бо ишорати Қатағанӯғлон шамшерҳояшонро ба сари Темурмалик ҳавола карданд.
Темурмалик ҳам аз ҷо бархост ва асои дарвешияшро бар дами теғи муғулон сипар карда, табарзинро ба кор даровард. То захмҳои корӣ хӯрда ба замин ғалтидан чандин муғулро бо зарбаи табарзин ба замин хобонид.
Дар ҳамин вақт ҷавоне барқвор аз дари хонаи сиёҳ даромада, аз байни гурӯҳ ба худ роҳ кушода, ба Темурмалик наздик шуда дид, ки ӯ ғалтида ва дастии табарзин ҳанӯз дар дасташ аст. Ҷавон хам шуда табарзинро ба даст гирифту дар навбати аввал бо як зарба сари Қатағанӯғлонро монанди ошкадуи лухсида пош хӯронд ва баъд аз он ҷо бо зарбаҳои паёпай чандин муғулро аз по афтонд ва бо захмҳои гарон худаш ҳам ба болои мурдаи Темурмалик афтод.
Ин ҷавон писари Темурмалик буд.
Ҳамон рӯз ин фоҷиа дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он овоза шуда, калону хурд ба тазйиқу фишори маъмурони чағатойӣ нигоҳ накарда, ҷомаҳои сиёҳ пӯшида, миёнашонро аз рӯй баста, чунонки падарашон кушта шуда бошад, барои падари қаҳрамонашон – Темурмалик мотам гирифтанд. Аз ҳама зиёдтар ду пирамарде, ки аз содадилӣ сабаби фош гардидани сирри Темурмалик шуда буданд, мусибат ва ҳасрат мекашиданд. Ин ду пирамард боз якчанд касонро, ки аз ёсои (ҷазои) чингизиён наметарсиданд, ҳамроҳи худ гирифта, ба тарафи Консой рафта, қатлгоҳи Темурмаликро ёфтанд. Муғулон мурдаҳои худро бардошта, мурдаи Темурмалик ва писарашро дар он ҷо монда рафта буданд.
Хуҷандиён дар он ҷо ду қабр кофтанд ва мурдаҳоро монанди шаҳидшудагон ношуста бо либоси хунолудашон гӯрондан хостанд. Аммо бинобар эҳтиёт пеш аз гӯронидани мурдаҳо ҷайбу кисаҳои онҳоро кофта диданд, ки шояд васиятномае барояд.
Дар миёнбанди Темурмалик халтачае ёфтанд, ки дар вай як каф хок ва як пора коғази хатнок буд. Хатро хонда диданд, дар он ҷо чунин навишта шуда буд:
«Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгори Ватани азизи ман аст!».
Дар охири хат ин байт буд:
Атри кафан зи хоки ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!
Савол ва супориш
1. Темурмалик чаро сирри худро фош кард?
2. Рафтори писари Темурмалик дуруст буд?
3. Муроҷиати Темурмаликро аз асар ёбед ва ифоданок хонед.
4. Дар бораи хислат, рафтор, корнома, нотарсӣ, фидокорӣ ва ҷасурии Темурмалик иншо нависед.